Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


ДАНҒАРА
Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара ба 1 миллиарду 214,6 миллион сомонӣ расонда шуд, ки 107,4 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин бора раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки фоизи муайяни маҳсулот дар асоси шартномаҳои давлатӣ ба хориҷи кишвар содирот гардид.
Кишти пунба имсол 70 гектар зиёд шуда, ба 5300 гектар расид. Кишоварзон аз майдони 24 ҳазору 328 гектар 63 ҳазору 116 тонна ғалла ба даст оварданд.


Холназар КАСИРОВ


НОРАК
Дурнамои маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 109,4 дарсад таъмин шуд
Раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи аввали соли 2026 кишоварзон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба маблағи 72,7 миллион сомонӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 258 ҳазор сомонӣ ё ин ки 9,4 фоиз зиёд аст ва маҷмуи маҳсулоти кишоварзиро ба андозаи 109,4 фоиз таъмин намуданд.
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, бо назардошти кишти тирамоҳӣ, дар майдони 1238 гектар зироати кишоварзӣ кишт шуд. Аз кишти анҷомёфта ғалладона ва лӯбиёгиҳо 371 гектар, зироатҳои техникӣ - 37, картошка - 51,7, сабзавот – 196 ва хӯроки чорво 239,6 гектарро дар бар мегиранд.


Холназар КАСИРОВ


ХОВАЛИНГ
Сокинон бо оби нӯшоӣ таъмин мешаванд
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Саймумин Рауфзода, раиси ноҳия, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҳудуди 42 ҳазор нафар ё 67,3 фоизи аҳолии шаҳраки Мунк, деҳоти Ҷомбахт, Лоҳутӣ, ба номи Ғаффор Мирзо ва Шуғнов бо оби тозаи нӯшоӣ таъмин гардид.
С. Рауфзода гуфт, ки мо пайваста талош меварзем, ки мушкилоти оби нӯшоиро бартараф намоем.
Мавсуф зикр кард, ки дар нимаи аввали соли равон ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ дар ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 325 метр анҷом дода шуданд. Ҳамчунин, 8 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ бо пешниҳоди 572 ҷойи кор баргузор гардида, дар онҳо 66 корхона ва 596 корҷӯ иштирок карданд. 555 нафар корҷӯ бо кор таъмин шуд.


Суннати СОДИҚ


Имсол Донишгоҳи давлатии Данғараро 1708 нафар хатм кард
Бино ба маълумоти ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода, имсол муассисаро аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо ва шаклҳои таҳсил 1708 нафар хатм кард. Аз ин шумора 18 нафар ба гирифтани дипломи аъло мушарраф шуд.
Зикр гашт, ки айни замон дар Донишгоҳ 3 доктори илм, 71 номзади илм, 205 муаллими калон ва ассистентон, дар маҷмуъ 279 омӯзгор ба таълими донишҷӯён машғул аст. Шумораи умумии донишҷӯён 8829 нафар буда, 3719 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар Донишгоҳ тибқи квотаи Президент 225 нафар, аз ҷумла 98 духтар, таҳсил дорад. 6 донишҷӯйи аълохон, гирандаи стипендияи Президенти ҷумҳурӣ мебошад.
Мувофиқи созишномаҳои тарафайн 7 донишҷӯйи Донишгоҳ дар Донишгоҳи давлатии Деҳнав ба таҳсил фаро гирифта шуд. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара 225 донишҷӯйи хориҷӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Русия як нафар, Туркманистон 6 нафар, Ӯзбекистон 218 нафар дар гурӯҳҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунад.


Холназар КАСИРОВ