Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКОБОД. ТАНЗИМ ОМИЛИ УСТУВОРИИ БУҶЕТИ ОИЛАВИСТ!


Назорат аз болои иҷрои қонунҳои миллӣ, аз ҷумла, Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар ноҳияи Тоҷикобод зери таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дорад. Татбиқи ин Қонун, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, дар минтақа ба устувории иқтисодиёти оилаҳо ва пешгирии исрофкориҳои беҳуда заминаи устувор гузоштааст.
Тавре Қодирҷон Мансурзода, муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод, зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» изҳор дошт, бо мақсади таъмини волоияти Қонун ва назорати қатъии баргузории маъракаҳо, айни замон дар ҳудуди ноҳия 6 комиссияи доимамалкунанда ва 21 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд. Аъзои комиссияҳои мазкур пайваста дар байни аҳолӣ нишасту вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, моҳияти сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакатро дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим ба сокинон шарҳ медиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия 232 маърака – 207 тӯйи домодию арусӣ, 15 маросими чил ва 10 маросими сол ба қайд гирифта шудааст. Хароҷоти умумии маъракаҳо 581923 сомониро ташкил дод, ки ба ҳар маърака ба ҳисоби миёна 2811 сомонӣ рост меояд. Ин рақамҳо гувоҳи он аст, ки сокинон бештар ба сарфакорӣ рӯ оварда, аз хароҷоти зиёдатӣ канорагирӣ мекунанд.
Бо вуҷуди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои сарпечӣ аз талаботи Қонун ба назар мерасанд. Ҷиҳати пешгирии чунин қонуншиканиҳо тадбирҳои қатъии маъмурӣ андешида мешаванд.
– Дар шаш моҳи гузашта аз тарафи шаҳрвандон 4 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд, ки бо ҳалномаҳои суд ба маблағи умумии 32 ҳазору 130 сомонӣ ҷарима гардиданд. Назорати иҷрои Қонуни мазкур минбаъд низ ба таври ҷиддӣ идома хоҳад ёфт, – афзуд Қодирҷон Мансурзода.


Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


ФАЙЗОБОД. ТАБЛИҒИ ДАСТОВАРДҲО ТАРҒИБ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН АСТ!
Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Файзобод баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.
Ба ифтихори ин санаи бузурги таърихӣ ШКД-и ноҳия бо роҳбарии полковники милитсия Муҳаммад Раҷабзода баҳри нигоҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу салоҳу оромии мардум ва пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ гурӯҳи таблиғотиро аз ҳисоби фаъолон, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, омӯзгорон таъсис дод. Таблиғгарон дар ташкилоту муассисаҳо, шаҳраку деҳот вохӯриҳо созмон дода, ба мардум, махсусан ба ҷавонон, аҳамияти сиёсии соҳибистиқлолиро шарҳу тавзеҳ дода, таъкид намуданд, ки дар барқарорсозии чунин давлати инсонпарвар саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузургу дар таърихи кишвар мондагор аст.
– Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар диёрамон сулҳу ваҳдат, оромию бехатарии мардум ҷомаи амал пӯшиду мо дар фазои осоишта умр ба сар мебарем. То солҳои наздик дар ҳудуди ноҳия теъдоди ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғону наврасон зиёд буд ва ин ҳолат мардумро ба ташвиш меовард, баъди бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар давоми шаш моҳи соли 2026 ҳамагӣ ду ҷинояти ноболиғон ба қайд гирифта шуд, – гуфт сардори шуъба Муҳаммад Раҷабзода.
Ҳамзамон, ӯ дар вохӯрии навбатӣ иброз дошт, ки шаҳраки “30-солагии Истиқлолият” навбунёд аст, аз ин рӯ, сокинон бояд дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳм бигиранд ва ба тозагию бехатарӣ муносибати ҷиддӣ намуда, корҳои созандагию ободкориро бомаром идома диҳанд.


Ҳоким САФАР, ноҳияи Файзобод