Баргашт Чоп кардан

ММТ. АГАР АЗ КАМБУДИҲО НАГӮЕМ...


Эътимод ба раванди қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва таъмини адолати иҷтимоӣ яке аз дастовардҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар дар даҳсолаи охир ба шумор меравад. Таъсиси Маркази миллии тестӣ тавонист таъсири омили инсониро дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба таври назаррас коҳиш дода, садди роҳи коррупсия гардад ва андешаҳои ҷомеаро нисбат ба қабули донишҷӯён дигар созад. Агар солҳои пеш аксари падару модарон ба ҷойи омода намудани фарзандашон барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ бештар дар пайи ҷустуҷӯйи миёнрав ва пешниҳоди маблағ буданд, имрӯз собит гаштааст, ки танҳо бо донишу маҳорати худ низ метавон ба дилхоҳ донишгоҳу донишкада дохил шуд.
Бо вуҷуди ин, ба андешаи доктори илмҳои филология, профессори ДМТ Меҳроб Ҷумъазода ҳарчанд Маркази миллии тестӣ барои аз байн бурдани омили инсонӣ ва коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ нақши муассир гузошта, эътимоди мардумро ба адолати низоми қабул барқарор кард, ҳанӯз ҳам дар баробари ҷиҳатҳои мусбат аз камбудиҳои ҷиддӣ орӣ нест.
Ҳамсуҳбати мо атрофи мавзуи мавриди назар чунин ибрози андеша кард:
– Аввалан, бояд бигӯям, ки тест воситаи мутлақи санҷиши дониш набуда, метавонад танҳо дар баробари усулҳои анъанавии имтиҳонсупорӣ ҳамчун воситаи ёрирасон истифода шавад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки имтиҳони тестӣ ба коста гардидани саводи хаттӣ ва маҳдуд шудани тафаккури хонандагону донишҷӯён боис гардидааст. Эҳтимол дар ҳалли мисолу масъалаҳои фанҳои дақиқ, ба мисли математика, физика ва химия, истифодаи ин усул натиҷаи хуб диҳад, ба шарте ки довталаб чунин мисолу масъалаҳоро мустақилона ҳал карда бошад. Аммо дар фанҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ тест наметавонад воситаи асосии арзёбии дониш бошад. Масалан, санҷиши дониш аз фанҳои адабиёт, таърих, забони модарӣ ё забони хориҷӣ, танҳо бо усули тестӣ воқеияти сатҳи донишро пурра инъикос намекунад. Ғайр аз ин, дар чунин имтиҳонҳо омилҳои тасодуфӣ низ зиёд ба назар мерасанд. Баъзан, шахси донишманд ноком мемонаду нафаре, ки дониши кофӣ надорад, соҳиби холи баланд шуда, сазовори номи донишҷӯ мегардад.
Яке аз омилҳои дигари коҳиш ёфтани тафаккури мантиқӣ ва ҷаҳонбинии ҷавонон аз ёд кардани ҷавобҳои тайёри тестӣ мебошад. Қориазёд кардани ҷавобҳои тайёри саволҳои тестӣ роҳи ба даст овардани дониш нест. Дониш дар натиҷаи заҳмат, мутолааи пайваста ва анҷом додани таҷрибаю озмоиш ҳосил мешавад, на бо ин роҳ. Тасаввур кунед, довталаб ҳангоми омодагӣ садҳо ҷавоби тайёр ба саволҳои тестиро аз ёд мекунад. Агар дар имтиҳон ҳамон саволҳо ба ӯ рост оянд, бахташ баландӣ мекунаду донишҷӯ мегардад. Аммо, баъдан, дар ҷараёни таҳсил маълум мешавад, ки ӯ, ҳатто, дар бораи ихтисоси интихобкардааш тасаввуроти кофӣ надорад ва ин, воқеан, боиси таассуф аст.
Ин нигарониҳоро омори расмии мақомоти назоратии соҳа низ то андозае тасдиқ мекунад. Тибқи маълумоти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, дар нимсолаи аввали соли равон дар 566 муассисаи таълимии кишвар бо мақсади муайян намудани сатҳи сифати дониши хонандагону донишҷӯён санҷиш анҷом дода шуд. Натиҷаҳо ду тамоюли ба ҳам мухолифро ошкор намуданд: пешравӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва коҳиши нишондиҳандаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ. Яьне, бо вуҷуди афзоиши теъдоди аълохонҳо дар мактабҳои миёна, шумораи донишҷӯёни аълохон дар донишкадаву донишгоҳҳо сол ба сол кам гардида, сифати таҳсил ва сатҳи донишазхудкунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ коҳиш меёбад. Ҳамзамон, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳамоно заифтарин ҳалқа дар низоми маорифи кишвар боқӣ мемонад. Коршиносон сабаби паст шудани сифати таҳсил дар макотиби олии кишварро ба тағйири низоми таҳсил, камсамарии низоми санҷиши дониши муҳассилон тариқи тест, коррупсия ва барномаи куҳнашудаи таҳсил унвон мекунанд.
Масъалаи дигари нигаронкунанда ин аст, ки ба ғайр аз ихтисосҳои тиббӣ, он ҳам, асосан, дар муассисаҳои олии тиббӣ, дар аксари ихтисосҳои дигар рақобати воқеӣ вуҷуд надорад. Довталаб, хоҳ нохоҳ, ба яке аз 12 ихтисоси интихобкардааш дохил мешавад. Агар дар даври асосӣ қабул нашавад, дар даврҳои иловагӣ муваффақ мегардад. Ҳатто, дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти олӣ нақшаи қабул иҷро намешавад. Вақте рақобат вуҷуд надорад ва аксари довталабон мутмаинанд, ки ҳатман донишҷӯ мешаванд, дар бораи сатҳи саводнокӣ сухан рондан нашояд. Ҳамчунин, шавқу рағбати ҷавонон ба ихтисосҳои муҳандисию техникӣ рӯз ба рӯз коҳиш меёбад, дар ҳоле ки имрӯз маҳз чунин мутахассисон барои рушди иқтисоди миллӣ заруранд. Ба ихтисосҳои омӯзгорӣ ва фарҳанг бошад, аксаран довталабони дорои сатҳи пасти дониш қабул мешаванд, ки ин ба ояндаи соҳаҳои маориф ва фарҳанг таъсири ҷиддӣ мерасонад. Имрӯз дар бисёре аз ихтисосҳо аудиторияҳо пур аз донишҷӯёнанд, аммо қисми зиёди онҳо на барои соҳибкасб шудан, балки танҳо барои гирифтани диплом таҳсил мекунанд. Агар довталабони имрӯзаро бо довталабони солҳои 70-80-уми асри гузашта муқоиса кунем, фарқ хеле бузург аст. Он вақт ҷавонон ҳадафи мушаххас, иродаи устувор ва омодагии ҷиддӣ доштанд. Имрӯз ин чиз тамоман камранг менамояд.
Ин ва далелҳои дигар шаҳодат аз онанд, ки низоми қабули довталабон тавассути ММТ ба бознигарӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. ММТ набояд ягона роҳи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бошад. Дар баробари он, бояд усулҳои дигари супурдани имтиҳонот ҷорӣ гардад. Илова бар ин, то имрӯз фаъолияти Марказ аз ҷониби сохтори мустақил ба таври ҳамаҷониба арзёбӣ нашудааст. Аз ин рӯ, пешниҳод менамоем, ки ҳар сол дар оғози соли таҳсил мониторинги мустақили фаъолияти ММТ анҷом дода шавад.
Мо ҳама медонем, ки дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат маориф аз соҳаҳои афзалиятнок аст. Маблағгузории соҳа сол ба сол афзун ва маоши омӯзгорон зиёд мегардад. Масалан, дар чор соли охир (солҳои 2023, 2024, 2025 ва 2026) маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар маҷмуъ, бештар аз 170 дарсад зиёд гардидааст, ки чунин сатҳи зиёдшавӣ шояд дар ягон давлати дунё ба назар нарасад. Имрӯз дигар дар бораи паст будани маоши омӯзгорон баҳона пеш овардан нашояд. Аз ин рӯ, бояд таваҷҷуҳи бештар ба сатҳи дониши довталабоне, ки ихтисосҳои омӯзгориро интихоб менамоянд, равона карда шавад, то ҳар шахси тасодуфӣ омӯзгор шуда натавонаду тақдири насли наврас ба онҳо ҳавола карда нашавад.
Воқеан, мушкилоти дигари ҷиддӣ таҳсили фосилавӣ дар ихтисосҳои омӯзгорӣ мебошад. Пӯшида нест, ки дар баъзе коллеҷҳо ва донишкадаву донишгоҳҳо шакли таҳсили фосилавӣ ба манбаи даромади як идда устодон табдил ёфтааст. Баъзе донишҷӯён бе ҳузур дар дарсҳо баҳо гирифта, соҳиби диплом мешаванд ва баъдан ҳамчун омӯзгор фаъолият мекунанд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз соли таҳсили 2025 – 2026 шакли таҳсили фосилавиро пурра барҳам дод. Ба назари ман, имрӯз вақти он расидааст, ки мо низ, ҳадди ақал дар ихтисосҳои омӯзгорӣ, аз чунин шакли таҳсил даст кашем, то як роҳи ворид шудани омӯзгорони тасодуфӣ ба мактабҳо баста шавад.
Бояд рӯйрост таъкид кунем, ки вазифаи асосии низоми қабул танҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ роҳ ёфтани довталаб нест. Он бояд сатҳи воқеии дониш, қобилияти таҳлил, тафаккури мустақил ва омодагии касбии ӯро низ муайян созад. Агар санҷиши дониш танҳо ба интихоби ҷавоби тайёр асос ёбаду қобилияти андешидан ва малакаҳои амалии довталаб ба назар гирифта нашаванд, чунин низом наметавонад ба ҳадафи аслии худ комилан ноил гардад.
Аз ин рӯ, такмили низоми қабул бояд яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маориф бошад, зеро танҳо бо интихоби довталабони воқеан соҳибдониш ва омодасозии мутахассисони баландихтисос метавон сифати таҳсилро беҳтар намуда, барои рушди устувори соҳаи маориф ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи боэътимод гузошт.
Ва ниҳоят кайҳо вақти он расидааст, ки дар муҳимтарин соҳаи иҷтимоӣ аз шумораҳои оморзеб ба сифат гузарем. Чунки фардо дер хоҳад шуд.


Руҳафзо МУРОДОВА,
«Ҷумҳурият»