![]()
Тибқи гузориши ахири Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, тағйирёбии иқлим шиддат гирифта, зуҳуроти Эл-Нино минбаъд низ дар олам густариш пайдо мекунад. Оқибатҳои он метавонад гармии шадид, хушксолӣ, обхезӣ ва сӯхтори ҷангалҳоро дар ҷаҳон биафзояд. Дар робита ба ин, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз ҳукуматҳо даъват ба амал овард, ки чораҳоро барои ҳифзи аҳолии худ тақвият диҳанд ва аз истифодаи сӯзишвории истихроҷшаванда ҳарчи зудтар даст кашанд.
ВАЗЪ БАДТАР МЕШАВАД
Ба иттилои Антониу Гутерриш, дар олам бар асари гармии шадид сӯхтори ҷангалҳо ба амал омада, ҳазорҳо нафар фавтидаанд. Тибқи маълумоти охири илмӣ, ин раванд моҳҳои август – октябр низ идома меёбад. Ба гуфтаи олимон, ҳарорати сатҳи уқёнуси Ором, ки густариши Эл-Ниноро муайян мекунад, ҳеҷ гоҳ дар аввали ташаккулаш ин қадар гарм набуд ва минбаъд низ боло меравад.
Бояд зикр кард, ки Эл-Нино на танҳо ба ҳарорат, балки ба боришот низ таъсир мерасонад. Аз ҷумла, мавсими боришот дар Ҳиндустон нисбат ба солҳои қаблӣ бадтар аст ва пешгӯйиҳо нишон медиҳанд, ки вазъ дар минтақа шадидтар мешавад.
Мутахассисон вазъи баамаломадаро фоҷиаи инсонӣ меноманд, ки ин, пеш аз ҳама, ба нафарони дар шароити ноамн басармебурда хатар эҷод менамояд. Қисми дигари одамон маҷбуранд кори даромадноки худро тарк карда, ба хотири ҳифзи саломатӣ тағйири макон кунанд.
ЭЛ-НИНО ЧИСТ ВА ЧӢ ПАЙОМАД ДОРАД?
Бинобар гузориши ахири Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, зуҳуроти Эл-Нино пайваста шиддат гирифта, моҳҳои август – октябри соли равон ба дараҷаи рекордӣ мерасад.
Илова бар ин, зуҳуроти иқлимие пешгӯйӣ мешавад, ки бинобар он қисми ғарбии уқёнуси Ҳинд нисбат ба меъёр гармтар ва қисми шарқии он сардтар мешавад. Ин омилҳо, дар навбати худ, метавонанд падидаҳое чун хушксолӣ, обхезӣ ва сӯхторҳои табииро шиддат бахшанд. Инчунин, интизор меравад, ки ҳарорати сатҳи об дар қисми тропикии уқёнуси Атлантика аз меъёр болотар боқӣ монад.
Эл-Нино яке аз падидаҳои иқлимии пурра назоратшаванда дар ҷаҳон аст. Он, ки дар заминаи гармшавии бесобиқаи уқёнус ва баландшавии ҳарорат инкишоф меёбад, ба ҳукуматҳо ва ҷомеаҳо имкон медиҳад, ки хатарҳоро пешгӯйӣ кунанд ва пеш аз рух додани фоҷиа амал намоянд.
Зуҳуроти Эл-Нино, одатан, ҳар ду ё ҳафт сол рух медиҳанд ва аз нуҳ то дувоздаҳ моҳ давом мекунанд. Ин падида аксар вақт байни моҳҳои март ва июн ба мушоҳида мерасад, моҳҳои ноябр ва феврал бештар шиддат мегирад. Таъсири ин падида вобаста ба шиддат, давомнокӣ, вақти сол ва таъсири мутақобила бо дигар омилҳо вобаста аст.
Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, эҳтимол дорад, ки ҳарорат дар аксари минтақаҳои ҷаҳон аз сатҳи миёна болотар боқӣ монад. Шиддати ин тамоюл бештар дар Африқо, Аврупои Ҷанубӣ, нимҷазираҳои Арабистон ва Ҳиндустон, Осиёи Шарқӣ, Амрикои Марказӣ, баҳри Кариб, қисми зиёди Амрикои Ҷанубӣ ва Зеландияи Нав мушоҳида мешавад.
ЯКЕ АЗ ПАЙОМАДҲОИ ХАТАРЗОИ ГАРМИИ ИМСОЛА
Ҷангалҳо месӯзанд
Яке аз пайомадҳои хатарзои гармии имсола сӯхтори ҷангалҳо ба шумор меравад ва аз аввали соли равон қариб 6 миллион гектар ҷангалзорро дар Аврупову Амрикои Шимолӣ нобуд кард. Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ҳушдор медиҳад, ки бидуни афзоиши сармоягузорӣ, идоракунии устувори ҷангалҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, боздоштани паҳншавии сӯхторҳои бузург ғайриимкон аст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар Аврупо 434 ҳазор гектар ҷангал ба коми оташ рафт. Танҳо дар музофоти Жирондаи Фаронса 42 ҳазор гектар ҷангали санавбар нобуд гардида, даҳҳо ҳазор шаҳрвандони маҳаллӣ ва сайёҳон маҷбур шуданд, ки хона ва макони истироҳатии худро тарк намоянд. Дар Испания бошад, масоҳати заминҳои сӯхта, аллакай, аз 200 ҳазор гектар гузаштааст, ки ин тақрибан ду баробар бештар аз меъёри солона мебошад. Дар Амрикои Шимолӣ миқёси офат боз ҳам бузургтар аст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қариб 1,85 миллион гектар ва дар Канада тақрибан 3,8 миллион гектар ҷангал сӯхтааст.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки баланд шудани ҳарорат, хушксолии тулонӣ, мавҷҳои гармӣ ва тағйирёбии боришот давомнокии мавсими сӯхторро зиёд намуда, минтақаҳоеро, ки қаблан кам ба сӯхтор дучор мешуданд, осебпазир мекунад. Ин ҳолат, дар навбати худ, боиси партовҳои иловагии газҳои гулхонаӣ мегардад.
Тибқи гузориши UNECE, танҳо дар Аврупо ҳамасола сӯхтори ҷангал тақрибан 2,5 миллиард евро зарари иқтисодӣ мерасонад. Аммо талафоти воқеӣ хеле зиёдтар аст, зеро оқибатҳои сӯхтор, аз ҷумла вайрон гардидани гуногунии биологӣ, коҳиши ҳосилнокии замин ва зарурати барқарор кардани экосистемаҳои табиӣ, муддати тулонӣ боқӣ мемонанд.
БУҲРОНИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ПАЙ АСТ
Гармии шадид ва сӯхтори ҷангалҳо як тарафи масъала бошад, тарафи дигар буҳрони навбатии озуқаворист, ки пешорӯйи ҷаҳон аст. Коршиносону созмонҳои байналмилалӣ аз боло рафтани нархҳо ва ҳосили кам бонги изтироб мезананд. Бозори ғалла дар Аврупо, истеҳсоли биринҷ дар Осиё ва устувории таъминот дар минтақаи баҳри Сиёҳ (аз буҳрони Россияву Украина вобаста аст) бештар халалдор мегарданд. Соҳаи кишоварзӣ дар Иттиҳоди Аврупо танҳо аз сабаби мавҷҳои гармӣ дар давраи гулкунии рустаниҳо беш аз 2,1 миллиард евро зарар дид. Талафоти бузургтарин барои ҷуворимакка дар Фаронса ва Маҷористон ба қайд гирифта шудааст ва зарари умумӣ ба бахши кишоварзӣ дар Италия аз 1,5 миллиард евро гузашт. Хушк шудани дарёҳо, аз ҷумла Дунай, логистикаи дарёро фалаҷ кард, ки боиси норасоии хӯроки чорво гаштааст. Аз сабаби хушксолӣ дар Австралия ва таъсири Эл-Нино дар кишварҳои Осиё, аз ҷумла Ветнам, Филиппин ва Ҳиндустон нархи биринҷ боло рафт. Гаронии нархи сӯзишворӣ ва нуриҳо ба арзиши маводи ғизоӣ низ таъсир мерасонад.
Аз пайомадҳои манфии ин раванд кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, зарари ҷиддӣ мебинанд. Гармии аз меъёр зиёди моҳи июл боиси об гардидани барфу пиряхҳо шуда, сабаби сар задани селҳои харобиовар гардид. Дар навбати худ, ин ҳолат боиси кам шудани сатҳи оби дарёҳо мегардад, ки ба соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Комрон ЗИКРУЛЛО, “Ҷумҳурият”