Баргашт Чоп кардан

БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”


РУҶУИ ХАЛҚ
Ба Пешвои миллат


Ҳамчун ҳумой бар сари мо сояи Шумо,
Пайғоми ишқ мерасад чун ояи Шумо.


Ҷуз меҳру ҷуз муҳаббату ҷуз меҳрубониҳо,
Сулҳ асту ваҳдату сафо сармояи Шумо.


Нурест чун таҷаллии имону эътиқод,
Дар фикру дар тасаввуру дар мояи шумо.


Симурғвор пар кашӣ бар соҳати Ватан,
Дигар кӣ аст ҳампару ҳампояи Шумо?!


Мисли китоби "Тоҷикон", шаҳномае дигар,
Сабзидааст ин Ватан аз ғояи Шумо.


ОВОИ ДИЛ
Мурғи Хуршед зи шонаи Помир
Нур бахшад ба кишвари тоҷик.


Эй нигоҳи ту офтобитар
Равшанибахши пайкари тоҷик.


Эй, ки ҳасти чу Рустами Дастон,
Дар ғаму шодӣ дар бари тоҷик.


Бо Фаридуну парчами Кова,
Қад алам карда бовари тоҷик.


Бо Куруши Кабир то имрӯз,
Ҳифз кардӣ ту афсари тоҷик.


Зинда кардӣ ту ҷашну шодиро,
Майгусорӣ ба соғари тоҷик.


Он, ки Тир асту Меҳргони мост,
Файзу эҳсон ба Ховари тоҷик.


Он сияҳрӯз шодрӯзӣ шуд,
З – он ки гашти ту довари тоҷик.


То ба Наврӯз ҳам расид ин халқ,
То ба Наврӯзи Сарвари тоҷик.


Шод бошу бизӣ ҳазорон сол,
Дар дилу ҷону дар бари тоҷик.


Пешвои муаззами миллат,
То ҷаҳон аст, раҳбари тоҷик!
ВОРИС, шоир,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


ЗИНДА БОДО, ОН КИ КАРД ЭҶОДИ ИСТИҚЛОЛ!
Муҳташам шуд аср бо имдоди истиқлол,
Нек бодо, ҳамватан, милоди истиқлол.


Ҳарчи дар дасти хазону бод буд, омад,
Дар саҳаргоҳе ба як фарёди истиқлол.


Эй Ватан, эй таҳниятободи озодӣ,
Зинда бодо, он ки кард эҷоди истиқлол.


Омаду андешаҳоро бар низом овард,
Растагору ҳодии озоди истиқлол.


З-осмон истора мегирем бе рухсат,
Мо ба дастони зиёбунёди истиқлол.


Раҳгузоре сӯи фарвардини зебоист,
Аз ҳамин раҳ бигзаред, авлоди истиқлол.


Баски подоши ҳама хуни шаҳидон аст,
Бо тамоми дил расам бар доди истиқлол.


Иртиботи мо ба дунёву самову ӯст,
Иртиботи ҷовидонободи истиқлол.


САРВОЖАИ ҲАМОСАИ МЕҲР
Пушти баҳор боз баҳор аст, эй Ватан,
Вақте ки сулҳу сабру қарор аст, эй Ватан.


Вақте ки то ҳамешаи оганда аз сабоҳ
Қадри ту офтобсавор аст, эй Ватан.


Сарвожаи ҳамосаи меҳрӣ, ки номи ту
Вирди забони боғу ҳазор аст, эй Ватан.


Пайдо нагаштаем дар оинаҳои ғайр,
Бе рӯи ту ҷаҳон шаби тор аст, эй Ватан.


Имсол соли гул шуду бо савти орзу
Ҳар ғунчае кушоиши кор аст, эй Ватан.


Исми ту қатра-қатраи борони фасли сабз
Дар тоҷҳои сунбулазор аст, эй Ватан.


Роҳи биҳишт сар шавад аз қуллаҳои ту,
Пушти баҳор боз баҳор аст, эй Ватан!


ЗОДГОҲИ ҲАМА НУРҲОИ ДУНЁӢ
Ту рӯшанойии афкори сулҳпаймоӣ,
Ба зеҳну дидаи пӯшида низ пайдоӣ.


Туӣ тасаллии Парвардигори оламҳо,
Ба рӯи саҳнаи дунё намоди фардоӣ.


Мисоли сулҳ ба пероҳани кабӯтариӣ,
Ба рағми ҷанг самандарбисоту яктоӣ.


Фурудгоҳ ба чатри наҷоти шамси зарин,
Шукӯҳи нуктаи парвозҳои зебоӣ.


Ба зери нури ту чизе намешавад пинҳон,
Ватан, ту оинаи орзуву руъёӣ.


Ту хатти рӯшани фаввораҳои рангу садо,
Ту инфиҷори ҳама мушаки таманноӣ.


Ба рӯи Роғун агар пилтаи чароғи маҳ аст,
Ту зодгоҳи ҳама нурҳои дунёӣ.


Ватан, барои ту коре накардаам, афсус,
Бибахш, модари ҷонрӯидасти митроӣ.


Манам таронасаро дар баробари дарё,
Ту дар баробари ҷонӣ, ту дар дилам ҷойӣ.


Гулноз ТОҲИРИЁН,
шоир, барандаи Ҷоизаи адабии
ба номи Мирзо Турсунзода