«КӮДАКОН ДУНЁИ МОЯНД!». ЯК ҲАФТАИ ФАРАҲ БАРОИ ТИФЛАКОНИ ПОЙТАХТ
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт барномаи фарҳангию фароғатии «Кӯдакон-дунёи моянд!» баргузор шуд, ки як ҳафта идома ёфт.
Дар доираи ин ҳафта мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, аксияҳои таблиғотии дастаҳои ихтиёрии «Патрулони сабз» ва «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ», пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди пойтахт бо шавқу шӯр гузаштанд. Масъулон ба ғолибон ва иштирокдорони фаъол Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ эҳдо карданд.
"НАСИМИ ДӮСТӢ" ДАР ДУШАНБЕ ВАЗИД
Таҳти унвони “Насими дӯстӣ” дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шоми мусиқии симфонӣ аз эҷодиёти композиторони шинохтаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии сардирижёр Далер Тиллоев, дирижёр Алишер Солиев, солистон, Элнура Мирзокамолова аз Ӯзбекистон ва Хосият Олимова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ доштанд.
Меҳмонони ӯзбекистонӣ аз ҷойҳои таърихии пойтахт, аз ҷумла аз Осорхонаи миллӣ дидан карданд.
ТОҶИКДУХТАР – САЗОВОРИ МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Мария Чебоненко, донишҷӯи шуъбаи «Фортепиано»-и Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар Озмуни байналмилалии «Классикаи зинда-2023», ки аз 4 май то 25 майи соли ҷорӣ дар Федератсияи Россия гузашт, сазовори медали тилло гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки дар тули 10 соли баргузории Озмун дар он беш аз 10 миллион хонанда аз Россия ва 80 кишвари ҷаҳон иштирок кардааст.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”