Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН 7 МЕДАЛИ ОЛИМПӢ ДОРАД


Ба шарофати истиқлоли давлатӣ варзишгарони мо имкон пайдо карданд, ки дар чорабиниҳои сатҳи баланди варзишӣ, мисли Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё Тоҷикистонро муаррифӣ кунанд. Ба муносибати Рӯзи варзишгарон, ки ҳар сол 10-уми август таҷлил мешавад, мо болотарин дастовардҳои варзишгаронамонро дар замони соҳибистиқлолӣ ёдрас мекунем.


Соли 1993 гурзпарто Андрей Абдувалиев дар Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабук дар шаҳри Штутгарди Олмон ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд, ки нахустин дастоварди варзишии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мебошад. Ин натиҷаро ӯ соли 1995 дар шаҳри Гётеборги Шведсия такрор кард. Солҳои 90-ум варзишгарони мо дар чемпионатҳои Осиё оид ба намудҳои гуногуни варзиш ширкат карда, ба дастовардҳо ноил гаштанд. Аз ҷумла, Нурулло Лоиқов ва Саидаҳтам Раҳимов соли 1996 дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Деҳлии Ҳиндустон медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Солҳои 2000-ум таваҷҷуҳи ҳам Ҳукумати мамлакат ва ҳам ҷомеа ба варзиш ва рушди инфрасохтори варзишӣ бештар шуд. Ҳамин буд, ки соли 2003 шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода мизбони Бозиҳои Осиёи Марказӣ шуданд. Дар ин бозиҳо, ки аз рӯйи 9 намуди варзиш доир гашт, ҳайати олимпии Тоҷикистон сазовори 57 медал – 18 тилло, 22 нуқра, 17 биринҷӣ – гашт.
Дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 паҳлавонони кишвар Юсуф Абдусаломов дар риштаи гӯштини тарзи озод ба гирифтани медали нуқра ва Расул Боқиев дар намуди ҷудо ба дарёфти медали биринҷӣ мушарраф шуданд, ки аввалин медалҳои олимпии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Медали биринҷии муштзан Мавзуна Чориева дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012, медали тиллои гурзандоз Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 ва медалҳои биринҷии ҷудокорон Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва муштзан Давлат Болтаев дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз дастоварди дигари олимпичиёни мо ба шумор мераванд.
Медалҳои нуқраи гӯштигир Юсуф Абдусаломов (Боку-2007), гурзандоз Дилшод Назаров (Шанхай-2015), ҷудокор Эмомалӣ Нуралӣ (Будапешт-2025), муштзан Хусравхон Раҳимов (Дубай-2025), медалҳои биринҷии муштзанҳо Абдусалом Ҳасанов (Бангкок-2003), Шералӣ Достиев (Мянян-2005), Анвар Юнусов (Боку-2011), Мавзуна Чориева (Синхуандао-2012), Баҳодур Усмонов (Тошкант-2023), Акмал Убайдов (Дубай-2025), ҷудокорон Расул Боқиев (Рио-де-Жанейро-2007), Сомон Маҳмадбеков (Абу Заби-2024), Темур Раҳимов (Будапешт-2025), Обид Ҷебов (Будапешт-2025) дар чемпионатҳои ҷаҳон аз дастовардҳои дигари муҳими соҳаи варзиши кишвар мебошанд.
Дар Бозиҳои Осиё бошад, ҳайати олимпии кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ ба гирифтани 33 медал – 6 тилло, 8 нуқра, 19 биринҷӣ мушарраф шуд. Аз ҷумла, варзишгари маъруф Дилшод Назаров 3 карат ғолиби Бозиҳои Осиё мебошад. Се медали тиллои дигарро Ҷаҳон Қурбонов, Давлат Болтаев (бокс) ва Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) сазовор гардидаанд.
Заҳмату талошҳои варзишгарон аз назари роҳбарияти олии давлат дур намонд. Соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи баланди варзишӣ таъсис ёфта, барандагони медалҳои Бозиҳои олимпиву Осиё ва чемпионатҳои ҷаҳон бо манзили истиқоматӣ таъмин гардиданд. Давоми солҳои 2015-2025 беш аз 350 варзишгар ва мураббиёни онҳо соҳиби Ҷоизаи Президенти мамлакат гардидаанд, ки маблағи умумӣ 10074250 сомониро ташкил дод.
Таъин кардани маоши ҳармоҳа ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириҳои дигари роҳбарияти мамлакат маҳсуб меёбад. Дар асоси ин қарор моҳонаи чемпионҳои олимпӣ 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 30 ва 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин шудааст.
Соли равон варзишгарони мо дар чорабиниҳои муҳими варзишӣ – Бозиҳои олимпии наврасон дар Дакар (Сенегал), Бозиҳои Осиё дар шаҳрҳои Аичи ва Нагайаи Ҷопон – ширкат мекунанд. Олимпиадаи наврасон аз 31-уми октябр то 13-уми ноябр, Бозиҳои Осиё бошад, аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр доир хоҳанд шуд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”