Баргашт Чоп кардан

MDIS Душанбе Рушди таҳсилоти байналмилалӣ

MDIS Душанбе

Рушди таҳсилоти байналмилалӣ

Ректори филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (MDIS) дар шаҳри Душанбе Зайниддин Мухторов зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки Донишкада аз замони таъсисёбӣ дар соли 2021 ва қабули аввалин донишҷӯён дар соли 2023 дар самти таҳкими заминаҳои таълимӣ, рушди шарикиҳои стратегӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди академӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ба гуфтаи ректор, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти MDIS татбиқи барномаҳои таълимии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир - Донишгоҳи Сандерленд ва Донишгоҳи Тессайд мебошад. Ин ҳамкориҳо ба донишҷӯёни Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки дар дохили кишвар аз рӯйи барномаҳои байналмилалӣ таҳсил намуда, соҳиби дипломҳои донишгоҳҳои шарики Британияи Кабир гарданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими фаъолияти Донишкада хатми аввалин донишҷӯёни барномаи MBA дар моҳи апрели соли 2026 мебошад. Дар ин марҳала 15 хатмкунанда соҳиби дараҷаи магистр шуда, дар созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои давлатӣ ба кор ҷалб гашт.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, шумораи донишҷӯён аз 25 нафар дар давраи қабули аввал тадриҷан афзоиш ёфта, дар соли сеюми фаъолияти таълимӣ ба 134 нафар расид.

Сайфиддин СУННАТӢ