Истиқлоли давлатӣ ҳамчун падидаи нодир ва неъмати бебаҳо мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, инак, зарфи 35 сол аст, ки мо бо сиёсати ҷаҳони имрӯза ҳампову ҳамраъй буда, мавқеи устувори хешро соҳибем. Чунин пойдорӣ аз устувории андешаву тафаккури миллии мо оғоз меёбад, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ба таври мусбат такмил ёфт.
Тафаккури миллӣ шакли умумишуда ва суфташудаи андешаи созандаи халқу давлат мебошад, ки зери шиори ягона шакл мегирад ва мақсади муайянеро ҷиҳати рушди давлат дар пай дорад. Он метавонад дар худ арзишҳои миллиро фаро гирифта, чиҳати боз ҳам бештару хубтар муаррифӣ намудани онҳо имконият фароҳам орад. Ба таври дигар, тафаккури миллӣ дараҷаи баланди зоҳиршавии орзуву ормонҳои миллат буда, ҳадафи сарҷамъ намудани он ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардумро дорад.
Агар аз даричаи даврони соҳибистиқлолӣ ба умқи начандон дури таърих назар афканем, маълум мегардад, ки мо дар муддати 100 соли охир зери таъсири сиёсати давр аз муҳимтарин унсурҳое, ки ягонагии тафаккури миллиро таъмин менамояд, ҷудо будем ва солиёни зиёд натавонистем аз мавҷудияти онҳо садо баланд кунем. Чунин унсурҳои тафаккурсоз, пеш аз ҳама, таъриху тамаддун, забон, фарҳанг, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти миллӣ буданд, ки замони ҳокимияти шуравӣ ба таври сунъӣ аз мадди назар дур монда буданд. Дар ин марҳалаи давлатдории тоҷикон тафаккури миллии мо зери таъсири омилҳои маълум натавонист шакли ягонаи таърихии худро, ки борҳо сабаби наҷоти миллату давлат гардидааст, соҳиб шавад. Бо вуҷуди ин, он оҳиста – оҳиста шакл гирифта, солҳои 80-90-уми асри гузашта ба авҷи ташаккули худ расид. Инро мо дар садо баланд кардани зиёиёни кишвар ҷиҳати истиқлоли сиёсӣ, давлатӣ шудани забони тоҷикӣ, ба вуҷуд омадани ҷунбишҳои мардумӣ дар пайи норозигиҳо аз ҳукумати вақт ва дигар омилҳои ёрирасон мушоҳида карда метавонем. Омилҳои болозикр маҳаки асосии ташаккули тафаккури миллиро дар ҳамон шабу рӯз ташкил медоданд, ки минбаъд ба арзи ҳастӣ намудани давлатдории навини тоҷикон сабаб гардиданд. Яъне, унсурҳои ёрирасон дар мавриди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҳанӯз дар даҳсолаҳои охири садаи бистум шакл гирифта буданд. Истиқлоли давлатиро метавон нуқтаи ниҳоии зуҳури омилҳои мазкур ва тантанаи адолати иҷтимоиву ташаккули тафаккури миллӣ ҳисобид. Аз ҳамон рӯз то инҷониб тафаккури миллии мо дар сурати ягона ва созандаву некбинона такмил ёфта истодааст, ки тасдиқи он амалҳои зиёди бунёдкоронаи давлату миллат мебошанд.
Имрӯз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи гӯёи тафаккури миллати тоҷик аст, ки дар худ беҳтарин арзишҳои мардуми моро инъикос менамояд. Ба таври дигар, мо ҳамон миллатем, ки дар тули таърихи дароз аз дигар қавму миллатҳо фақат ҷабр дидаву мукофоти амали онҳоро тавассути муносибати хайрхоҳона ва ҳамзистии неки ҳамсоягӣ қадр намудаем.
Ба таври умум, метавон гуфт, ки имрӯз тафаккури миллии мардуми тоҷик дар ҳоли такмилёбист ва умед аст, ки бо чунин ҷараён ва зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ояндаи наздик ба авҷи инкишофи таърихии худ хоҳад расид. Инро мо дар сарҷамъиву якдилии миллат, суботи сартосарӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва дигар омилҳои ёрирасон мушоҳида карда метавонем.
Шарафҷон НАРЗУЛЛОЗОДА, судяи суди шаҳри Душанбе