Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


КӮЛОБ
“Элдорадо” ва “Ваҳдат текстайл” ба кор шуруъ карданд
“Дар нимсолаи якуми соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб 275,5 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 46,2 миллион сомонӣ зиёд буда, 120 дарсади нақшаро дар бар мегирад. Ҳамзамон, дар соли равон ҶДММ “Элдорадо” ва ҶДММ “Ваҳдат текстайл” ба кор шуруъ намуданд ва 100 нафар сокини шаҳр дар филиали ҶДММ “Ваҳдат текстайл” бо ҷойи кор таъмин гардид. Бояд гуфт, ки дар 6 моҳи соли равон дар соҳаи иқтисодиёт 1318 ҷойи нави кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд”, - иброз дошт Пирзода Диловар, раиси шаҳри Кӯлоб, зимни нишасти хабарӣ.
Зикр гашт, ки шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ба 79 адад расида, зиёда аз 90 номгӯй маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳамин аст, ки дар нимсола нақшаи андозҳои давлатӣ 104,3 дарсад иҷро гардид. Кишоварзон дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 524 миллиону 85 ҳазор сомонӣ маҳсулот рӯёнданд, ки дар қиёс ба соли рафта 49 миллиону 715 ҳазор сомонӣ зиёд аст.


Суннати СОДИҚ


ГУЛИСТОН
Кормандони соҳаи саноат 93 номгӯй маҳсулот истеҳсол карданд
Дар шаҳри Гулистон нишасти матбуотии раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Таъкид гашт, ки корхонаҳои Гулистон 93 номгӯй маҳсулот истеҳсол карданд. Нақшаи қисми даромади буҷет бе дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 112 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 73 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 7,6 миллион сомонӣ бештар мебошад. Дар шаҳр татбиқи чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 135 миллион доллари ИМА идома дошта, то имрӯз 121,5 миллион доллар ё 90 фоизи маблағи пешбинишуда аз худ шудааст.
Ҳамчунин, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 291 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд, ки аз нақшаи пешбинишуда бештар мебошад.
Рӯзноманигорон вобаста ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, саноат, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ободонии шаҳр, истеҳсоли моҳӣ ва неруи барқ, вазъи ҷинояткорӣ, қарздорӣ аз андоз ва дигар масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ саволҳо пешниҳод намуда, аз роҳбарияти шаҳр посухҳои мукаммал гирифтанд.


Сурайё ҲАКИМОВА


ДДҲБСТ
Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ – дастоварди муҳими сол
Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) Шероз Муминзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дастовардҳои назаррас дар самтҳои таълим, илм ва рақамикунонӣ ба даст омадаанд.
– Рӯйдоди муҳимтарини ин давра ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳ ва ифтитоҳи Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ аст, – тазаккур дод ректор. – Марказ имрӯз ба яке аз муассисаҳои муҳими таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Ҳамчунин, дар Донишгоҳ факултети нави филология – педагогика таъсис дода шуд, ки барои густариши имкониятҳои таҳсил ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ аҳамияти калон дорад.
Донишгоҳ се шаҳодатномаи ихтироъ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба даст овард: модули шинохти чеҳра барои баргузории имтиҳонҳои онлайн, платформаи иттилоотию таълимии “AI-eduPro.tj” ва платформаи зеҳни сунъии “Dono.ai”.


Сурайё ҲАКИМОВА