3 медали паҳлавонони мо дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин
1-9-уми август дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ доир гашт.
Дар он паҳлавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ширкат карданд. Дастаи мунтахаби гӯштии Тоҷикистон дар ин мусобиқа сазовори 3 медал – 2 тилло ва 1 биринҷӣ гардид. Медалҳои тиллоро Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) ва Магомет Евлоев (86 кг) ба даст оварданд. Айаал Белолюбский (57 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гашт.
САМБО
Соли 2027 Душанбе мизбони Чемпионати самбои Осиё ва Уқёнус мешавад
Шаҳри Душанбе соли 2027 мизбони Чемпионати самбои Осиё ва Уқёнус миёни калонсолон, наврасону ҷавонон ва собиқадорон хоҳад шуд. Дар ин бора Иттиҳоди самбои Осиё ва Уқёнус (SUAO) қарор қабул кард.
Мусобиқаи қитъавӣ моҳи майи соли оянда баргузор шуда, дар доираи он якбора якчанд ришта ва гурӯҳҳои синнусолӣ ба майдон меоянд. Барои медалҳо дар самбои варзишӣ ва самбои размӣ калонсолон ва ҷавонон (мардҳову бонувон) рақобат мекунанд. Писарону духтарони наврас барои дарёфти унвонҳо танҳо дар самбои варзишӣ зӯрозмоӣ менамоянд. Собиқадорон низ дар самбои варзишӣ рӯйи гилем мебароянд, аммо фақат мардҳо.
Ин чорабинии варзишӣ имсол 25-28-уми июн бо иштироки ҳудуди 500 варзишгар аз 30 давлати қора дар шаҳри Манилаи Филиппин баргузор шуда буд. Тими мунтахаби самбои кишвар дар ин мусобиқа сазовори 12 медал гашт.
ФУТБОЛ
Ҷоми Тоҷикистон-2026: иштирокчиёни нимфинал маълум шуданд
3 рӯзи охир бозиҳои ҷавобии даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон доир гаштанд.
8-уми август тими “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд дар сафар бар дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Бозии аввал низ бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфта буд. Дар бозии дигар “Истаравшан” бо “Сардор” мусовӣ (1:1) бозӣ карданд. Натиҷаи бозии аввали дастаҳо – 1:2. 9-уми август “Хуҷанд” дар майдони худ бо “Вахш” вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Бозии аввал – 1:0. Бозии охири даври чорякфинал 10-уми август миёни дастаҳои “Равшан” – “Парвоз” мусовӣ (1:1) шуд. Бозии аввали дастаҳо 3:0 шуда буд.
Ҳамин тариқ, дар нимфинал дастаҳои “Эсхата” бо “Сардор” ва “Хуҷанд” бо “Равшан” вомехӯранд. Бозиҳои аввали ин давр 22-23-юми август доир хоҳанд шуд.
Ёдрас мекунем, ки фонди ҷоизавии мусобиқа 300 000 сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб 200 000, барандаи медалҳои нуқра 100 000 сомонӣ дарёфт мекунанд.
35 ҚУЛЛАИ ВАРЗИШ
Мусобиқа оид ба бокс ҷамъбаст шуд
5-8-уми август дар Маҷмааи варзишии «Суғд Арена»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд доир гашт.
Дар он муштзанҳо аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Русия ширкат ва дар 10 вазни мардон ва 2 вазни бонувон муҳориба карданд.
Миёни бонувон Бибинишастамоҳ Холова (57 кг) аз тими Хатлон-2 ва Миҷгона Самадова (60 кг) аз Душанбе пирӯз гаштанд. Миёни мардҳо Абубакр Ҳасанзода (50 кг) аз Суғд, Меъроҷ Суфиҷонов (55 кг) аз Суғд, Дамир Муйбалихонов (60 кг) аз ВМКБ, Нурислом Калдибоев (65 кг) аз Қазоқистон, Шамшер Саидов (70 кг) аз Хатлон-2, Сардор Абдумуталиев (75 кг) аз Ӯзбекистон, Шаҳбоз Ҳаитов (80 кг) аз Суғд, Ғафурҷон Неъматов (85 кг) аз Ӯзбекистон, Бекзод Танатар (90 кг) аз Қазоқистон ва Муҳаммад Аброриддинов (+90 кг) аз Душанбе ҷойи аввалро сазовор шуданд.
Ба ғолибон ҷом, медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”