ТЕМУРМАЛИК
Авлавият ба соҳаи саноат
Шералӣ Ҳасанзода, раиси ноҳияи Темурмалик, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар нимаи якуми соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15 миллиону 799 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 млн сомонӣ бештар аст.
Мавсуф гуфт, ки корхонаҳои саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ пурра фаъолият карданд.
Зикр шуд, ки нишондодҳо дар самти сайёҳӣ низ назаррас буда, дар 6 моҳи соли равон 72 ҳазору 499 сайёҳ аз ноҳия дидан намуд, ки 908 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад.
Суннати СОДИҚ
ММТ
Нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ зиёда аз сад дарсад иҷро гардид
Соли 2026 нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ ба 74 ҳазору 510 ҷой расонда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҳазору 154 ҷой ё 15,78 дарсад зиёд мебошад. Ба коллеҷҳо дар заминаи синфи 9-ум 4719 нафар қабул гардида, афзоиш 26,64 дарсадро ташкил кард. Дар ин хусус директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар маҷмуъ, соли 2026 шумораи умумии довталабони дар заминаи синфи 11-ум бақайдгирифташуда ба 124 ҳазору 323 нафар расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 31 ҳазору 335 нафар зиёд аст. Шумораи довталабон дар заминаи синфи 9-ум низ ба 25 ҳазору 131 нафар баробар гардида, нисбат ба соли гузашта 3348 нафар зиёд буд.
Зикр гашт, ки соли 2026 дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» бо теъдоди 32 ҳазор нусха, аз ҷумла 30 ҳазору 500 нусха ба забони тоҷикӣ ва 1500 нусха ба забони русӣ нашр гардид. Дар ин дастур тартиби бақайдгирӣ, интихоби ихтисосҳо, талаботи имтиҳонҳо, меъёрҳои иштирок дар озмуни тақсимот ва дигар маълумоти зарурӣ барои довталабон ҷой дода шуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ
ДДСДТ
14 хатмкарда соҳиби дипломи аъло шуд
Имсол Донишкадаи давлатии санъат ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуд, аз ҷумла 14 нафар соҳиби дипломи аъло гардид. Дар ин хусус ректори Донишкадаи давлатии санъат ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷӯрахонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гашт, ки таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишкада ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ректор, ҳар сол хатмкардагони гурӯҳҳои буҷетӣ тибқи роҳхат бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Ҳамзамон, барои донишҷӯёни гурӯҳҳои шартномавӣ низ ҷиҳати пайдо намудани ҷойи кор мусоидат менамоянд.
Дар нишасти матбуотӣ, инчунин аз ифтитоҳи синфхонаи муосири 3D дар Донишкада хабар дода шуд.
Синфхона бо технологияҳои пешрафтаи рақамӣ муҷаҳҳаз буда, донишҷӯён шеваҳои кор бо технологияҳои муосир, аз ҷумла истифодаи зеҳни сунъӣ ва таҳияи тарҳҳои рақамиро меомӯзанд.
Сайфиддин СУННАТӢ