"Майдони Истиқлол"
Таҷаллии санъати асил дар шоми фарҳангии санъаткорони вилояти Суғд
15-уми август дар "Майдони Истиқлол"-и шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи консертии ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, аҳли зиё, шоирону нависандагон, ҳунармандон ва меҳмонони зиёд иштирок намуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ бошукӯҳ ва сатҳи баланди касбӣ доир гардида, дастовардҳои аҳли фарҳангу ҳунари вилояти Суғдро дар даврони соҳибистиқлолӣ бозгӯ намуд. Дар саҳна суруду мусиқии миллӣ, рақсҳои суннатӣ, таронаҳои ватандӯстона ва намунаҳои беҳтарини санъати касбӣ ва эҷодиёти мардумии Суғд пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт шуданд.
Ҳунармандони суғдӣ бо маҳорати баланди касбӣ ва барномаи пурмуҳтаво фазои идона эҷод намуда, фарҳанги ғанӣ, суннатҳои дерина ва ҳунари муосири мардуми ин минтақаи бостонии кишварро муаррифӣ карданд. Барнома аз ҷониби сокинон, меҳмонони пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ бо истиқболи гарму самимӣ пазируфта шуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким зимни ибрози андеша таъкид намуд, ки истиқболи гарми сокинони пойтахт аз чунин чорабиниҳо нишонаи муҳаббат ба фарҳанг ва эҳтиром ба меҳмонон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, Душанбе дар ин рӯзҳо ба майдони бузурги дӯстиву ҳамдилӣ табдил ёфта, бо накҳату зебоӣ ва фазои сулҳу субот симои хоси фарҳангӣ касб кардааст.
Истиқлоли давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва рушди санъату ҳунар заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созанда ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзу эҳёи мероси маънавӣ, рушди фарҳанги миллӣ, дастгирии аҳли эҷод ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ба шарофати ин сиёсати фарҳангпарварона санъати касбӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд, марҳалаи нави рушдро тай намуда, барои муаррифии фарҳанги тоҷикон дар дохил ва хориҷи кишвар имкониятҳои бештар фароҳам омадааст. Консерти ҳунармандони Суғд бозтоби ҳамин дастовардҳо буд. Суруду мусиқӣ, рақс ва таронаҳои ватандӯстона дар иҷрои ҳунармандони вилоят муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботро тараннум намуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар дар пойтахт, пеш аз ҳама, далели равшани он аст, ки сулҳу субот ба ҷомеа имкони зиндагии осуда, эҷод кардан ва муаррифии дастовардҳоро фароҳам меорад. Дар фазои ором ҳунарманд эҷод мекунад, гурӯҳи ҳунарӣ сафар менамояд, устои мардумӣ маҳсули дастони худро пешкаш месозад ва мардум озодона аз ин ҳама баҳра мебарад.
Шояд, чунин имкониятҳо имрӯз барои мо як амри маъмулӣ намоянд, аммо, дар асл, онҳо арзиши бузург доранд, зеро фарҳанг дар фазои сулҳ рушд мекунад ва ҳунар дар муҳити озоду созанда ба камол мерасад.
Имрӯз, вақте намояндагони гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъ меоянд, бо ҳам суруд мехонанд, ҳунар меофаранд, дастовардҳои худро нишон медиҳанд ва фарҳанги якдигарро эҳтиром менамоянд, саҳнаҳои мазкур паёми муҳими дигар низ доранд: мо гуногунем, аммо як миллат, як давлат ва як Ватан дорем.
Аз ин нигоҳ, рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо танҳо ҷашни ҳунар нестанд. Онҳо ҷашни сулҳ, ваҳдат ва соҳибистиқлолӣ низ ҳастанд, зеро танҳо дар фазои орому босубот метавон чунин як барномаи фарогири фарҳангиро роҳандозӣ кард, ки дар он тамоми минтақаҳои кишвар чеҳраи фарҳангии худро ба пойтахт меоранд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
Руҳафзо МУРОДОВА,
«Ҷумҳурият»