ГӮШТИНГИРӢ
12 медали паҳлавонони кишвар дар Чемпионати ҷаҳон
15-16-уми август дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин Чемпионати ҷаҳонии гӯштингирӣ баргузор шуд.
15-уми август дар маросими ифтитоҳи Чемпионат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба варзишгарон муваффақият хост.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз ҷумла иброз намуд: “Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, гӯштингирӣ варзиши суннатии мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, таърихи беш аз 5000-сола дорад. Воқеан, дар масири таърихи чандинҳазорсолаи миллати ориёии тоҷик намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштингирӣ, маҳбубияти зиёд дошта, дар баробари тақвият бахшидани қувваи ҷисмонӣ, барои наврасону ҷавонон ҳамчун тарбияи хислатҳои наҷиби инсонӣ, аз ҷумла ҷавонмардию далерӣ, хидмат мекард. Бояд таъкид намуд, ки муҳайё намудани шароити муносибу созгори инфрасохторию ташкилӣ барои рушди варзиши гӯштингирӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарияти пойтахти кишвар, қарор дорад. Қобили зикри хос аст, ки гӯштини миллии тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифта, то имрӯз дар 76 давлати ҷаҳон намояндагиҳои Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ таъсис ёфтааст”.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ, дар Чемпионат варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон ширкат карда, дар 9 вазн – 6 вазн байни мардон ва 3 вазн байни занон – барои ба даст овардани унвони чемпионӣ талош намуданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 24 варзишгар намояндагӣ карда, 12 медал – 5 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ – ба даст овард. Медалҳои тиллоро Муҳаммад Салимов (-65 кг), Абдуллои Ориф (-71 кг), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-78 кг), Ҳақназар Назаров (-86 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-95 кг) сазовор гаштанд. Умар Шеров (-71 кг), Қоим Шукронов (-78 кг) ва Шарифҷон Назриев (+95 кг) медали нуқра, Ёсин Бобокалонов (-65 кг), Муҳаммадисо Раҷабов (-71 кг), Акмал Муродов (-95 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+95 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Фонди ҷоизаҳои мусобиқа 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медод. Ба ғолибон 20 ҳазор доллар, ба барандагони медали нуқра 10 ҳазор доллар ва медали биринҷӣ 5 ҳазор доллар тақдим шуд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин Чемпионати ҷаҳонии гӯштингирӣ 28-31-уми августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки варзишгарони 60 давлат баргузор гардида буд, ки дар он Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карда буданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”