Баргашт Чоп кардан

Тоҷикистон дар масири рақамисозӣ:

Тоҷикистон дар масири рақамисозӣ:

аз бунёди «IT Hub Dushanbe» то ҳавасмандсозии кадрҳо

Таҳкими инфрасохтори рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нав ворид мешавад. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, рушди устувори иқтисодиёт ва осону беҳтар намудани кору зиндагонии шаҳрвандон чораҳои мушаххас андешида мешаванд, ки дар ҳаёту фаъолияти рӯзмарра метавон эҳсос намуд.

«IT Hub Dushanbe» –

маркази навовариҳои технологӣ

Яке аз рӯйдодҳои муҳиме, ки имсол дар самти рақамикунонӣ дар кишвар ба вуқуъ пайваст, ин бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузоштани санги асос ба сохтмони маҷмааи муосири «IT Hub Dushanbe» (9-уми июни соли 2026) мебошад. «IT Hub Dushanbe» бузургтарин лоиҳаи инфрасохтории соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ буда, ба рушди зеҳни сунъӣ, соҳибкории технологӣ, тадқиқоти илмӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияҳои рақамӣ мусоидат менамояд.

Тибқи иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳа 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар маҷмаа барои 5000 нафар ҷойи кор фароҳам оварда шуда, фаъолияти ширкатҳои технологӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва сармоягузорони хориҷӣ таъмин карда мешавад. Ин лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ ҳамчун системаи мукаммали иқтисоди рақамӣ тарҳрезӣ шудааст. Бунёд ва фаъолияти он дар оянда боиси ба яке аз марказҳои навовариҳои технологии минтақа табдил ёфтани Душанбе мегардад.

Портали ekhizmat.tj:

хидматрасонии осон ва шаффоф

Дар баробари ин, бо мақсади таъмини шаффофият ва дастрасии осони шаҳрвандон ба хидматрасониҳои давлатӣ, портали ягонаи ekhizmat.tj фаъол мебошад. Айни замон дар ин портал беш аз 116 хидматрасонии 16 мақомоти давлатӣ дастрас аст.

Омори шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки беш аз 976644 нафар аз айнияткунонӣ (идентификатсия) гузашта, 62096 муроҷиат барои гирифтани хидматрасониҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дорад. Хидматрасониҳои маъмул, аз қабили гирифтани маълумот дар бораи доғи судӣ, ваколатномаҳо барои воситаҳои нақлиёт ва иҷозатномаҳо барои шишаҳои сиёҳу хира, ки ҳамарӯза садҳо нафар аз онҳо истифода мебаранд, тавассути ин портал ба таври онлайн ва бидуни сарфи вақти зиёдатӣ дастрас гардидаанд. Илова бар ин, бо мақсади фароҳам овардани имконият барои он гурӯҳи шаҳрвандоне, ки ба хидматрасониҳои рақамӣ дастрасии маҳдуд доранд, ҳамчун алтернатива маркази хидматрасониҳои давлатӣ дар шакли ҳузурӣ низ ба фаъолият оғоз намудааст, ки ин иқдом дастрасии аҳолиро ба низоми ҳукумати электронӣ боз ҳам бештар месозад.

Тақвияти заминаҳои ҳуқуқӣ

ва дастгирии кадрҳо

Рушди босуръати соҳаи технологияҳои рақамӣ бе такя ба заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст. Дар ин замина, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор (5 қонун, 34 қарори Ҳукумат ва 5 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба рушди соҳа ва инфрасохтори рақамӣ ангезаи ҷиддӣ бахшиданд. Аз ҷумлаи муҳимтарини ин иқдомҳо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохтҳои иловапулӣ ба кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» мебошад. Ин тасмими стратегӣ яке аз монеаҳои асосии рушди соҳа – норасоии мутахассисони баландихтисосро, ки қаблан бинобар рақобатпазир набудани маош дар бахши давлатӣ нисбат ба бахши хусусӣ ба вуҷуд омада буд, ба таври куллӣ ҳал менамояд.

Хулоса, тадбирҳои андешидашуда дар ин самт аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон ба сӯйи ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ин раванд на танҳо сифати идоракунии давлатиро баланд мебардорад, балки ба ҳар шаҳрванд дастрасии осон, шаффоф ва зудро аз хидматрасониҳои давлатӣ таъмин намуда, дар маҷмуъ, ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар, таъсиси ҷойҳои нави кор, боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат мусоидат менамояд.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»