Истиқлол ва пайванди ҷовидона бо ҷаҳони муосир
Боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳи ин сарзамин аст, ки Ватани азизи мо дар зарфи 35 соли истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоту монеаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолиро пушти сар намуда, ба шоҳроҳи тараққиёт қадамҳои устувор гузошт ва дар арсаи байналмилалӣ эътибори хос пайдо намуд.
Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузорад. Ба шарофати истиқлолият дар арсаи ҷаҳон мартабаи Тоҷикистон пайваста боло рафта, ташаббусҳои кишвари моро ба хотири амнияти мардуми сайёра дар сатҳи байналмилалӣ мепазиранд.
Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшидааст. Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо дарвозаҳои чаҳор самти олам ба рӯйи Тоҷикистон боз гардида, доираи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо мамлакатҳои сершумори ҷаҳон густариш ёфтанд.
Барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстӣ аз ҷумлаи дастовардҳои калидие мебошанд, ки халқи тоҷик дар партави сиёсати бунёдгарои Сарвари дурандешу давлатсози хеш ба онҳо мушарраф гардид. Ҳоло дар соири кишварҳои олам Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускору пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон мешиносанд, ки боиси ифтихору сарбаландӣ аст.
Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳими истиқлолияти давлатӣ мебошад. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавонро бо суннатҳои воло ва мероси бузурги ниёгонамон ошно намуда, дар зеҳну шуури онҳо ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон, эҳтироми арзишҳои истиқлоли давлатӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиро таҳким бахшем, то барои ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои таърихии он ҳар як шаҳрванди мамлакат худро масъул донад.
Заррина ШОНАЗАРОВА,
ёрдамчии судяи
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон