Баргашт Чоп кардан

МАН ИФТИХОР МЕКУНАМ, КИ ТОҶИКАМ


ДАРКИ АСЛИИ ИСТИҚЛОЛ БОЯД ҲАМИН БОШАД
Соли 1991 барои халқи тоҷик на танҳо саҳифаи нави таърих гардид, балки роҳи навро ба сӯйи худшиносии миллӣ, ободкорӣ ва созандагӣ ҳамвор кард. Истиқлоли давлатӣ на танҳо як падидаи сиёсӣ буд, балки рамзи бозгашти миллати куҳанбунёди тоҷик ба давлатдорӣ маҳсуб меёфт.
Дар арафаи 35-солагии ин рӯзи таърихӣ, ҳар як сокини Тоҷикистон бо ифтихор ба гузаштаи пурғановат ва ояндаи дурахшони кишвар менигарад.
Роҳи ба даст овардани истиқлол ҳамвор набуд. Солҳои аввал халқи тоҷик ба моҷароҳои мураккаби сиёсӣ дучор омад ва ин марҳаларо хуб озмуду сарбаландона аз он гузашт. Нооромиҳои дохилӣ душвориҳои иқтисодӣ ва хатари пош хӯрдани миллатро пеш оварда буданд. Дар ин лаҳзаҳои муҳим хирад ва дурандешии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ояндаро рӯшан кард. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар соли 1997 на танҳо ҷанги таҳмилии бародаркушро хотима бахшид, балки заминаи мустаҳками ваҳдати миллиро гузошт, ки то имрӯз сутуни асосии давлатдории мо боқӣ мондааст.
Дар маҷмуъ, тули се даҳсола Тоҷикистон чанд марҳалаи рушдро тай намуд. Соҳаи иқтисод аз вобастагӣ ба воридот рӯй ба истеҳсоли дохилӣ овард. Бунёди неругоҳҳои бузург, роҳу нақбҳои нав кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, имконоти нави фаъолияти корхонаҳоро фароҳам овард. Бозсозии фарҳанги миллӣ низ аз дастовардҳои бузургтарини замони истиқлол мебошад. Забони тоҷикӣ – мероси гаронбаҳои ниёгон, ки асрҳо зери фишори бегонагон қарор дошт, мақоми баландтарро соҳиб гардид ва имрӯз ҳамчун ҳувияти аслии миллат дониста мешавад. Дигар соҳаҳо низ батадриҷ эҳё ва рушд карда, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари рӯ ба рушд шинохта шуд.
Иқдомҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар роҳи шинохти миллӣ роҳандозӣ шуданд, воқеан сутуданӣ ҳастанд. Баъзан чунин ҳиссиёт моро фаро мегирад, ки гӯё Тоҷикистон аз ҳамон асрҳои 5-6 вуҷуд дорад ва мо ҳеҷ вақт бедавлат набудем. Яъне, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин 35 сол корҳоеро ба субут расонданд, ки шояд дар садсолаҳо амалӣ карданашон номумкин буд.
Ҳамчун омӯзгор ман ин ҳама ғамхории Роҳбари давлатро дида, барои тарбияи насли ватандӯсту бомаърифат ва содиқ ба арзишҳои миллӣ дар назди худ масъулият мегузорам. Ҳар рӯз ҳангоми дарс ба хонандагон аз таърихи пурифтихори миллат, аз заҳтмати бузургон ва аз қадру қимати истиқлол мегӯям. Ин дарки аслии истиқлол аст: “Ман ифтихор мекунам, ки тоҷик ҳастам”.
Солҳои охир ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, дар деҳоту маҳаллаҳо корҳои ободониву созандагӣ авҷ гирифтаанд. Дар пайравӣ ба Президенти диёр ҳар нафар мехоҳад дар рушду ободии диёр саҳме гузорад. Аз ҷумла, соли гузашта ҷавонони бонангу номуси деҳаҳои Ҳайдаробод ва Ҷартеппаи Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат чор синфхонаи иловагӣ бино намуданд. Дар кори хайр бародарон Фатҳиддин ва Қурбон Ҳайдарзодаҳо, Абубакр Шарифов аз деҳаи Ҳайдаробод саҳми арзишманд гузоштанд.
Ин ҳама муттаҳидӣ ва дастовардҳо натиҷаи ваҳдати миллӣ ва иродаи қавии халқест, ки соҳибистиқлол мебошад. Истиқлол танҳо як рӯз дар тақвим нест, он тарзи зиндагии озодона бо оини худ ва роҳи интихоби миллат барои худшиносӣ, худбаёнӣ ва ифтихор аз гузаштаи беҳамтост.


Баҳригул НАЗАРОВА,
омӯзгори МТМУ №106-и
шаҳри Ваҳдат