Дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба татбиқи иқдомҳои Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, ҳамзамон, муовини роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, зимни суханронӣ таъкид кард, ки фаъолияти гурӯҳ ба татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ равона гардидааст.
Муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода таъкид намуд, ки натиҷаи фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони вилоят имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳо хеле хуб эҳсос мегардад. Ба истиқболи Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 12 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ пешбинӣ гардида буд ва ин нақша пеш аз муҳлати муайяншуда иҷро гардид.
Бо назардошти имкониятҳои мавҷуда ва ташаббусҳои созандаи сокинон тасмим гирифта шуд, ки то таҷлили Ҷашни миллӣ боз илова 3000 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода диҳанд. Ба иттилои ӯ, то имрӯз дар вилоят беш аз 14 ҳазору 355 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бо маром идома доранд.
Боиси зикр аст, ки ҳайати гурӯҳи корӣ аз 3-юми августи соли равон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дорад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
СУҒД. ИЛОВА БА НАҚШАИ ҶАШНӢ БОЗ 3000 ИНШООТ СОХТА МЕШАВАД