Баргашт Чоп кардан

ВАНҶ. НЕКИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ ФАРОМӮШ НАМЕГАРДАНД




Дар ин айёми омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияи Ванҷ низ ба мисли дигар мардуми шаҳру навоҳии кишвар дар шаъни Сарвари фарзонаи давлат, эҳёгари сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳидоятгари амалҳои ободонӣ ва бунёдкориву созандагиҳои зиёди беқиёс дар Тоҷикистон, шахсияти хеле номдори сатҳи байналмилалӣ, инсони шоиставу хоксор, меҳрубону ғамхор ва ба дилу дидагон наздик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони самимонаи хешро баён медоранд. Оре, хидматҳои Роҳбари арҷмандамон, ки тамоми ҳастии худро баҳри шукуфоии сарзамини тоҷикон бахшидаанд, хеле бузурганд. Ба дурустӣ, ки Пешвои миллат азизи дилу дидагони ҳар як хонадони Ванҷи ободу зебо ва шукуфону пурганҷ мебошанд. Чунин мисраъҳои устоди зиндаёд Муъмин Қаноат баёнгари арзи садоқати дили пурмеҳру муҳаббати онҳо нисбат ба Сарвари давлат мебошанд:
Қуллаҳои саркашамро зери поят мекунем,
Гар замин сахтӣ кунад, дар дида ҷоят мекунем.
Аз баландии роҳи тайнамудаи 35 соли даврони тиллоии соҳибистиқлолии кишвар гузаштаро низ ба ёд овардан хеле зарур аст.
Бо таассуф бояд гуфт, ки дар солҳои нахустини истиқлолият душманони хориҷӣ ва дохилӣ мустақилияти кишвар, сулҳу салоҳ ва оромиву осоиштагӣ, сари баланди миллатро дар давлати тозабунёди тоҷикон намехостанд. Онҳо муноқишаҳои бемаънии шаҳрвандиро эҷод карданд. Дар урфият хуб гуфта шудааст, ки пеши нурҳои ҳаётбахши Офтобро қуввае гирифта наметавонад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар зарфи 35 соли истиқлолият Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзадаи харобазор, аҳолиаш сарсону саргардон ва аз оянда умедашро канда ба мамлакати иқтисодаш рӯ ба рушд табдил гардид. Комёбиҳои беқиёс дар тамоми соҳаҳо ва ҷабҳаҳо насиби миллати тамаддунофар гаштанд.
- Акнун ҳамаи мо, - гуфт бо қаноатмандӣ муаллими солдида Хушвақт Искандаров, - қоил ва ифтихорманд аз он мебошем, ки бо дастгириҳои Пешвои хирадманду ғамхори миллат Ванҷи пурганҷ низ ба мисли дигар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин фосилаи кӯтоҳ хеле ободу зебо гардид. Дар даврони нав зиёда аз 130 иншоот ва садҳо манзилҳои истиқоматӣ, варзишгоҳ, толорҳо ва майдончаҳо барои кӯдакону ҷавонон сохта шуданд. Корхонаи саноатии «Мрамор Стоун», Парки саноатӣ, биноҳои бисёрошёнаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кохи фарҳанг, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ, маркази савдои «Ванҷ ситӣ» дар маркази ноҳия ва маҷмааи истироҳатии «Ванҷи Боло» дар деҳаи Вишхарвак, корхонаи истеҳсоли равғани ангату чормағз дар деҳаи Ғуҷоваст бо дастгириҳои Президенти маҳбуби кишвар сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Танҳо дар ду соли охир дар ноҳия 40 иншоот - бинои раёсати Вазорати молия, шуъбаи маориф, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ дар рустоҳои Мудехарв, Бунай ва Ванван, синфхонаҳо дар деҳаи Баравн, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ширговад, майдони варзиш дар рустои Гишхун, пулҳо дар рӯдхонаҳои Ванҷобу Язгуломоб ва дарёчаҳои кӯҳӣ сохтаву роҳҳои зиёде сангфаршу асфалтпӯш шудаанд. Бунёди пули нақлиётӣ дар мавзеи Мурғудга - Гармчашмаи ҳудуди деҳоти Рованд идома дорад.
Корҳои сохтмонии қитъаи роҳи зиёда аз 2-километраи то фурудгоҳи Ванҷро Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меорад. Корҳои бунёдгарӣ ба зиммаи ширкати сохтмонии “Ҷовид”, роҳбараш Воҳид Искандаров, гузошта шудаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар рустоҳои дурдаст ва баландкӯҳ ҳам манзилҳои истиқоматии бисёрошёна месозанд, зеро таъминот бо барқ доимист. Бо маслиҳату тавсияҳои Роҳбари давлат домони боғистонҳо то ба наздикиҳои пиряхҳои «Тоҷикистон» ва «Хирсон», қуллаҳои сарбагардункашидаи Исмоили Сомонӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигар баландиҳову дуриҳои водиҳои Язгулом ва Вотхуд расидаанд.
Чӣ тавре ки раиси ноҳияи Ванҷ Наҷмиддин Давлатзода дар суҳбат иброз дошт, сокинон аз он ифтихорманд ва шукргузоранд, ки Пешвои миллат Сарвар ва шахсияти нотакрори арсаи ҷаҳоние мебошанд, ки Тоҷикистони азизро аз чанголи фалокатбори ҷанги таҳмилӣ, муноқишаҳои бемаънии шаҳрвандӣ наҷот бахшида, дар даврони истиқлолият ба кишвари биҳиштосо ва дар тамоми соҳаҳо пешрафта табдил доданд ва миллати тоҷик аз сари нав сарбаланду шуҳратманд гардид.


Сироншоҳи ДИЛОВАР, собиқадори «Ҷумҳурият»