Дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси нашрияи “Ҳақиқати Суғд” маросими рӯнамоии се китоби тозанашри шоир, рӯзноманигор, драматург ва мутарҷим, узви иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Тоҷикистон Сайидамин Ҷило баргузор гардид.
Ба хонандагон китобҳои «Каромоти Камол» (силсилаи драмаҳо), «Падари садҳо фарзанд» (маҷмуи осори публитсистӣ) ва «Атри гули санҷид» (маҷмуаи шеърҳо) муаррифӣ шуданд.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Аминҷон Шарифзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш таъкид намуд, ки нашри ҳамзамони се китоби нави Сайидамин Ҷило рӯйдоди назаррас дар фазои адабии кишвар буда, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон анҷом гирифтааст.
Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон Аҳмадҷони Раҳматзод аз фаъолияти чандинсолаи эҷодии Сайидамин Ҷило ёдовар шуда, саҳми ӯро дар рушди шеъри муосир, драматургия ва тарбияи эҷодкорони ҷавон муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, як қатор намояндагони соҳаҳои адабиёт, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма аз фаъолият ва шахсияти эҷодии адиб ёдовар шуда, нақши ӯро дар рушди адабиёт, театр ва матбуоти тоҷик арзишманд арзёбӣ карданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”