Баргашт Чоп кардан

АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ. ДАР ОМӮЗИШИ БЕШТАРИ ОСОРИ НИЁГОН САҲЛАНГОРӢ НАБОЯД КАРД


Соли 1988, ҳини бозгашт аз осоишгоҳи Роза Люксембурги Қрим, дар ҳавопаймо тасодуфан рӯзномае бо забони русӣ ба дастам расид, ки дар бораи пойтахти Муғулистон – Улан-Батор ва китобхонаи миллии он хабаре ба нашр расондааст, ки тахминан дар он чунин нигошта шуда буд: «Дар китобхонаи мазкур зиёда аз 1 миллион варақа бо дастхати форсӣ нигаҳдорӣ шудааст, ки дар миёни онон аҷаб нест китоб ё порчаҳо аз ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфуз бошанд».
Ҳатто таъкид гардида буд, ки, агар олимони Тоҷикистон аз ин китобхона боздид кунанд, дар бораи Рӯдакӣ ва дигар адибони қарнҳои гузашта маълумоти муҳиму арзишмандро пайдо хоҳанд кард. Метавон ҳадс зад, ки пас аз истилои Осиёи Миёна аз тарафи Чингизхон дар қатори дигар ғаниматҳо девони ашъори Одамушшуаро Рӯдакиро низ бо худ бурда бошанд. Мутаассифона, то имрӯз таваҷҷуҳи хосе ба ин мавзуъ зоҳир нашудааст.
Бояд тазаккур дод, ки 11-уми сентябри соли 2014 Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбэгдорж дар мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: «Олимону таърихнигорони ду кишвар бояд имкони дастрасӣ ва кор дар бойгониҳои ҳамдигарро дошта бошанд, зеро дар онҳо масъалаҳои ҳанӯз наомӯхтаи таърихи асрҳои миёна зиёданд».
Баъди ин мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба ба Муғулистон сафари давлатӣ карданд. Сафари дуюмашон бо даъвати Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух рӯзҳои 20-22-юми июли соли равон ба амал омад. Дар ин боздид дар бораи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон изҳороти муштарак карда шуд. Дар он 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро байни осорхонаҳои миллии ду кишвар тавассути омӯзиш ва муайян кардани сарчашмаҳои таърихӣ, ҳуҷҷат ва ёдгориҳои марбут ба мероси нодири таърихию фарҳангӣ анҷом додани таҳқиқоти муштарак оид ба мероси ғайримодии фарҳангӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак густариш диҳанд.
Роҳбари давлат ба Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон 21-уми июл ташриф оварданд. Осорхона дорои зиёда аз 10 400 намоишгоҳи фарҳангӣ буда, дар онҳо ашёҳои антиқа ва бостоншиносии тааллуқ ба асри XIII мавҷуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки соли 2016 роҷеъ ба осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад дар робита ба гуфтаҳои боло дар мақолаи хеш «Рӯдакишиносӣ дар даврони истиқлол» (маҷаллаи «Адаб» №3, 2016) чунин ибрози назар кард: «Тавре мебинем, дар давраи истиқлол дар рӯдакишиносӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Вале, ба назари мо, ин барои шинохти воқеии Одамушшуаро Рӯдакӣ басанда нест. Мо бояд, пеш аз ҳама, китобхонаҳои олам, бахусус Ҳинду Покистон, Туркияву Муғулистонро, ба таври ҷиддӣ омӯхта, ашъори парешони шоирро ҷамъоварӣ кунем… Бо мақсади густариши корҳои ҷамъоварӣ таъсиси як маркази илмии байналмилалии рӯдакишиносӣ зарур аст».
Ҳамчунин, дар шумораи мазкури маҷаллаи "Адаб" мақолаи доктори илмҳои филология Субҳон Амирзода таҳти унвони «Шоире, ки бақои исми ҷовидонӣ дорад» ба нашр расид, дар он бо таассуф чунин навишта шуда буд: «…сабаби ҳодисаи шигифтангези дар муддатзамони андак (се қарн) несту нобуд шудани маҷмуаи азиме аз осори беназири Рӯдакӣ дар чӣ бошад? Аз миён рафтани маҷмуаи осори гаронмояи устод Рӯдакӣ, чунонки бархе аз пажӯҳишгарон гумон задаанд, тасодуфи замон набуда, маҳз амали зишти ҳамон исломгароёни мутаассиби ифротӣ ва нохушнуд аз вуҷуди давлати соҳибистиқлоли миллатгаро буд».
Андешаҳои фавқ моро ба хулоса меоранд, ки шояд дар радифи ашъори Рӯдакӣ осори ҳамасрони ӯ низ ба чунин сарнавишти талх гирифтор шуда бошанд.
Воқеан, хабари мазкур замоне рӯйи чоп омада буд, ки вазъияти кишвари мо муташанниҷ буд. Хушбахтона, имрӯз дар Тоҷикистони азиз сулҳу дӯстӣ ҳукмрон асту сол ба сол аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд мекунад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки дар пайи иҷрои ин амали нек камари ҳиммат баста, осори китобхонаҳои кишварҳои гуногун, амсоли Муғулистон, Бритониё, Ҳинду Покистонро мавриди омӯзиш қарор диҳем.


Хайруллоҳи РАҲИМ,
Аълочии маорифи Тоҷикистон