Баргашт Чоп кардан

ЭҲЁГАРИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ


Боиси хушбахтию арҷгузорист, ки ба шарофати соҳибистиқлолию ваҳдати миллӣ ва ибтикороти доимию пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба имрӯзи фирӯз расида, имкони омӯзишу эҳёи арзишҳои миллию тамаддуни боғановати ниёгонамон ба миён омадааст.
Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбариашон дар радифи хомӯш намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба ҳифзи арзишҳои миллӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Дар баробари бисёр шоҳкориҳои дигар, ба эҳёи тамаддуни ориёӣ эътибори ҷиддӣ доданд.
Ба табъ расондану туҳфа намудани 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба аҳолии кишвар, ки аз бузургии таъриху тамаддун ва фарҳанги боғановати мардуми тоҷик башорат медиҳанд, яке аз ташаббусҳое буд, ки дар бедории фикрӣ ва ҳофизаи таърихии миллат нақши бориз гузошт.
Агар падидаву дастовардҳои солҳои охирро дар самти гиромидошти ёдгориҳои таърихӣ пеши назар биорем, баҳри пуштибонии таъриху эҳёи тамаддуни мардуми ориёитабор бисёр амалҳои нек анҷом дода шуданд. Хусусан, бо ибтикороти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 ёздаҳ ёдгории таъриху фарҳангии кишвар, аз ҷумла «Хуттали Қадим», воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ховалинги вилояти Хатлон ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ҳамчунин, эътирофу қабул шудани қатъномаҳо дар бобати эътироф шудани шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзандӯзӣ», баргузории чорабиниҳо бо номи «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ», бузургдошти 1050-солагии шоири тоҷик Робиаи Балхӣ дар арсаи ҷаҳонӣ аз бузургии ин қавму миллати тамаддунофар дарак медиҳанд.
Агар таърихро варақ занем, мебинем, ки ҳудуди фарогири давлатдории ориёиҳо дар асрҳои 9-8-и пеш аз милод қариб нисфи қитъаи Осиё ва сарҳади Баҳрайнаҳр то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ-Ҷанубӣ то Олойу Сибири Ғарбиро дар бар гирифтаву дар ин сарзаминҳо баробари дигар қавму халқиятҳо бохтариҳо, суғдиҳо, портҳо, модҳо, хоразмиҳо, форсҳо, мардуми саҳрогарди сакоиҳо – скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва дигар мардум ҳаёт ба сар мебурданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари мондагорашон «Нигоҳе ба таъриху тамаддуни ориёӣ» дар бобати рушди тамаддуни ориёиҳо ва ҳавзаи сукунати онҳо чунин ишора менамоянд: «Агар мо асри биринҷиро асри ориёиҳо гӯем, хато намекунем. Зеро дар асри биринҷӣ, махсусан, дар нимаи дуюми он ориёиҳо бахши калони Аврупо ва Осиёро дар даст доштанд…»
Миллатҳо бо намодҳои тамаддунии худ дар ҳофизаи таърихи ҷаҳон ҳузур пайдо мекунанд. Тавре, ки Юнони бостон, Миср, Чин ва ё Ҳинд бо марказҳои тамаддунии худ шинохта мешаванд, ҷумҳурии мо низ дар асоси дастури Сарвари давлат бо бунёди Конуни тамаддунии ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад дар доираи тамаддунии ҷаҳон мавқеи худро боз ҳам мустаҳкам созад.
Гап сари мардуми ориёиасл, ҳудуди паҳновари сарзамини ин қавм, мавқеи сукунат ва аз як ҷо ба ҷои дигар ҳиҷрат намудани ин мардум низ меравад, ки то кунун паҳлуҳои норавшани ин масъала хеле зиёданд ва омӯзишу таҳқиқотро тақозо доранд. Пешвои миллат маҳз ҳамин паҳлуҳои таърихию ҳаётиро ба назар гирифта, дар замони печидагию танишҳои геополитикии ҷаҳон мардуми соҳибхираду соҳибтамаддуни худро ба омӯзишу арҷгузорӣ ба гузаштаи худ ҳидоят менамоянд.
Маълум аст, ки гузаштагони бузурги ориёии мо ҳанӯз аз замони пешдодиён, ки ба асри санги нав, яъне неолит рост меояд, ба тамаддунофарӣ оғоз намуда, бо тафаккури бузургу пешрафтаи худ вобаста ба равиши чаҳор фасли солу чаҳор унсур: хок, об, оташу ҳаво, чаҳор иди миллии бузург: Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро дақиқан кашф кардаву ба наслҳои ояндаи худ мерос гузоштанд. Дар ин робита бояд гуфт, ки нахустҷашни аҷдодии мо, тоҷикон – мардумони ориёинажод Иди Сада буда, он ба 10-уми баҳманмоҳи солшумории ҳиҷрии хуршедӣ, мутобиқ ба 30-юми январи солшумории милодӣ рост меояд. Ин Ҷашнро гузаштагонамон «пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ» ва «некӣ бар бадӣ» гуфта, ҳар сол онро бо тантана ҷашн мегирифтанд.
Ҳаким Фирдавсӣ ва дигар нобиғаҳо бунёдгузории Иди Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат медиҳанд, ки ин ба кашфи оташ рост меояд. Дар ҳақиқат, ин пирӯзии некӣ бар бадию равшанӣ бар торикӣ аст. Чунонки, Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и худ Ҷашни Садаро ба пирӯзии Фаридун бар Заҳҳоки морон нисбат дода, Ҳушангу ёронашро ба зарба ба мору кашфи оташ ишора менамояд.
Ҳамин тавр, кашшофу бунёдгузори ҷашнҳои Сада Ҳушанги пешдодӣ, Наврӯз Ҷамшеди пешдодӣ (набераи Каюмарс) буда, ҷашнҳои Тиргону Меҳргон низ таъриху фарҳанги ба худ хос доранд. Ҳамаи чаҳор иду ҷашни миллии мо ба ҳам пайвандию иртибот дошта, маҳсули тафаккур ва эҷоди ниёгонамон ба шумор мераванд, ки ҳанӯзам бисёр паҳлуҳои алоқамандии онҳо пурра омӯхта нашудаанд.
Наврӯз, агарчи бо ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз аз соли 2010 мақоми Ҷашни байналмилалӣ гирифта бошад ҳам, ҳанӯзам паҳлуҳои норавшани худро дорост. Он ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла табиию астрономӣ, илмию адабӣ, таърихию фарҳангӣ, мардумшиносӣ, бостонию топонимӣ ва дигар паҳлуҳоро дарбар мегирад.
Ҳамон тавре маълум аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳёи тамаддуни ориёӣ ҳанӯз аз соли 2006, бо эълон намудани Соли тамаддуни ориёӣ ва мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Иди Наврӯз (соли 2010) чандин сол саъйи комилу фозил ба харҷ дода, баробари эҷоди як силсила асарҳои таърихию мондагор ба хулосае омаданд, ки мебояд, чун дигар мамлакатҳои соҳибтамаддун дар маркази кишвар шаҳри Душанбе Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз ташкил карда шаванд ва ин муждаи нек баробари дигар дастуру ҳидоятҳо дар Паёми навбатиашон (16-уми декабри соли 2025) пешниҳоду эълон гардид. Ин дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи неки худшиносиву худогоҳии миллию ҳувияти таърихӣ дар шинохти гуфтугӯҳои тамаддуни ҷаҳон мебошад. Хусусан, Наврӯз дар ин миён на танҳо Ҷашни миллӣ, балки падидаи муҳиму меҳварӣ дар шинохти тамаддуни ориёӣ дар арсаи ҷаҳон ва муаррифии миллати тоҷику Тоҷикистон ҷойгоҳи махсусро касб хоҳад кард.
Хулоса, иқдомоти анҷомдодаи Сарвари давлати мо ҷиҳати бузургдошти тамаддуни ориёӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои саросари ҳавзаи тамаддуни ориёӣ аҳамияти муҳиму махсус дорад.


Амирхон САИДЗОДА,
директори Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳияи Ховалинг