Баргашт Чоп кардан

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Иброҳим Вализода, хатмкунандаи Коллеҷи тиббии пойтахт ва факултети химияю биологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ анқариб 15 сол аст, ки дар низоми иттифоқҳои касабаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон ҳамчун роҳбари оқилу дурандеш фаъолият мебарад ва пайваста ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандони соҳаро ҳифз менамояд. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии ин марди заҳматкашу ташаббускор буд, ки соҳаи хидматрасонии табибон ба аҳолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол беҳтар мегардад ва беморон дигар барои табобат ва ҷарроҳӣ ба хориҷи кишвар нарафта дар клиникаҳои ҳозиразамон, ки бо таҷҳизоти навину гаронарзиш таъминанд, табобат гирифта, саломатии худро барқарор месозанд.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти И. Вализода ин таъмин намудани кормандони соҳа ва оилаҳои онҳо бо роҳхатҳо ба марказҳои солимгардонӣ, осоишгоҳҳои табобатию санатории “Хоҷа Оби Гарм”, “Шоҳамбарӣ”, “Сангчашма”, “Тосқалъа”, “Ширкент” мебошад, ки ҳамасола садҳо нафар кормандон бо роҳхатҳои хароҷоташ суғуртавӣ ва ройгон таъмин мешаванд. Дар мавсими истироҳати тобистона қариб 350 наврас аз оилаҳои кормандони тиб дар лагерҳои истироҳатию солимгардонӣ вақти худро хуш гузаронд.

И. Вализода тибқи дастуру ҳи-доятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби иттифоқи касаба дар арафаи Ҷашни Наврӯзи бостонӣ ва идҳои Рамазону Қурбон ба кормандони камбизоат ва ба оилаҳои ниёзманд кумаки моддӣ расонд.

Дар соли таҳсили 2025-2026, 18 нафар донишҷӯйи лаёқатманд аз Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Бохтар, Коллеҷи тиббии Кангурти ноҳияи Темурмалик, Коллеҷи тиббии хусусии “Даво” ва Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии “Саодат”-и шаҳри Бохтар идрорпулии кумитаи иттифоқи касабаи соҳавӣ гирифт. Инчунин, ба 8 нафар донишҷӯй аз оилаҳои ниёзманд ёрии моддӣ расонданд. Ҳамчунин, аз ҳисоби фондҳои захиравии соҳа ба 44 нафар корманди соҳаи тибби шаҳри Кӯлоб, ки бар асари омадани сели шаби 1-уми майи соли 2026 зарар дид, ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ва маводи сохтмонӣ кумак карданд.

Қобили зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар байни дастаҳои табибони муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ, Бохтар, Дӯстӣ ва Хуросон мусобиқаи футбол гузаронда шуд. Дар назди беморхонаи ноҳияи Вахш майдончаи варзиш бунёд гашт, ки саҳми кумитаи иттифоқи касаба дар сохтмони он назаррас аст.

Аълочии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон И. Вализода имрӯзҳо хело серташвиш аст. ӯ иқдом гирифтааст, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як толори варзишро дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бо ҷалби соҳибкорон ва ҳашарҳои дастаҷамъонаи кормандони соҳаи тандурустӣ бунёд намоянд.

Музаффар МУРОДОВ,

бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон