Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ


Дар ҷаҳони имрӯзаи рушди босуръати техникаву технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ, дастрасӣ ба захираҳои энергетикӣ ва инфрасохтори рақамӣ ба омили асосии рақобатпазирии давлатҳо табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи ин тамоюлҳо, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи иқтисоди рақамӣ, «иқтисоди сабз» ва зеҳни сунъӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ таъкид доштанд: «Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имкон дорад эҳтиёҷоти марказҳои бузурги ҳисоббарории зеҳни сунъиро бо «барқи сабз» ва оби хунук таъмин созад». Дар фароварди ин сухан, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки доир ба таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата-марказҳо) чораҷӯйӣ намояд.
Марказҳои коркарди «маълумоти сабз» барои нигоҳдорӣ, коркард ва ҳифзи миқдори зиёди иттилоот пешбинӣ шудаанд. Барои Тоҷикистон ин гуна марказҳо аз ҷиҳати амнияти иттилоотӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва истифодаи неруи «барқи сабз»-и гидроэнергетикӣ манфиати стратегӣ доранд.
Тавре мушоҳида мешавад, имрӯз ташаккули фазои иттилоотии рақамӣ аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи рушди инноватсионии кишвар маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад, Ҳукумати мамлакат ҳанӯз соли 2022 Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро қабул карда, солҳои 2025 – 2030-ро м Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуд, ки ин иқдом заминаи ҳуқуқию ташкилии табдили рақамиро дар кишвар мустаҳкам кард. Ба ин раванд, ҳамчунин, Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мусоидат менамояд. Ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми сентябри соли 2024 дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ манзур шуда буд. Яке аз механизмҳои калидии Қатъномаи таърихӣ ин таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе барои ҳамоҳангсозии барномаҳои муштараки татбиқи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Фаъолияти Маркази мазкур амалисозии ташаббусҳоро оид ба омӯзиши мутахассисон, дастгирии стартапҳо, лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муҳимтар аз ҳама, таъсиси шабакаи марказҳои коркарди маълумотро суръат мебахшад.
Ниҳоят, авҷи ин таҳаввулот 25-уми июни соли 2025 бо ифтитоҳи нахустин маркази баҳисобгирии (дата-марказ) Darya AI ва технопарки Area AI дар ноҳияи Дарвоз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт. Маркази навтаъсис пояи асосии инфрасохтори миллии зеҳни сунъӣ буда, ин ибтикор ҷузъи таркибии стратегияи давлатӣ аст, ки барои то соли 2040 ба 5 фоиз расондани ҳиссаи зеҳни сунъӣ дар ММД-и кишвар нигаронда шудааст.
Мутахассисон иброз медоранд, ки кушодашавии маркази мазкур давраи нави рушди зеҳни сунъиро дар Тоҷикистон нишон медиҳад. Бино ба андешаи онҳо, Тоҷикистон бо иқтидори тавлиди неруи барқи обӣ дар як сол 60 ГВт, яке аз абарқудрати обӣ мебошад. Аз ин иқтидор, танҳо 5 фоиз истифода мешаваду халос. Истифодаи неруи барқи обӣ дар ҷаҳони муосир ғайр аз ниёзҳои саноатӣ ва маишӣ, татбиқи бузурги ҳисоббаробаркуниҳои зеҳни сунъиро низ дорад. Истифодаи неруи обӣ барои ҳисоббаробаркуниҳои зеҳни сунъӣ нисбат ба содироти одии ин энергия барои кишвар чандин маротиба фоидаовартар аст. Ин ҳамон намунаи содироти ашёи хом дар муқобили маҳсулоти ниҳоӣ мебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб, Darya AI барои ояндаи кишвар, бахусус дар даврони НБО «Роғун», аҳамияти стратегӣ дорад.
Хулоса, дар асри рақамисозии ҷаҳонӣ маълумот арзиши аз пештара дида бештар пайдо мекунад. Бо афзоиши талабот ба хизматрасониҳои гуногуни рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва нигоҳдории иттилоот, имрӯзҳо зарурат ба марказҳои коркарди маълумот бамаротиб афзудааст. Бинобар ин, иқдоми Пешвои миллат оид ба таъсиси маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» як дидгоҳи дурбинона ва стратегӣ мебошад. Бо истифода аз захираҳои бузурги обӣ ва неруи барқи тоза Тоҷикистон метавонад дар харитаи рақамии ҷаҳон ҷойгоҳи махсус пайдо намояд. Ин раванд на танҳо ба рушди иқтисодӣ такони ҷиддӣ мебахшад, балки Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафтаи технологӣ дар минтақа табдил дода, ояндаи дурахшони рақамиро барои наслҳои оянда таъмин менамояд.


Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»