Ахтаристон аст гардуни Ватан
Ҷӯш дорад дар бадан хуни Ватан,
Хуни шарёни Ватан мову туем,
Ахтарони шуълазан мову туем.
Анҷуман дорем то бар даври хеш
Пеш метозем аз айём пеш.
Пеш будан пешаи оқил бувад
Пешрафти халқи соҳибдил бувад.
Шамъи ақли мост то партавфикан,
Нур борад аз саропои Ватан.
Нури Истиқлол бо ваҳдатшиор
Равшанӣ бахшид бар чашмони чор.
Нурборон шуд сарои зиндагӣ,
Тоза меояд садои зиндагӣ.
Халқи ман аз нури Истиқлоли худ
Фахр дорад чун уқоб аз боли худ!
Нури Истиқлол моро ҳамдам аст.
Одам Истиқлол ёбад, одам аст.
Гирди ҳам оем то пиру ҷавон,
Ваҳдат ояд, ваҳдат ояд дар миён.
Ваҳдате, ки бешикасту маҳкам аст,
Ваҳдате к-аз вай суботи олам аст.
То физояд ваҳдати моро баҳо,
Мо ба ҳам ҳастем мисли қатраҳо,
Қатра-қатра чашмаҳо ҳосил кунем,
Чашмаро бар ҷӯйҳо моил кунем.
Ҷӯйҳоро сӯи дарёҳо барем.
Ваҳдати худро ба фардоҳо барем!
Низомиддин ДАВЛАТЗОДА,
узви Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон