Баргашт Чоп кардан

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ПЕШНИҲОДИ НАВБАТӢ БА АМНИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ҲАМГИРОИИ ИҚТИСОДИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЗАМИНА МЕГУЗОРАД


Нишасти ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, нишон дод, ки кишварҳои минтақа ба марҳалаи нави ҳамгироии сиёсӣ ва иқтисодӣ ворид шудаанд. Дар шароите, ки ҷаҳон бо тағйироти геополитикӣ ва ноустувории бозорҳои энергетикӣ рӯ ба рӯ аст, ташаббусҳои муштарак барои таъмини амнияти иқтисодӣ ва энергетикии минтақа аҳамияти бештар касб мекунанд.
Яке аз пешниҳодҳои муҳиме, ки дар ин раванд таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб намуд, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси як корхонаи бузурги коркарди нафт барои қонеъ намудани талаботи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сӯзишворӣ мебошад.
Аҳамияти амалии ин ташаббусро мавқеи мусбати шарикони минтақавӣ низ тасдиқ мекунад. Тибқи иттилои Оҷонсии иттилоотии «Интерфакс», дар форуми иқтисодии Қирғизистону Русия раиси Шурои идораи Фонди рушди Русияву Қирғизистон Артём Новиков изҳор дошт, ки Бишкек аз пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамояд. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи захираҳои маҳаллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳои коркарди нафт имкон медиҳад, ки механизми устувори амнияти сӯзишвории минтақа ташаккул ёбад.
Ин мавқеъ нишон медиҳад, ки ташаббуси Тоҷикистон танҳо як пешниҳоди миллӣ нест, балки ҳамчун лоиҳаи дорои аҳамияти минтақавӣ арзёбӣ мешавад. Дастгирии Қирғизистон ва таваҷҷуҳи дигар кишварҳои минтақа ба чунин тарҳ аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи амнияти энергетикӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байнидавлатӣ табдил ёфтааст.
Ба андешаи Артём Новиков, Русия низ метавонад дар татбиқи ин тарҳ нақши муҳим бозад. Таҷрибаи бузург, иқтидори истеҳсолӣ ва технологияҳои пешрафтаи Русия дар соҳаи коркарди нафт метавонанд барои бунёди чунин иншооти азим заминаи боэътимод фароҳам оваранд. Ҷалби имкониятҳои технологӣ ва сармоягузорӣ ба баланд гардидани самаранокии лоиҳа ва мутобиқ шудани он ба стандартҳои муосири саноатӣ мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин, рушди ҳамкориҳои энергетикӣ дар дигар бахшҳо низ метавонад заминаи ташаккули бозори ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ гардад. Лоиҳаҳои неругоҳҳои барқи атомӣ дар баъзе кишварҳои минтақа ва рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистону Қирғизистон имконият медиҳанд, ки низоми ягонаи энергетикӣ боз ҳам мустаҳкам гардида, ҳамкориҳои иқтисодӣ ба сатҳи сифатан нав бароянд.
Дар маҷмуъ, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талаботи воқеии рушди минтақа ҷавобгӯ мебошад. Амалӣ шудани он метавонад на танҳо амнияти сӯзишвории кишварҳои Осиёи Марказиро таҳким бахшад, балки барои рушди саноат, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва ташаккули бозори умумии энергетикӣ низ заминаи устувор фароҳам оварад. Аз ин рӯ, дастгирии ин ташаббус аз ҷониби шарикони минтақавӣ қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таъмини рушди устувори онҳо арзёбӣ мегардад.


Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”