Баргашт Чоп кардан

ҲАБИБИ ВАТАН Ба Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон

ҲАБИБИ ВАТАН

Ба Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон

Маҳбуби ҷаҳонию ҳабиби ватанӣ,

Бар ҷумлаи дардҳо табиби ватанӣ.

Гуфтӣ, ки ман аз баҳри Ватан мемирам,

Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби ватанӣ...

ФАРЗОНА,

Шоири халқии

Тоҷикистон

НОМАИ СУЛҲУ МУҲАББАТРО ДАБИРӢ, ПЕШВО!

Рӯзи дидор аст, дидори мунири Пешво,

Офтобӣ дидаам роҳи ҳарири Пешво.

Ин қадар оинаҳо хушбахт аз дидори Шамс

Сад чаман оина гулзори замири Пешво.

Миллати тоҷик садҳо сол дар ёде набуд,

Кард машҳури ҷаҳон номи шаҳири Пешво.

Ӯ наҷоти миллат оре, қаҳрамони миллат аст,

Безаволӣ бод бахти беназири Пешво.

Бо дуои модари ғамхор бо арзи адаб,

Кибриёӣ шуҳрати олампазири Пешво.

Рӯзи ид омад чу тафсир аст бар иди ҳама,

Офтоб аз бахти ин миллат сафири Пешво.

Хатми ғам хоҳам намуду хатми андуҳи гарон,

Шукри дидори азизу беназири Пешво

Баски бо рафтору гуфтораш ҳама зебоӣ аст,

Қалби халқи оламе дидам асири Пешво.

Офтобимартабат, яктои олисалтанат

Номаи сулҳу муҳаббатро дабирӣ, Пешво.

Тифл дар гаҳвора мехобад ҳама осуда аст,

Пеши роҳи ҷангро мардона гирӣ, Пешво.

Ҳар ятимеро падар, бар ҳар ҷавоне сарпараст,

Баъди Эзад тоҷиконро дастгирӣ Пешво.

Халқро шаҳномахон кардӣ, ба ирфони худат,

То нависӣ бахти миллат, хома гирӣ Пешво.

Бо паёми хоҳарона бо дуои модарон,

Нашр кардам ашки шодӣ, беназирӣ Пешво.

Адибаи ХУҶАНДӢ,

барандаи Ҷоизаи

адабии ба номи

Камоли Хуҷандӣ

ПЕШВО КИШВАРИ МОРО

НАВ КАРД!

Як нафар омаду ин куҳнасароро нав кард,

Деҳаву шаҳр, баробар ҳама ҷоро нав кард.

Мо ба ояндаи худ хира нигаҳ мекардем,

Ӯ, ки омад, назари куҳнанаморо нав кард.

Чангпӯшида буд оинаи дилҳо аз ҷанг,

Нигаҳе карду рухи оинаҳоро нав кард.

Гимн, фарҳанг, русуми дигаре дар мо буд,

Ғояи тоза, ки ӯ дошт, наворо нав кард.

Фикрҳо пур-пури ангезаи ғайре буданд,

Асли худ то ки биёбем, фазоро нав кард.

Чашмҳои ҳамагон мисли само абрӣ буд,

Офтобона бихандид, ҳаворо нав кард.

Мо, ки дин гуфта ба такбир бародар куштем,

Дар дили мо асари лутфи Худоро нав кард.

Ин Ватан нест дигар мамлакати пасмонда,

Пешво пешравон кишвари моро нав кард.

Меҳровари МАСТЧОҲӢ,

узви Иттифоқи

нависандагони Тоҷикистон