Баргашт Чоп кардан

СОХТМОН. САҲИФАИ РАНГИНИ ТАЪРИХ БАРОИ НАСЛИ ОЯНДА


Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН


Ҳамасола дар мамлакат якшанбеи дуюми моҳи август Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон ҷашн гирифта мешавад. Таваҷҷуҳ ба ин Рӯз эҳтиром ба касбу ҳунари сохтмончиён, ки зери ин мафҳум лоиҳакашону меъморон, муҳандисону муҳаққиқон, коргарону бунёдкорон, кафшергарон ва шаҳрсозон пеши назар ҷилвагаранд, мебошад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон ба яке аз самтҳои калидии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мубаддал гардид. Дар ин давра заминаҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва техникии соҳа таҳким ёфта, сиёсати давлатии шаҳрсозӣ ба марҳалаи нави рушд ворид шуд. Дар соҳаи сохтмон дастовардҳои назаррас ба даст омаданд, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар партави ҳадафҳои стратегии давлат амалӣ гардиданд.
Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ дар саросари ҷумҳурӣ даҳҳо ҳазор иншооти таъиноти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Садҳо муассисаи таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, биноҳои маъмурӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, манзилҳои истиқоматии бисёрошёна ва инфрасохтори муҳандисӣ сохта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаи устувор фароҳам оварданд.
Аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ баргузор шуда, лоиҳаҳои беҳтарини меъморону лоиҳакашон, коллективҳои муаллифӣ ва сохтмончиёну шаҳрсозон муайян ва дастовардҳои лоиҳакашии муосир ошкору тарғиб ва қадрдонӣ мешаванд. Имсол низ дар арафаи Рӯзи сохтмончиён баргузории чунин чорабинӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронда шуд.
Рушди соҳаи сохтмон ва меъмориро дар ҳар самт ва дар ҳар қадам эҳсос кардан мумкин аст. Имрӯз вақте ба ҳар маҳалу кӯчаву деҳот ва шаҳру ноҳияҳо назар меафканем, пеш аз ҳама, биноҳои хуштарҳу зебои баландошёнаи замонавӣ, кӯчаю гулгаштҳо ва боғу истироҳатгоҳҳои фароғатӣ, роҳҳои ҳамвори асфалтпӯш, майдонча ва қасрҳои гуногуни варзиш, марказҳои омӯзишии илмию фарҳангӣ, фароғатӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, кӯдакистон, муассисаҳои барҳавои таълимию тарбиявӣ, марказҳои саломатӣ, дукону китобхона ва амсоли инҳо ба чашм хеле назаррабо мерасанд.
Ифтихору сарафрозии бузург аст, ки зебоиву шукуфоӣ, ободӣ, бунёдкорӣ ва дар ҳар қадам қад афрохтани биноҳои осмонбӯсу хуштарҳу назаррабо маҳсули андешаю тахайюл, касбияту заҳмат ва ҳунари волои сохтмончиён аст. Ҳунару ҳунармандӣ ва соҳибкасбии онҳо аст, ки дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои ободу зебо ва шукуфони минтақа табдил ёфтааст. Тоҷикистон, махсусан маркази маъмурии он шаҳри Душанбе, ба яке аз шаҳрҳои зебою дилоро ва беназири олам мубаддал гардидааст.
Хушбахтона, имрӯзҳо меъмории миллӣ рушд карда, қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ бо истифодаи санъати баланди меъморӣ ва риояи унсурҳои миллӣ амалӣ шуда истодаанд.
Рӯзи сохтмончиён – рӯзи созандагону бунёдкорони Ватан буда, иди касбии онҳо, иди ободиву шукуфоӣ ва зебоӣ аст. Иди сохтмончиён муборак бошад!


Низом МИРЗОЗОДА, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон