
Истифодаи оқилона ва самараноки ҳар як ваҷаб замин яке аз роҳҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ин тадбир, махсусан дар шароити камзаминии кӯҳистони Бадахшон, аҳамияти калон дорад. Бинобар ин, деҳқонони вилоят ба ин масъала бо ҳисси масъулияти баланд таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Оилаи Раҳматуллоевҳо, аз деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон, аз ҷумлаи чунин кишоварзони асил мебошад, ки бо меҳнати ҳалол ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин намунаи ибрати дигар сокинон гардидаанд. Ин оилаи меҳнатдӯст бо рушди зироаткорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, ташкили гармхона ва коркарди маҳсулоти ширӣ дар таъмини бозорҳои маркази ноҳия ва шаҳри Хоруғ бо маҳсулоти тару тоза саҳми арзанда мегузорад. Маҳз меҳнатдӯстӣ, истифодаи дурусти имкониятҳо ва муносибати ғамхорона ба замин боис шуд, ки фаъолияти хоҷагидории онҳо сол ба сол рушд ёфта, манбаи даромади устувори оила гардад.
– Ин оила дар ихтиёри худ ҳамагӣ 0,06 га замин дошта бошад ҳам, аз ҳар як ваҷаби он самаранок истифода мебарад, – зикр кард Абдулҳасан Мамадҳасан, сардори раёсати кишоварзии ноҳия ва афзуд, ки дар қитъаҳои замин оилаи тифоқ ҳар сол пиёз, помидор, бодиринг, қаламфур ва дигар намуди сабзавот парвариш мекунад. Деҳқонони ботаҷриба аввали мавсим дар гармхона ҳосили сабзавоти барвақтӣ мерӯёнанд. Пас аз ҷамъоварии ҳосили аввал, кишти такрорӣ ба роҳ монда шуда, дигар навъҳои сабзавоти полизӣ ва якчанд намуди гулҳо парвариш меёбанд.
Дар баробари зироаткорӣ парандапарварӣ низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагии оила маҳсуб меёбад. Тавре роҳбари хоҷагӣ Сангин Раҳматуллоев зикр кард, пас аз ба нафақа баромадан вай ба ин соҳа рӯ овардааст. Ба гуфтаи ӯ, агар оила тифоқ бошаду бо як маром ба меҳнат машғул шаванд, ҳар як порча заминро самаранок истифода баранд, аз қитъаҳои хурди замин ҳам фоидаи калон ба даст овардан мумкин аст.
Имрӯз дар хоҷагии Сангин Раҳматуллоев мурғҳои гӯштӣ, тухмдеҳ ва марҷон парвариш меёбанд. Дар хоҷагӣ, инчунин, парвариши чорвои шохдори калон ба роҳ монда шудааст. Аз шири чорво маҳсулоти гуногун, аз ҷумла қаймоқ, ҷурғот, равған ва дигар маҳсулоти ширӣ, омода мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолшударо ҳам барои эҳтиёҷоти оила ва ҳам барои фурӯш истифода мебаранд.
Таҷрибаи оилаи Раҳматуллоевҳо собит месозад, ки бо меҳнати содиқона, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва ташкили дурусти хоҷагидорӣ метавон ба натиҷаҳои арзанда ноил гардида, дар таъмини бозор бо маҳсулоти босифати ватанӣ саҳми муносиб гузошт.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”