Баргашт Чоп кардан

АЗ СИФАТИ БАЛАНДИ МАҲСУЛОТ ТО НАРХҲОИ ДАСТРАС

АЗ СИФАТИ БАЛАНДИ МАҲСУЛОТ ТО НАРХҲОИ ДАСТРАС

Бардошти сокинон аз роҳандозии рӯзҳои фарҳанг дар пойтахт

Абдулло АМИНОВ,

cокини маҳаллаи 65-уми пойтахт:

– Ман нахуст, аз намоиши маҳсулоти кишоварзони вилояти Суғд пурра дидан кардам. Ба ман, пеш аз ҳама, сифати баланди маҳсулоти кишоварзӣ писанд омад. Номгӯи маҳсулот хеле зиёд ва рангин буда, доираи интихоб васеъ буд. Офарин ба мутасаддиён, ки дар баробари маҳсулоти хушсифат, онро бо нархи аз бозор 40 – 60 дарсад арзон пешкаш карданд. Агар имкони бештар нигоҳ доштани меваю сабзавоти тару тозаро медоштам, боз ҳам зиёдтар маҳсулот мехаридам.

Абдуҳалим КАРИМОВ,

сокини шаҳри Ҳисор:

– Дар водии Ҳисор зардолу, асосан, моҳҳои май – июн мепазад. Дар нимаи моҳи август дидани зардолуву олуи тару тозаи боғдорони ноҳияи Айнӣ барои ман хеле хушоянд буд. Нархашон арзон – ҳар килои зардолу 10 сомонию олу 5 сомонӣ.

Зайниддин ХОҶАЕВ,

сокини маҳаллаи Борбади пойтахт:

– Ман аз растаи намоиши маҳсулоти шаҳри Панҷакент 4 килограмм мавизи сиёҳро бо нархи ҳар килояш 20 сомонӣ харидам. Афсӯс, ки маҳсулот тамом шуд. Вагарна аз ин маҳсулоти хушсифат, ки нисбат ба бозор се баробар арзон буд, бештар мехаридам. Аз растаи маҳсулоти боғдорони ноҳияи Ашт низ чормағзи хушсифат бо нархи ҳар килояш 20 сомонӣ харидам.

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо пешниҳоди маҳсулоти хушсифат ва нархҳои нисбат ба бозор арзон таваҷҷуҳи харидоронро ба худ ҷалб мекард. Дар ин ҷо ҳар кас метавонист маҳсулоти тару тоза ва босифатро бо нархи дастрас пайдо кунад.

Аз ҷумла, картошкаи аълосифат ҳамагӣ 3 сомонию 20 дирам, олу 5 сомонӣ пешниҳод шуд. Ҳамчунин, навъҳои гуногуни асали табиӣ, аз ҷумла асали кӯҳӣ, асал бо чормағзу писта, асал бо сиёҳдона ва дигар намудҳо дар зарфҳои гуногун, аз 40 то 100 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буданд.

Дар намоишгоҳ, инчунин, равғани рустанӣ, орд, макарон, маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва моҳии зинда, ки дар ҳавзҳои сунъӣ нигоҳдорӣ мешуданд, пешниҳод гардиданд. Фаровонии маҳсулот, таровати онҳо, сифати баланд ва нархҳои дастрас ин растаҳоро ба яке аз ҷойҳои ҷолиби харид табдил дода буданд.

Ба ғайр аз маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ороишоти миллӣ низ бо завқи хос ба намоиш гузошта шуда буданд, ки ба муҳити раста рангу таровати хосса мебахшиданд.

Ҳамин тавр, ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд на танҳо имкони хариди маҳсулоти тару тоза ва хушсифатро бо нархи дастрас фароҳам овард, балки намунаи равшани фаровонии дастранҷи кишоварзон, боғдорон, чорводорон ва занбӯриасалпарварони вилоят гардид.

Дар маҷмуъ, Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Душанбе бо барномаҳои рангину ҷолиб, намоиши ҳунару анъанаҳои миллӣ, бахусус, муаррифии дастовардҳои кишоварзону истеҳсолкунандагон дар фазои идона ва руҳияи баланди сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид. Ин чорабинӣ бори дигар нишон дод, ки истиқлоли давлатӣ барои муаррифии имкониятҳои иқтисодию фарҳангӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагии мардуми кишвар заминаи устувор фароҳам овардааст.

Фаровонии маҳсулот ва чеҳраҳои хандону хушнуди харидорон дар растаҳои маҳсулоти кишоварзони вилояти Суғд гӯё як паёми самимӣ аз водиҳо ва кӯҳистони ин вилояти соҳибфайз буд: паёми меҳнат, баракат ва фаровонӣ ба пойтахти азизи мамлакат – шаҳри Душанбе.

Сайфиддин СУННАТӢ,

“Ҷумҳурият”