![]()
Флоренсия, соли 1476.
Субҳи барвақт. Шаҳр ҳанӯз дар хоб аст, аммо дар яке аз кӯчаҳои танги назди устохонаи устод Веррокко ҷавоне бо қомати баланд, мӯйҳои заррин ва нигоҳи бениҳоят кунҷков роҳ меравад. Донаҳои борон рӯяшро навозиш мекунанд ва ӯ ҳам пилк намезанад. Дар дасташ дафтари хурди ёддоштҳо асту дар хаёлаш тамоми коинот.
Ӯ ба парвози парандае дар осмон менигарад. Вонамуд мекунад, ки роҳ меравад, аммо дар асл сохтори болҳои паранда, таносуби ҳаракати ҳаво ва тарҳи боли маснуии ояндаро дар зеҳнаш мекашад.
Ин ҷавон Леонардо да Винчи буд.
Вақте номи ин нобиғаро мешунавем, нахуст, табассуми асроромези «Мона Лиза» пеши назарамон ҷилвагар мешавад. Аммо Леонардо да Винчи танҳо рассом набуд. Ӯ сохтори мураккаби бадани инсонро бо дақиқӣ меомӯхт, тарҳҳои мошинҳое мекашид, ки аз замони худ садсолаҳо пештар буданд ва тамоми умр барои дарки қонунҳои табиат ва кашфи асрори олам талош мекард.
Қиссаи зиндагии Леонардо аз як воқеаи ғайриодӣ оғоз ёфт. Ӯ 15-уми апрели соли 1452 дар деҳаи хурди Винчи (Италия) ба дунё омад. Фарзанди сарватманд Сер Пйеро да Винчи ва Катерина, ки аз Қафқоз дуздида, дар Италия фурӯхта шудаву дар хоҷагии фермери флоренсӣ ҳамчун ғулом зиндагӣ мекард, мебошад. Вале волидони ӯ расман никоҳ надоштанд. Дар он замон таваллуди фарзанди беникоҳ аз ҷониби ҷомеа ва калисо сахт маҳкум мешуд. Чун падараш ӯро ҳамчун фарзанд қабул накард, барои Леонардои бенасаб ин маънои онро дошт, ки аз ҳуқуқҳои омӯзиши хатту савод ва илм маҳрум буд. Маҳз ҳамин мақомаш, ки монеи таҳсили расмӣ дар донишгоҳҳо ва омӯхтани забони лотинӣ гардид, ӯро соҳиби бузургтарин устод – табиат кард.
Аз овони кӯдакӣ Леонардо бо кунҷковии бепоён фарқ мекард. Ӯ ба ҳама чиз таваҷҷуҳ дошт: ҳаракати об, парвози парандагон, сохтори гиёҳҳо, кори мушакҳои инсон ва ҳатто чеҳраю эҳсосоти одамон. Гуфта мешавад, ки ӯ метавонист соатҳо дар кӯчаҳои Флоренсия мардумро мушоҳида кунад, чеҳраҳои ғайриодӣ ва эҳсосоти онҳоро дар хотир нигоҳ дорад ва баъдан дар офаридаҳои худ истифода барад.
Шоҳкории санъати рассомии ӯ «Мона Лиза» ё «Ҷоконда», машҳуртарин мусаввара дар ҷаҳон, мебошад. Леонардо онро тақрибан солҳои 1503 – 1506 оғоз намуда, то охири умраш пайваста такмил медод ва ҳатто ҳангоми сафар ба Фаронса онро ҳамроҳи худ бурд. Сирри ин асар дар он аст, ки табассуми асроромези зан гӯё вобаста ба кунҷи нигоҳ ва рӯшноӣ тағйир меёбад. Ин таъсир ба шарофати техникаи нодири «сфумато» ба вуҷуд омадааст, ки дар он гузариши рӯшноӣ ва соя чунон нарм аст, ки хатҳои дақиқ қариб дида намешаванд. Имрӯз «Мона Лиза» дар Осорхонаи Луври Фаронса нигоҳдорӣ мешавад ва ҳар сол миллионҳо нафар аз саросари ҷаҳон барои тамошои он меоянд. Ин мусаввара ба рамзи нобиғагии Леонардо ва яке аз арзишмандтарин меросҳои фарҳангии инсоният табдил ёфтааст.
Барои фаҳмидани сохтори бадани инсон ва бо дақиқии комил тасвир кардани онҳо Леонардо пинҳонӣ шабҳоро дар сардхонаҳои нимторики беморхонаҳо мегузаронд. Дар зери нури як шамъ ва бӯйи тунду даҳшатовар, ӯ ҷасади инсонҳоро ташреҳ карда, мушакҳо, рагҳо, дил ва устухонҳоро меомӯхт. Дар натиҷа, садҳо расми дақиқи анатомӣ офарид. Мушоҳидаҳои анатомии ӯ соҳаи тибро 300 сол пеш бурданд!
Яке аз чунин бозёфтҳои илмии ӯ машҳуртарин расми ӯ «Инсони витрувианӣ» (Vitruvian Man) мебошад, ки соли 1490 офарида шудааст. Дар ин тасвир Леонардо таносуби идеалии бадани инсонро бо такя ба навиштаҳои меъмори Рими Қадим Витрувий нишон додааст. Ӯ исбот кардааст, ки ҷисми инсон метавонад ҳам дар дохили доира ва ҳам дар дохили мураббаъ ба таври мутаносиб ҷой гирад. Ин асар рамзи пайванди илм, санъат ва риёзиёт гардида, то имрӯз дар муассисаҳои олии тиббӣ, факултетҳои санъат ва муҳандисӣ барои омӯзиши анатомия ва таносуби бадани инсон истифода мешавад.
Леонардо да Винчи на танҳо рассом ва ихтироъкор, балки мусиқинавози баистеъдод низ буд. Ӯ лираи нуқрагие дар шакли косахонаи сари асп сохта буд, ки бо садои сеҳрнокаш аҳли дарборро моту мабҳут мекард.
Аммо аз ҳама бештар андешаҳои муҳандисии ӯ ҳайратовар мебошанд. Соли 1482 ӯ ба Милан, ба дарбори Лодовико Сфорса, кӯчид ва ба ӯ пешниҳод кард, ки ҳамчун муҳандиси ҳарбӣ дар дарбораш кор кунад. Беш аз панҷсад сол пеш Леонардо нақшаи дастгоҳҳои парвозкунанда, парашут, мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, либоси ғаввосӣ, пулҳо ва механизмҳои мураккабро таҳия карда буд. Албатта, имкониятҳои техникии асри XV барои сохтани онҳо кофӣ набуданд. Башарият танҳо пас аз 400 – 500 сол онҳоро сохт: танк, чархбол, парашут, либоси ғаввосӣ ва ҳатто робот-ритсари механикӣ.
Дар ғуруби умри худ Леонардо да Винчи бо даъвати шоҳ Франсуаи I роҳ ба сӯйи Фаронса гирифт. Ӯ аз роҳи пурпечутоби қаторкӯҳҳои Алп гаронбаҳотарин офаридаҳои худ, аз ҷумла шоҳкори машҳури «Мона Лиза»-ро ҳамроҳ бурд. Солҳои охири зиндагии худро дар қасри Кло-Люсе гузаронд. 2-юми майи соли 1519 дили ин нобиғаи бузург абадан аз тапидан бозистод. Тибқи васияташ, Леонардоро дар калисои Сен-Флорантен ба хок супурданд.
Аммо сарнавишти оромгоҳи Леонардо низ ба мисли ҳаёти ӯ пур аз асрор монд. Пас аз Инқилоби Фаронса (1789 – 1799) қабри ӯ дар калисои Сен-Флорантен хароб гардид ва ҷойи дақиқи дафнаш гум шуд. Солҳои тулонӣ таърихшиносон ва бостоншиносон кӯшиш карданд, то нишонае аз боқимондаҳои ин нобиға, аз ҷумла косахонаи сарашро пайдо кунанд. Дар асри XIX ҳангоми кофтуков чанд устухон ва як косахонаи сар ёфт шуданд, ки ба Леонардо нисбат дода шуданд. Аммо то имрӯз илм натавонистааст бо итминони комил тасдиқ кунад, ки ин боқимондаҳо, воқеан, ба офарандаи «Мона Лиза» тааллуқ доранд.
Моҳира САНГМАМАДОВА,
“Ҷумҳурият”