(назаре ба рисолаи Гулназарзода Жило "Низоми маъноии феъл дар забони адабии тоҷикӣ (бар мабнои осори бадеии Абдурраҳмони Ҷомӣ) – Душанбе - 2022, 332 саҳ.)
Дар низоми илмҳои филология таҳқиқ ва таҳлили масоили маъношиносӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Дар тамоми осори илмӣ аз қадим то ба имрӯз аҳли илм талош бар он кардааст, ки доир ба моҳияти калима, маъно ва тобишҳои гуногуни луғавию маъноӣ доштани он назару афкори ҷолибе баён намояд.
Маҳз чунин вижагии калима ва моҳияти маъноии он дар илми забоншиносӣ боиси он гардидааст, ки илми маъношиносӣ (ба истилоҳ семантика) бунёд ёбад, ки ҳадафу вазифаҳои асосии он баррасӣ ва муайян кардани низоми маъноии калима дар забон аст. Таҳлилу пажӯҳишҳое, ки дар ин самт шудаанд, гувоҳи онанд, ки дар бунёди маъно тамоми воҳидҳову категорияҳои забон – шуруъ аз овоз, анҷом то матн, нақшу саҳми муҳиме доранд.
Тобишҳои маъноию услубии калимаҳо дар забони осори бадеӣ яке аз масоили мубрам ба шумор меравад. Яъне дар назди аҳли сухан олами бешумори вожаҳо бо ифодаву тобишҳои гуногун қарор доранд ва танҳо он эҷодкоре метавонад аз доираи ин вожаҳои беҳадду канор вожаи мавриди назарашро интихоб карда, барои баёни мақсад истифода кунад, ки диди баланди зебоишиносии суханро дошта бошад.
Дар ҳамин росто, пажӯҳиши боарзише аз ҷониби доктори илмҳои филология, профессор Гулназарзода Жило бо номи "Низоми маъноии феъл дар забони адабии тоҷикӣ (бар мабнои осори бадеии Абдурраҳмони Ҷомӣ)" таълиф гардидааст, ки дар илми забоншиносии тоҷикӣ падидаи нав ба шумор меравад. Муҳаққиқи дақиқназар дар асоси тозатарин комёбиҳои илми маъношиносӣ назару афкори худро доир ба низоми маъноии феъл дар заминаи осори манзум ва мансури Абдурраҳмони Ҷомӣ дар рисолаи мазкур баён доштааст.
Аксари олимону адибон бар он назаранд, ки феъл ҳамчун ҳиссаи нутқ дар забони тоҷикӣ аз ҷиҳати теъдод хеле кам буда, дорои вижагиҳои гуногуни луғавӣ, маъноӣ ва сарфию наҳвӣ мебошад. Дар осори илмии фарогири масоили сарфу наҳви тоҷикӣ аз даврони қадим то имрӯз доир ба ин ҳиссаи нутқ андешаҳои зиёде баён гардида, мавқеи он дар забон то андозае муайяну муқаррар гардидааст. Вале ҷанбаҳои луғавию маъноии он чандон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор нагирифтаанд. Ин муҳимиятро забоншиноси нозукбин ба хубӣ дарк карда, рисолаашро дар мавзуи низоми маъноии феъл ба анҷом расондааст.
Рисолаи Гулназарзода Жило дар омӯзишу пажӯҳиши маъно ва густариши низоми семантикаи феъл дар забони тоҷикӣ аз муҳимтарин дастовардҳои илмӣ дар самти таҳқиқи низоми маъноии вожаҳо дар забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Дастовардҳои илмии ин таҳқиқ барои ҳалли масоили назариявии семантикаи лингвистӣ, типологияи маънои феъл – маъноҳои луғавӣ ва наҳвӣ, нишон додани маънои нақлии феъл, баррасии назарияи таносуби маъноӣ дар намунаи феъли забони тоҷикӣ, таҳлили назарияи гипонимия ё шумули маъноӣ чун категорияи луғавӣ дар асоси феъли забони тоҷикӣ, маънои прагматикӣ дар низоми семантикаи феъл, услубиёти он ва услуби фардӣ-эҷодии эҷодкор мусоидат менамоянд. Таҳлилу баррасии маводи рисола барои муайян кардани инкишофи таносуби шаклу маъно дар намунаи феъл дар давраҳои гуногуни рушди таърихии забони адабии тоҷикӣ аҳамияти илмию амалӣ дорад. Аз ҷониби муҳаққиқ интихоб гардидани осори Абдурраҳмони Ҷомӣ низ бесабаб нест, зеро ин адибу мутафаккири варзида бо осори мондагори илмию адабияш дар рушду такомул ва мондагории забон ва адабии тоҷикӣ хидматҳои шоистае карда, дар осори ӯ тамоми вижагиҳои таърихии забони тоҷикии асрои Х-XV инъикос ёфтааст. Ба андешаи дигар, осори адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ як навъ ҷамъбасти марҳилаи рушд ва инкишофи забони адабӣ дар асрҳои мазкур ба шумор меравад.
Зимни баррасии маънои луғавии феъл муҳаққиқ ба натиҷае расидааст, ки маънои луғавӣ симои олами воқеиро дар шуури инсон инъикос мекунад, оинаест, ки дар шуури соҳибони забон олами воқеӣ бо рангу ҷилоҳои муассиру созгор нишон дода мешавад.
Ҳамзамон, муаллифи рисола дар рафти баррасӣ дарёфтааст, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ аз феълҳое истифода кардааст, ки маъноҳои баъзе аз онҳо дар забони муосири тоҷикӣ кам истифода мешаванд ё истифода намешаванд ва, ё ҳамчун феъли мустақил корбаст намегарданд. Масалан:
Мазӣ нохушу хуш зи нобуду буд,
Тариқи васат варз дар бухлу ҷуд.
Мазидан ба маънои чашидан, дар форсии миёна аз решаи mič-mik- ва феъли варзидан, амал кардан, ба кор бурдан; дар форсии бостон varza; форсии миёна warza, ки ин мерасад ба ҳиндуаврупоии u˰erĝ-варзидан, кор кардан ва дар калимаҳои варзиш, варзигар, кишоварз, варзгов, варзоб, обварз, додварз, шиноварз, барзагов вуҷуд дорад
Нахустин чун ҳур сӯйи мағриб шигофт,
Фурӯғи ҷамолаш бар он мулк тофт.
Шигофтан – боз шудан, во гардидан, кушода шудан
Бад-ин шакли нохуш зи ҳикмат малоф,
Надида кас аз тирагил оби соф.
Лофидан– суханони зиёда аз ҳадди худ гуфтан, пургӯйӣ, ҳарзагӯйӣ.
Зоҳиран асоси замони ҳозираи ин феъл аз решаи rap, санскрит lap-(lapati)–ривоят кардан, ҳикоят кардан, сухан гуфтан; решаи rap аз ҳиндуаврупоии lep аз ҳамин реша аст ва лепетать (русӣ) – лакнати забон доштан низ аз ҳамин реша шояд бошад.
Феъл дар забони тоҷикӣ вобаста ба табиати ин ҳиссаи нутқ мафҳумҳои таъсиру ҳаракат, амалиёт, ҳолат ва тағйири аломатро мефаҳмонад, ки ин вижагӣ хоси феъл аст. Дар услуби бадеӣ ин вижагӣ бештар инъикос меёбад. Навъҳои гуногуни муродифҳо бо тобишҳои маъно обуранги услубӣ, эҳсосӣ ва дараҷаи истеъмол аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ки заминаи бақои онҳо маҳсуб меёбанд. Ҳангоми корбурд дар маънои услубӣ инҳо бояд тафовут дошта бошанд, то ки обуранги услубияшон шинохта шавад,– таъкид менамояд муаллифи рисола. Масалан:
Назари лутф зи ҳолам бикушой,
Занги андуҳ зи ҷонам бизудой.
Бош пеши рухаш оинаи соф,
Бартарош аз дили худ занги хилоф
Феъли содаи зудудан маънои пок кардан, соф кардан, тоза карданро дорад ва маҳз феъли бартарошидан (на феъли тарошидан) дар маънои мавриди назар бо феъли зудудан муродиф шудааст.
Бояд гуфт, ки масъалаҳои калимаву таркибсозӣ дар забон пайваста бо воҳидҳои сарфӣ омӯхта мешаванд, аз ин рӯ, дар услубшиносӣ ва ҳусни баён паҳлуҳои чун манбаи инкишофи луғавии забон хизмат намудани тарзу воситаҳои калимасозӣ, риояи қонуну қоидаҳои анъанавии он, муносибати он ба лаҳҷаву шеваҳо, таъсири забонҳои дигар, муродифоти воситаҳои калимасозӣ, ба миён омадани гунаҳои гуногуни калимаҳои сохта, мураккаб ва таркибҳо, калимасозии солим ва ноқис эътибор дода мешавад.
Дар мавриди дигар муҳаққиқ таъкид менамояд, ки эҷодкор вобаста ба истеъдод, малака, маҳорат ва дониш тарзи эҷодеро интихоб мекунад, ки ҳангоми сайқал ёфтан дар ин ё он ҳолате услуби хоси нигориши фардӣ падид меояд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар достонҳояш бо як нигориши ба худ хос феълҳои таркибиро истифода намудааст. Масалан:
Дил аз зулмати зулм софӣ кунем,
Ба оини адлаш талофӣ кунем.
Ба кӯйи вафо сустасосӣ макун,
Бубин неъмату носипосӣ макун.
Феълҳои софӣ кардан ба маънои пок намудан, талофӣ кардан ба маънои подош, товон додан, сустасосӣ кардан ба маънои бевафоӣ кардан, носипосӣ кардан ба маънои пос надоштан омадаанд.
Дар маҷмуъ, муҳаққиқ бо таълифи ин рисола дар пажӯҳиши тобишҳои маъноиву луғавии феъл таҳқиқоти муҳимеро ба аҷом расонида, дар рушди илми маъношиносӣ ва баррасии низоми семантикии феъл дар забон хидмати арзанди илмиеро ба анҷом расондааст.
"Низоми маъноии феъл дар забони адабии тоҷикӣ (бар мабнои осори бадеии Абдурраҳмони Ҷомӣ)" рисолаест, ки аз муҳтавои он олимону муҳаққиқон ва суханварону дӯстдорони забону каломи бадеъ метавонанд суд баранд.
Муҳаммаддовуд САЛОМИЁН,
доктори илмҳои филология,
профессор, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон