![]()
11-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хидматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Шарора Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №144 барои 672 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои 17 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон мебошад.
Ҳамзамон, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 дар деҳаи Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор ифтитоҳ гардид. Иншоот аз синфхонаҳои бо васоити муҳими таълимӣ муҷаҳҳаз ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.
Дар деҳаи Руҷони деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 барои 384 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаи таълимӣ аз 8 синфхона, кабинетҳои таълимӣ, китобхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо низоми муосири гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Ҳисор Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124 барои 434 хонанда дар ду баст кушода шуд. Бинои Муассиса бо тарҳи муосири меъморӣ эъмор гашта, аз 9 синфхонаи таълимӣ ва 3 ҳуҷраи корӣ иборат аст.
Дар деҳаи Баракати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бинои нави иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 барои 768 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он барои омӯзиши як қатор фанҳои муҳим, аз ҷумла биология, математика, технологияи иттилоотӣ ва забони англисӣ, шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар идомаи тадбирҳо дар деҳаи Турдиқишлоқи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 576 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, он дорои 12 синфхонаи барҳавост. Ҳамзамон, дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 бо имкони дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани то 576 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 12 синфхонаи таълимӣ ва як ҳуҷраи корӣ мебошад.
Дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Ҳисор Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нури истиқлол» барои 150 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он таълиму тарбияи кӯдакон бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин, дар деҳаи Обигарми деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Хадича» барои 140 кӯдак ифтитоҳ гардид. Бино аз 8 ҳуҷраи барҳавои машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон иборат буда, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои муосири таълимӣ таъминанд.
Дар доираи тадбирҳои ободонӣ, дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои меҳмонхона ва Маркази солимгардонии «Шаршара» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншоот дар масоҳати 5 ҳазору 500 метри мураббаъ ҷойгир буда, имкониятҳои истироҳатӣ, солимгардонӣ ва варзиширо дар як маҷмаа муттаҳид менамояд.
Дар деҳаи Меҳргони деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ бинои нави шуъбачаи милитсияи деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор ифтитоҳ ёфт. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шаҳодати идомаи сиёсати созандаву бунёдкорона дар кишвар ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии давлат ба рушди инфрасохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Инчунин, ҳамин рӯз дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Қасри Ҳоким ифтитоҳ гардид. Иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи навсозии Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Ҳисор» бунёд ёфта, ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ барои муаррифии тамаддуни қадимаи тоҷикон хидмат хоҳад кард.
Бинокорон дар сохтмон ва ороиши он унсурҳои хоси меъмории таърихиро ба назар гирифтаанд.
Дар деҳаи Деҳи Нави деҳоти Мирзо Ризо корхонаи коркарди оҳан ва пластикаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳоҷӣ Шариф» ба фаъолият оғоз намуд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 1 ҳазору 200 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда имконият медиҳад, ки бозори дохилӣ ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бештар таъмин гардида, вобастагӣ аз воридоти баъзе намудҳои маҳсулот коҳиш ёбад.
Дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод корхонаи зотпарварии парандаи ҶДММ «АРК АГРО» мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҳудуди корхона 9 коргоҳи истеҳсолӣ ва биноҳои ёрирасон дар масоҳати беш аз 15 ҳазор метри мураббаъ ҷойгиранд.
Дар ҳудуди деҳаи Ҳисори шаҳри Ҳисор дар масоҳати 3 ҳазору 897 метри мураббаъ корхонаи истеҳсоли масолеҳи хушки сохтмонии ҶДММ «Барх» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни часпак барои кошин, санги мармар, сафол, гранити карамикӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол мешаванд. Иқтидори корхона имкон медиҳад, ки 60 номгӯйи маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол гардад.
Дар деҳаи Боғистони деҳоти Сомон корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Босфор Тиҷорат» ифтитоҳ ёфт. Дар раванди сохтмони иншоот беш аз 50 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона барои 30 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё шуд. Корхона дорои се хатти истеҳсолӣ буда, имкони истеҳсоли 14 номгӯй маҳсулотро дорад. Иқтидори истеҳсолии он дар як соат то 80 килограмм донаи офтобпараст, 50 килограмм картошкаи хушк ва 50 килограмм ҷуворимаккаро ташкил медиҳад.
Зимни сафари кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 5136 хонанда дар ду баст, 4 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 640 кӯдак, 8 корхонаи саноатӣ, 4 иншооти сайёҳӣ, 3 иншооти хидматрасонӣ (бо таъсиси қариб 700 ҷойи кории доимӣ) мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар шаҳри Ҳисор 58 км роҳ асфалтпӯш гардид.
Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022 – 2026 дар шаҳри Ҳисор бояд 1809 иншоот сохта мешуд. То имрӯз 1848 иншоот бунёд гашт, ки 102,2 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Баъди бунёди иншооти мазкур 1034 ҷойи корӣ таъсис ёфт.