![]()
ҲИФЗИ ТАЪРИХ КАФИЛИ ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ
«Миллате, ки таърихи худро мешиносад, ояндаи худро бо эътимод месозад». Ин андеша имрӯз барои мардуми Тоҷикистон аҳамияти хос дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи таърих, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар меҳвари ин сиёсати фарҳангсоз ва давлатсоз фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз бо ташаббус ва иродаи сиёсии ин абармарди таърих арзишҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, тамаддуни ориёӣ ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии давлатдорӣ ва фарҳанги тоҷикон мавқеи шоистаи худро касб намуд.
Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон бо хатари аз байн рафтани давлатдорӣ, парокандашавии миллат ва нобуд гардидани арзишҳои фарҳангӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо иқтисоди кишварро фалаҷ кард, балки ба ҳастии давлат ва ягонагии миллат таҳдид намуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифта, бо ҷасорати сиёсӣ ва хиради азалӣ тавонистанд сулҳу суботро дар кишвар барқарор созанд. Изҳороти таърихии Пешвои миллат дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки ваъда доданд «Ман ба шумо сулҳ меорам», ба рамзи эътимоди миллӣ табдил ёфт. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи нодири ҳалли низоъҳои дохилӣ эътироф менамояд. Бесабаб нест, ки «Формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон» аз ҷониби Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи арзишманд мавриди қадршиносӣ қарор гирифт.
Аммо рисолати таърихии Пешвои миллат танҳо ба барқарор намудани сулҳ маҳдуд намегардад. Пас аз таҳкими сулҳу ваҳдат марҳалаи нави давлатсозӣ оғоз гардид, ки меҳвари онро эҳёи худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таърихи пурифтихори тоҷикон ташкил медод. Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҳар миллат бо мероси моддӣ ва маънавии худ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳм мегузорад. Аз ин рӯ, омӯзиши таърихи миллат на танҳо барои дарки гузашта, балки барои сохтани ояндаи устувори давлат аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Яке аз бузургтарин хидматҳои Пешвои миллат эҳёи масъалаи тамаддуни ориёӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ мебошад. Агар тули даҳсолаҳо бар асари идеологияи даврони гузашта бисёр масъалаҳои марбут ба таърихи ориёиҳо таҳриф ё нодида гирифта мешуданд, пас маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон ин саҳифаҳои пурифтихори таърих дубора мавриди омӯзиши илмӣ қарор гирифтанд. Эълон гардидани соли 2006 ҳамчун Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ рӯйдоди муҳими таърихӣ буд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи илмии дохилӣ ва байналмилалиро ба омӯзиши нақши ориёиҳо дар рушди тамаддуни инсонӣ ҷалб намуд. Ин иқдом ҷаҳонбинии нави миллӣ ба вуҷуд оварда, дар таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон нақши муассир гузошт.
Пешвои миллат танҳо ташаббускори сиёсати фарҳангӣ нестанд, балки ҳамчун муҳаққиқ ва муаллифи осори арзишманди илмӣ низ саҳми назаррас доранд. Китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» имрӯз аз ҷумлаи муҳимтарин сарчашмаҳои омӯзиши таърихи давлатдорӣ ва фарҳанги тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Дар ин осор масъалаҳои пайдоиш ва рушди давлатҳои бузурги ориёӣ: Ҳахоманишиён, Ашкониён, Кӯшониён, Сосониён ва Ҳайтолиён дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ таҳлил гардида, саҳми онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо далелҳои илмӣ собит шудааст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуданд: «Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як халқу миллат бо офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад». Ин андеша имрӯз ба яке аз рукнҳои асосии сиёсати фарҳангии Тоҷикистон табдил ёфтааст, зеро худшиносии миллӣ аз шинохти таърих оғоз мешавад ва миллате, ки гузаштаи худро медонад, дар баробари таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ устувортар мемонад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 масъалаи ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ бори дигар ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ таъкид гардид. Бо дастури Пешвои миллат китобҳои безаволи «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ нашр гардида, ба ҳар оилаи мамлакат ройгон тақсим шуданд. Ин иқдоми бесобиқа барои баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад. Пешвои миллат дуруст таъкид намуданд: «Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад».
Солҳои охир Тоҷикистон дар самти ҳифзи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Соли 2025 ёздаҳ ёдгории Хутали Қадим ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд. Инчунин, шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардида, ЮНЕСКО баргузории ҷашни 1050-солагии Робиаи Балхиро пазируфт. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки мероси фарҳангии тоҷикон ҷузъи ҷудонашавандаи тамаддуни башарӣ мебошад.
Аз ҷумлаи муҳимтарин иқдомҳои солҳои охир дастури Пешвои миллат оид ба бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе мебошад. Онҳо муҳаққиқон, таърихшиносон ва фарҳангшиносони дохилу хориҷиро барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи ориёиҳо муттаҳид намуда, ба муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар сиёсати Пешвои миллат эҳёи тамаддуни ориёӣ бо эҳёи арзишҳои миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон дубора эҳё гардида, ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуданд. Ҷашнҳои 5500-солагии Саразм, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 2700-солагии Кӯлоб, бузургдошти Имоми Аъзам ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон хидмат карданд. Ин чорабиниҳо собит намуданд, ки тоҷикон меросбарони тамаддуни куҳанбунёд буда, дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ба рушди илми таърих ва бостоншиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Бо дастгирии давлат ҳафриёти бостоншиносӣ, таҳқиқоти илмӣ ва нашри осори таърихӣ густариш ёфта, саҳифаҳои тираи таърихи миллат, тадриҷан, рӯшан мегарданд. Имрӯз муҳаққиқон дар асоси далелҳои илмӣ масъалаҳои баҳсноки таърихи ориёиҳоро таҳқиқ намуда, ҳақиқати таърихиро муаррифӣ мекунанд. Ин сиёсат барои пешгирии таҳрифи таърих ва ҳифзи мероси фарҳангии миллат аҳамияти бузург дорад.
Имрӯз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар радифи чеҳраҳои барҷастаи давлатдории тоҷикон қарор гирифтааст. Ӯ на танҳо сулҳу ваҳдатро барқарор намуд, балки пояҳои давлатдории муосир, худшиносии миллӣ ва эҳёи фарҳанги ориёиро низ таҳким бахшид. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат аз кишвари ҷангзада ба давлати соҳибэътибори байналмилалӣ табдил ёфт, ки дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ – аз дипломатияи об то ҳифзи пиряхҳо – ташаббускор мебошад.
Ба шарофати сулҳу субот, эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди илм, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии таърихи тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ, пояҳои худшиносии миллӣ боз ҳам устувор гардиданд. Ин сиёсати фарҳангпарварона на танҳо барои имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ аҳамияти бузург дошта, Тоҷикистонро ҳамчун вориси ҳақиқии тамаддуни ориёӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Воқеан, миллате, ки таърихи худро гиромӣ медорад, ояндаи худро бо итминон месозад. Эмомалӣ Раҳмон бо эҳёи тамаддуни ориёӣ, ҳифзи мероси ниёгон ва таҳкими худшиносии миллӣ барои тоҷикон на танҳо гузаштаи пуршарафро эҳё намуданд, балки роҳи рушди ояндаи давлат ва миллатро низ равшан сохтанд. Ин рисолати таърихӣ дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд.
Сайдулло ХАЙРУЛЛОЕВ,
раиси раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ