Баргашт Чоп кардан

ГАНҶИНАҲОИ ДИЁРИ ЗЕБОМАНЗАРИ БАЛҶУВОН


Ноҳияи Балҷувон на танҳо бо табиати нотакрору афсонавӣ, кӯҳҳои сарбафалаккашида, водиҳои сарсабзу фарох, рӯдҳои шӯхи кӯҳӣ, чашмаҳои софу зулол, балки бо таъриху фарҳанги куҳан, мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавозаш машҳур аст.
Сафари хидматӣ имкон фароҳам овард, ки бо вазъи воқеӣ ва дурнамои фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, дастаю чеҳраҳои ҷавони ҳунарӣ, касбу ҳунарҳои суннатии диёри зебоманзари Балҷувон аз наздик шинос шавем.
Дар ноҳия имрӯз ганҷинаҳои бебаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла осорхонаи таърихию кишваршиносӣ, маркази таърихию фарҳангии “Балҷувон”, китобхона, қасри фарҳанг, боғи фарҳангию фароғатӣ ва мактаби ҳунарӣ, талаботи маънавии аҳолиро қонеъ гардонда, дар ташкили фароғати мардум, дастгирии ташаббусҳои ҷавонони эҷодкор саҳми босазои худро мегузоранд.
Яке аз афзалиятҳои муассисаҳои фарҳангии ин диёр дар он аст, ки онҳо бо мутахассисони ҷавону боистеъдоди хатмкунандагони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов таъмин шудаанд.
Тарғибгари суруду тарона ва оҳангҳои мардумӣ ансамбли тарона ва рақси “Ҷавонӣ”-и қасри фарҳанг бо ҳунармандони ҷавону болаёқаташ Музаффар Давлатов, Сафаргул Каримова, Музаффариддин Алиев, Рисолати Абдулло, Абдуҷаббор Ҷалилов, Абдуҳаким Ғаффорзода бо барномаҳои ҷаззобу рангин дар гӯшаю канори ноҳия ва вилоят баромад намуда, сазовори таҳсини дӯстдорони мусиқӣ гардидаанд.
Овозхони ансамбл Сиёвуш Холов, ғолиби даврҳои ноҳиявӣ ва вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, дар номинатсияи сарояндагӣ бо иҷрои суруди “Ватан”, шеъри Ҷиёнхон Ризо, оҳанги Усмон Ҳайдар барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст. Суруду тарона, мусиқии ин ҷавонони эҷодкор дар студияи сабти овози қасри фарҳанг аз тарафи коргардони студия, сарояндаи хушовоз Орзу Абдуллоев сабт мешавад.
Бо ибтикори бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон таъсиси ёфтани мактаби ҳунарӣ ва дар он ташкил намудани ихтисосҳои рассомӣ, тарроҳӣ, наққошӣ, бофандагӣ, қӯроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, гулбурӣ, рафидадӯзӣ, тоқидӯзӣ, дӯзандагӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ як амали нек аст.
Директори мактаби ҳунарӣ Наимҷон Воҳидов гуфт, ки бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, дар мактаб имрӯз 150 хонанда таҳсил мекунад, ки аз ин шумора 100 нафараш бонувон мебошанд. Бо тайёр намудани ҳунармандони мардумӣ мо иқдом гирифтаем, ки занону духтарони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин созем.


Фазлиддин ҒУЛОМОВ,
ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии
Вазорати фарҳанг