Баргашт Чоп кардан

МУРҒОБ. ВАҚТЕ МАРДУМ АЗ ДАСТУР ТО ДАСТГИРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ҚАДР МЕКУНАНД...


– Дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ, – ба ёд меорад узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода, – бо сабаби муноқишаҳои бемаънии шаҳрвандӣ тариқи шоҳроҳи Хоруғ – Мурғоб – Ош мошинҳо хеле кам ҳаракат мекарданд. Мардум аз Помири шарқӣ ба Қирғизистон мекӯчид, ки мабодо дар бунбаст намонад. Дар макони нави зист ба мушкилот ва сарсониҳои зиёде гирифтор мешуданд. Чуноне ки дар урфият мегӯянд: “Поёни шаби сияҳ сафед аст”. Ҳамин тавр, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди сафарҳои кориашон ба ноҳияи Мурғоб, ин гӯшаи басо ҳам дури кишвар баробари мавриди истифода қарор гирифтани қитъаи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Қалъаихумб сохтмони роҳи 92-километраи Мурғоб – Кулма низ оғоз гардид. Дар кӯтоҳтарин фосилаи вақт ин қисми шоҳроҳ низ сохта шуд. Ба ҳамин гуна, 25-уми июни соли гузашта аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қисмҳои алоҳидаи қитъаи шоҳроҳи 93-километраи Қалъаихумб-Ванҷ-даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, аз ҷумла нақби бештар аз 3800-метраи Кеврон – Ҷорф, ки ҳоло номи зебо ва дилнишини “Тоҷикистон”-ро гирифтааст, мавриди истифода қарор дода шуданд. Сохтмони нақби Тоғмай – Курговад бо номи “Бадахшон” ва қитъаи аз ҳама душвортарини роҳи Даштак оғоз ёфт. Бунёди ин қисми шоҳроҳ фосилаи вақти сафари ронандагону мусофиронро то Мурғоб хеле кӯтоҳ менамояд.
Бо мақсади хидмат расондан ба ронандагону мусофирон, сайёҳони хориҷӣ ва ватание, ки тариқи шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма ба Помири дилнавоз, инчунин кишвари бузурги Чин, сафар мекунанд, бунёди муассисаҳои самти иҷтимоӣ оғоз гардид. Дар маркази ноҳия бозори калон бо номи «Сари кӯл» арзи вуҷуд намуд. Аз ҷониби бонуи соҳибкори муваффақ Кумушай Таҷаллиева меҳмонхонаи замонавии дуошёна сохта шуд, ҳамчунин, дар мавзеи Оқбалиқ ва дигар маконҳои шоҳроҳ меҳмонхонаҳои барои сайру сайёҳӣ созгор, ошхона-чойхонаҳо ва чандин марказҳои хидматрасонӣ, нуқтаҳои савдо, таъмири нақлиёт бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷиву ватанӣ ва меҳмонони сершумор қад кашиданд.
– Аҳолӣ хушҳол ва ифтихорманданд, ки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Мурғоб таҳти назорати доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, – афзуд раиси ноҳия Ҳусния Раҷабзода. – Ҳоло сари ҳар қадам аз забони тоҷикону қирғизҳо, сокинони бумии ин гӯшаи диёри дурдасти Боми ҷаҳони тоҷик гаштаву баргашта мешунавем, ки танҳо бунёди шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма дар даврони истиқлолият басанда аст, ки номи Роҳбари дилсӯз ва ғамхори миллатро мардуми Бадахшон ва, пеш аз ҳама, ноҳияи Мурғоб, то абад дар хотирҳо нигоҳ доранд ва дар баландтарин қуллаҳои Помир исми мубораки ӯро бо хатти заррин сабт намоянд. Ҳам аз он ҷиҳат басе қаноатманд ва сипосгузоранд, ки бо дастури Пешвои муаззами миллат татбиқи лоиҳаи роҳи 652-километраи Қалъаихумб – Мурғоб – Кулма ва Неругоҳи барқи обии «Оқсу-2» бо иқтидори 800 киловатт дар мадди аввал аст.
Аз ҷониби Ҳукумати кишвар нақшаи генералии ноҳияи Мурғоб тасдиқ гардид. Амалҳои ободонӣ, бунёдгарӣ ва созандагӣ оғоз шуданд. Аллакай, зиёда аз 120 иншооти нави саноатӣ ва самти иҷтимоӣ бунёд гардид.
Ҳамзамон, ба ободӣ ва сабзу хуррамгардонии шаҳраки Мурғоб ва марказҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳот низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Акнун дар Мурғоб низ сокинон ба бунёди боғҳову гулпарварӣ даст мезананд. Ба гуфти сардори Идораи хоҷагии роҳҳои вилоят Некрӯз Худоёрзода, солҳои охир идораи роҳдории ноҳияи Мурғоб низ чандин техникаи навтарин гирифтааст. Тавассути чунин техникаи пуриқтидор роҳҳои тулонӣ, аз мавзеъҳои Харгӯшӣ ва Аличур то сарҳади Қирғизистон ва Чин шабу рӯз, аз ҷумла дар фасли зимистон низ, дар ҳолати истифодабарӣ қарор доранд. Бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаи бештар аз 67-километраи Мурғоб – гузаргоҳи Кулма азнавсозӣ мегардад. Соли гузашта пули селбурдаи қитъаи шоҳроҳи Хоруғ – Мурғоб ва ду долони зидди тарма ва резиши санг дар ин масир бунёд гардиданд.
Барои роҳандозии чунин амалҳои бесобиқаи ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ сокинони ин сарзамини ҳайратангез, ки ба зиндагии амну амонӣ ва фирӯз расидаанд, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос баён менамоянд. Аз забони онҳо пайваста мешунавем:
То ин дили моилшуда хомӯш нагардад,
Некии Шумо ҳеҷ фаромӯш нагардад.


Сироншоҳи ДИЛОВАР,
собиқадори “Ҷумҳурият”