Баргашт Чоп кардан

ПАНҶ. ОБОДКОРӢ БА ШИОРИ МАРДУМӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ, соҳибкорону сармоягузорон ва мардуми заҳматкаш бо дарки масъулияти баланд саҳми худро дар раванди омодагӣ ба Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузоранд. Ин раванд идомаи мантиқии сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти кишвар буда, ба ободии ҳар ҷамоату маҳалла равона шудааст.

Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Вахёи ноҳияи Панҷ бо ташаббус ва саҳми сокинони маҳал сохтмони бинои нави иловагии дуошёна идома дорад. Бино дорои 8 синфхона буда, барои 384 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад. Арзиши умумии корҳои сохтмонӣ 1,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. То имрӯз корҳои сохтмонии ошёнаи якум пурра ба охир расида, бинокорон ба бунёди ошёнаи дуюм машғуланд. 


Инчунин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинони маҳал навсозии пули мошингузари деҳаи Шоҳмоти деҳоти Озодагон идома дорад. Корҳои сохтмонӣ мувофиқи нақша ба роҳ монда шуда, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Навсозии пул ба беҳтар гардидани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт, осон шудани рафтуомади аҳолӣ ва таҳкими робитаи байни маҳалҳои аҳолинишин мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, асфалтпӯшкунӣ ва навсозии роҳи аҳамияти маҳаллидоштаи деҳаи Кабутоб дар масофаи 2 километр амалӣ мегардад. Корҳои навсозии роҳ соли равон оғоз гардида, то имрӯз марҳалаи тахту ҳамворкунии роҳ ба анҷом расидааст. Дар марҳалаи минбаъда асфалтпӯшкунӣ ва дигар корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи техникӣ идома хоҳанд ёфт. Барои татбиқи лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ соҳибкорони ватандӯст ва сокинони маҳал беш аз 1 миллион сомонӣ ҷамъ карданд. Иқдоми мазкур намунаи ҳамкории самарабахши мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва аҳолӣ дар ободонии маҳал ва рушди инфрасохтор арзёбӣ мегардад.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”