Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. БОЗ ЯК ТАШАББУСИ МОНДАГОР ДАР РОҲИ ТАЪМИНИ СУЛҲИ БАШАРИЯТ


Қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036 на танҳо гувоҳи эътирофи байналмилалии сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва созандаи Тоҷикистон аст, балки бори дигар собит месозад, ки кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз марказҳои асосии падид омадани ташаббусҳои глобалӣ дар ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.
Дар шароите ки сайёра бо буҳронҳои шадиди геополитикӣ, низоъҳои мусал-лаҳона ва таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ аст, ин ташаббуси Тоҷикистон чун паёми наҷот ва дастури амал барои суботи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
Агар ба таърихи дипломатияи муосири кишвар назар андозем, Тоҷикистон бештар чун пешсафи масъалаҳои глобалии об ва иқлим шинохта мешуд. Аммо қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036 нишон медиҳад, ки доираи ташаббусҳои стратегии давлати мо ба таври куллӣ васеъ гардида, муҳимтарин ва ҳаётитарин масъалаи башарият – сулҳу амниятро фаро гирифтааст.
Давлате, ки худ солҳои 90-уми асри гузашта оқибатҳои фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар карда, бо формулаи беназири сулҳу ваҳдати миллӣ ба созиш расид, имрӯз ҳуқуқи маънавию сиёсӣ дорад, ки ба ҷаҳониён дарси сулҳ ва ҳамзистии осоиштаро омӯзад.
Ин Қатънома танҳо барои ҳалли мушкилоти имрӯза нест. Муҳлати иҷрои он (солҳои 2027–2036) нишон медиҳад, ки ҳадафи асосӣ – гузоштани таҳкурсии мустаҳками амниятӣ барои насли ҷавон ва ояндасози сайёра мебошад, то онҳо дар муҳити холӣ аз ҷангу хушунат ба воя расанд.
Қатънома кишварҳои ҷаҳонро вазифадор мекунад, ки ба ҷойи истифодаи қувва ва таҳдид, ба воситаҳои дипломатӣ, муколамаи тамаддунҳо ва эҳтироми ҳамдигар устувор бошанд.
Хуллас, Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди ин ҳуҷҷат нишон дод, ки на танҳо дар фикри амнияти дохиливу минтақавии худ аст, балки ба тақдири тамоми башарият бетараф нест. Ин иқдом нуфузи сиёсии кишварро дар арсаи байналмилалӣ ба зинаи сифатан нав бардошта, Тоҷикистонро чун кишвари тавлидкунандаи ғояҳои сулҳхоҳона машҳур гардонд.
Акнун вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст, махсусан аҳли зиё ва ҷавонон аз он иборат аст, ки моҳияти ин ташаббуси бузургро дарк намуда, дар тарғиби фарҳанги сулҳхоҳӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон саҳми арзандаи худро гузоранд. Сулҳе, ки имрӯз Тоҷикистон ба ҷаҳон пешниҳод мекунад, кафолати ҳаёти осоишта ва дурахшони наслҳои оянда аст.


Муртазо РАҲМОНЗОДА,
прокурори ноҳияи Лахш