Оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи масти кордбадаст
Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ашт сокини ноҳияи Мастчоҳ Р. Масидиқовро бо гумони содир намудани ҷиноятӣ авбошӣ боздошт ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбаршаванда 31-уми июли соли 2026 дар корхонаи хиштбарорӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт даст ба чунин кирдори ҷиноятӣ задааст. Р. Масидиқов баъд аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ бо шаҳрванд Б.Усаров муноқиша карда, бо истифода аз корди хоҷагидорӣ ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбати гумонбар бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (авбошие, ки бо истифода аз силоҳ ё предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Завлона ба дасти роҳзане, ки дар гулуи шаҳрванд корд гузошт
Дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони милитсия ҳолати роҳзаниеро мавриди тафтишот қарор додаанд, ки дар содир намудани он А. Мирзоалиев, сокини Ҷамоати деҳоти Гулистони ҳамин ноҳия, гумонбар дониста мешавад.
Номбурда, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, 1-уми августи соли ҷорӣ бо ҳамроҳии Б. Меликов дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Эко-Ойл», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулистон, шаҳрванд Н. Бобоевро таҳдид намуда, бо гузоштани корд ба гулуяш тариқи зӯроварӣ 1 ҳазору 500 сомониашро тасарруф кардаанд.
Боздошти як чорводузд дар шаҳри Панҷакент
Сокини Ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Паҷакент С. Суюнов 23-юми июли соли ҷорӣ аз замини наздиҳавлигии сокини ҳамин шаҳр Д. Шодиева як сар чорвои калонро дуздида, ба дасти кормандони ҳифзи тартибот афтод.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, зарари расондашуда ба соҳиби чорво 12 ҳазор сомониро ташкил дода, феълан нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 солро пешбинӣ мекунад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”