![]()
Тоҷикон дар фосилаи дарози таърих бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақши барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево дар баробари нигоҳ дошта тавонистани ҳастии худ дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Миллати тоҷик аз он халқиятҳои маърифатпарвару фарҳангсолоре мебошад, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосаеро ишғол менамояд. Тоҷикон дар баробари дигар халқҳои тамаддунофар қарор дошта, дар ташаккул ва рушди ҷомеаи мутамаддин нақши бориз доранд.
Дар ҳар як марҳалаи таърихӣ ниёгони тоҷикон дар баробари саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеаи инсонӣ, ҳамчунин, дар такмили низоми идории ҷомеа ҷойгоҳи муносиб доштанд. Чеҳраҳои мондагори ин миллати куҳанбунёд ба мисли Куруши Кабир, Канишкаи Кабир, Ардашери Бобакон, Яъқуб ибни Лайс ва Исмоили Сомонӣ ба нахустин империяҳои муқтадири ҷаҳонӣ ва низоми мукаммали давлатдорӣ, ки қаламрави васеъро фаро гирифта буданд, асос гузоштаанд.
Хидмати бузурги онҳо буд, ки сарфи назар аз муноқишаҳои ҷангӣ, фишори таърих ва тохтутози аҷнабиён, тоҷикон ҳамчун миллат боқӣ монданд. Дар ҳар як лаҳзаи ҳассоси таърихӣ тоҷикон тавассути абармардони хеш давлатдории худро аз нав эҳё мекарданд. Аммо чархи таърих ба ҳангоми гардиш ба халқҳо ва давлатҳои ҷаҳон гоҳ ғолибият ва гоҳ нокомӣ меовард. Дар натиҷаи чунин таҳаввулот давлати абарқудрати Сомониён пас аз 180 соли пойдориву шукӯҳмандӣ соли 999 аз саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ нопадид гардида, сарнавишташ ба дасти аҷнабиён афтод.
Баъд аз ҳазор сол бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшу мавқеи давлатдории Сомониёну шуҳрати забони тоҷикӣ эҳё гардид ва имрӯз он дар ҷаҳонишавии тамаддуни тоҷикон ва таъсири ин фарҳанг ба дигарон бармало ба назар мерасад.
Рӯ овардан ба таърихи куҳан ва тамаддуни ориёӣ, мавриди омӯзиш қарор додани расму оинҳо ва суннатҳои гузаштаи ниёгон дар он зоҳир мегардад, ки Сарвари давлат ба шахсиятҳои таърихӣ, аз ҷумла бунёдгузори нахустин империяи мутамаддини ориёӣ Куруши Кабир, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои гиромидошт ва эҳёи номи ӯ яке аз боғҳои маркази пойтахтро ба номаш гузоштанд.
Мавриди таъкид аст, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон, алалхусус дар замони ба даст овардани истиқлол, ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёву таҷлили анъана ва расму оинҳои миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон ба шумор рафта, бо осори гаронбаҳои таърихии худ, фарҳангу маданият, урфу одат, расму оин ва ҷашнҳои миллӣ аз дигар халқиятҳо бакуллӣ фарқ мекунанд.
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху тамаддуни беш аз панҷҳазорсола, ҳамзамон, осори куҳани аз лиҳози ғояву мазмун бою ғании миллати тоҷик ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ буд, ки бо ҷалби таърихшиносону бостоншиносон садҳо мавзеъҳои қадимиву таърихии кишвар эҳё ва кашфу навсозӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба эҳёи таъриху тамаддун боиси он гардид, ки осори қадимаи шаҳрҳову маконҳое, ки замоне маркази илму фарҳанг ва тиҷорат буданд ва бо мурури замон фаромӯш гардиданд, аз нав мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гиранд ва наслҳои имрӯзу баъдинаро бо гузаштаи таърихи халқи тоҷик ошно намоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои созандаи Сарвари давлат ҷашн гирифтани бузургдошти ҳазораи «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, 1100-солагии Давлати Сомониён, 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310-солагии бузургдошти саромади мазҳаби ҳанафиёни олам Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷик Камоли Хуҷандӣ, ҳамзамон, таърихи 5500-солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ, 2500-солагии Истаравшан, 2000-солагии ноҳияи Ховалинг, кашфи шаҳри қадими Карон дар ноҳияи Дарвоз бо таърихи 4000-солааш ва дигар мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон собит намуданд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои дорои фарҳанги бой ва таъриху тамаддуни куҳан мебошанд.
Бояд ёдовар шуд, Саразм яке аз аввалин мавзеъҳои таърихии кишвар мебошад, ки соли 2010 ба рӯйхати осори ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд.
Мақоли хуби халқӣ ҳаст, ки мегӯяд: “Касе гузаштаашро фаромӯш мекунад, ояндаашро наметавонад бунёд кунад”. Ҳадаф аз эҳёи таърих ва мероси гузаштагон, ин ба ҷаҳониён нишон додан ва собит намудани он ки тоҷикон аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон ба шумор рафта, бо фарҳангу маданият, санъати рассомию меъморӣ, мусиқӣ ҳанӯз дар аҳди қадим ба комёбиҳои назаррас даст ёфтаанд.
Бояд зикр намуд, ки ташаккули давлатдории миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик яке аз пурарзиштарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ ва пайванди қавӣ дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдому ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва монанди инҳо бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мешаванд. Воқеан, Ҷашни Наврӯз миёни дигар иду маросимҳои мардумӣ ҷойгоҳи худро дошта, ҳамчун рамзи дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббат, дурахши Хуршед, ғалабаи рӯшанӣ бар торикӣ ва ғайра шуҳрат ёфта, аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони ориёнажод мебошад.
Бо иқдоми фарҳангпарварона ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои қадимии миллати тоҷик, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, пешниҳоди кишварҳои Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қарорномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Дар асоси қарорномаи мазкур ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки моҳият ва ҷойгоҳи Наврӯз дар асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома», ҳамзамон, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ ва дигар шоирону нависандагон ба таври возеҳу ҷовидонӣ инъикос гардидааст.
Ҳамзамон, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдоми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон созмони фарҳангии байналмилалии ЮНЕСКО «Шашмақом»-ро шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ эълон намуд. Аз соли 2002 инҷониб дар кишварамон рӯзи 12-уми май ҳамчун Рӯзи Шашмақом ҷашн гирифта мешавад. Инчунин, барои ҳифзи мероси қадима ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 инҷониб 10-уми октябр дар тамоми ҷумҳурӣ Рӯзи Фалак ботантана таҷлил мегардад.
Ба ин монанд, боз даҳҳо расму русум, оин, анъана ва иду ҷашнҳои миллиро метавон ёдовар шуд, ки ҳар яке дар тамаддуни ин миллати қадиму куҳанбунёд ҷойгоҳи махсуси худро дорад.
Бо камоли эътимоду қадрдонӣ ба хидматҳои беназири Президенти кишвар арҷ гузошта, бояд таъкид намуд, ки барои ҳамчун миллати давлатсолор ва соҳиби тамаддуни оламшумул бори дигар дар оинаи таърих зуҳур кардани миллати тоҷик тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръони карим бо тафсирҳояш, китоби мондагори Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” достонҳои паҳлавонию қаҳрамонии безаволи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва ба хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон ройгон тақсим намудани онҳо иқдоми бузургу таърихии ин шахсияти тамаддунофари миллиамон мебошад.
Бовар дорам, ки хонандаи закиву доно, онҳое, ки ба зиндагӣ назари нек доранд, миллат, давлат ва фарҳангу тамаддуни худро дӯст медоранд ва аз мактаби худшиносӣ, сиёсати давлатдорӣ, сулҳофарию созандагӣ, ободкорӣ ва тамаддунофарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бохабар ҳастанд, дар ҳифзу пойдории тамаддуни ориёӣ, рушду инкишофи фарҳангу адабиёт ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.
АЛАМШОЗОДА А. А.,
муовини якуми вазири корҳои
дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон