Баргашт Чоп кардан

БАРҚИЯИ ШОДБОШӢ


8-уми август Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
"Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Қатънома оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036 ба Шумо табрикоти самимии худро иброз менамоям. Ин дастоварди муҳим бозгӯи талошҳои пайгирона ва саҳми арзишманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот тавассути таҳкими бисёрҷонибагароӣ, муколама ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиду чолишҳои бесобиқа рӯ ба рӯ мебошад, ин ташаббуси муҳим ҳамчун идомаи мантиқии уҳдадориҳое, ки дар доираи Саммити Оянда ва Паймон ба хотири Оянда (2024) қабул шудаанд, паёми қавӣ ва умедбахшро дар бораи зарурати сармоягузорӣ ба таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо ва тақвияти ҳамбастагии байналмилалӣ ба манфиати наслҳои имрӯзаву оянда ироа менамояд.
Аз талошҳои Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мусолиматомези мушкилот бо давлатҳои ҳамсоя истиқбол намуда, бори дигар омодагии Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати мусоидат ба таҳкими фарҳанги сулҳ ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба хотири густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо таъкид менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул фармоед".