Баргашт Чоп кардан

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ дар ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёд дар масири 35 соли истиқлоли давлатӣ

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

дар ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёд дар масири 35 соли истиқлоли давлатӣ

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии таърихи навини миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, аммо аҳамияти он танҳо дар таъсиси давлати соҳибихтиёр ифода намеёбад. Барои илми ҳуқуқ истиқлол, пеш аз ҳама, оғози ташаккули низоми мустақили давлатдорӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ ва сиёсати давлатии ҳуқуқӣ мебошад.

Агар то соли 1991 рушди қонунгузорӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар доираи низоми ҳуқуқии Иттиҳоди Шуравӣ сурат мегирифт, пас, баъди ба даст овардани истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал имконият пайдо намуд, ки модели давлатдории худро мустақилона муайян намояд, Конститутсияи миллиро қабул кунад ва низоми ҳуқуқии ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашариро ташаккул диҳад.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ сохтмони давлати ҳуқуқбунёд одатан дар шароити фаъолияти устувори мақомоти давлатӣ ва суботи сиёсӣ сурат мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ин равандро дар вазъияте оғоз намуд, ки ҳамзамон масъалаҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, хотима бахшидан ба муқовимати дохилӣ, ташкили мақомоти нави давлатӣ ва ташаккули низоми мустақили ҳуқуқиро ҳал менамуд.

Аз ҳамин сабаб, роҳи тайкардаи Тоҷикистон аз таҷрибаи аксари давлатҳои дигар фарқ мекунад ва аз дидгоҳи назарияи давлат ва ҳуқуқ ҳамчун модели мустақили ташаккули давлати ҳуқуқбунёд мавриди омӯзиш қарор гирифта метавонад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 маҳз чунин муносибати мураккабро таҷассум намудааст. Дар моддаи 1 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян шудааст. Ин меъёр танҳо хусусияти эъломиявӣ надорад. Он модели давлатии Тоҷикистонро муайян намуда, самти умумии рушди тамоми низоми ҳуқуқиро пешбинӣ мекунад. Дар ҳамин асос баъдтар низоми мақомоти давлатӣ, қонунгузории миллӣ, ислоҳоти судӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва дигар самтҳои муҳими давлатдорӣ ташаккул ёфтанд.

Дар паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониҳои расмии худ Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки Конститутсия асоси давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таҳкими қонуният ва рушди давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Ҳамзамон, дар онҳо такроран зикр мегардад, ки сифати қонунгузорӣ, фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, таҳкими ҳокимияти судӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд самтҳои доимии сиёсати давлатӣ бошанд. Ин мавқеи пайгирона имкон медиҳад, ки рушди қонунгузории миллӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатии ҳуқуқӣ арзёбӣ гардад.

Ҳамин тавр, ҳадафи асосии таҳқиқ на танҳо нишон додани таҳаввули қонунгузории миллӣ, балки асоснок намудани хулосаи илмӣ мебошад, ки дар давоми 35 соли истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон модели миллии давлати ҳуқуқбунёд ташаккул ёфтааст. Ин модел ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намуда, бар пояи сиёсати пайгиронаи давлатии ҳуқуқӣ, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст, инкишоф ёфта, имрӯз яке аз пояҳои асосии рушди устувори давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Марҳалаи 1. Барқарорсозии давлатдорӣ ва заминагузории сиёсати давлатии ҳуқуқӣ (с.1992-1994). Дар таърихи давлатдорӣ на ҳамеша ташаккули давлати ҳуқуқбунёд аз қабули Конститутсия оғоз меёбад. Таҷрибаи бисёр кишварҳо нишон медиҳад, ки қабл аз ин давлат бояд қобилияти амалии худро нигоҳ дорад, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро барқарор намояд ва суботи сиёсиро таъмин кунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҳамин марҳала гузашт. Аз ин рӯ, солҳои 1992-1994-ро метавон на танҳо оғози ислоҳоти конститутсионӣ, балки оғози ташаккули сиёсати давлатии ҳуқуқӣ арзёбӣ намуд, ки баъдтар ба меҳвари рушди давлати ҳуқуқбунёд табдил ёфт.

Марҳалаи солҳои 1992-1994 нишон медиҳад, ки нақши Пешвои миллат дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, пеш аз ҳама, дар таҳия ва роҳнамоии сиёсати давлатии ҳуқуқӣ ифода ёфт. Маҳз ҳамин сиёсат имкон фароҳам овард, ки барқарорсозии давлатдорӣ, қабули Конститутсия ва ташаккули институтҳои бунёдии давлати ҳуқуқбунёд ҳамчун ҷузъҳои як раванди ягона амалӣ гарданд.

Марҳалаи 2. Ташаккули институтҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ва таҳкими сиёсати давлатии ҳуқуқӣ (с.1994-2000). Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ба раванди давлатсозии миллӣ нуқтаи анҷом нагузошт. Баръакс, он оғози марҳалаи сифатан нави рушди давлатдорӣ гардид.

Дар ин марҳала яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатии ҳуқуқӣ ташкили низоми ягонаи қонунгузории миллӣ буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан бояд фазои ҳуқуқии худро аз нав бунёд мекард. Қисми зиёди санадҳои амалкунанда ба шароити давлати соҳибистиқлол мутобиқат надоштанд ва муносибатҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро танзим карда наметавонистанд. Аз ин рӯ, таҳияи қонунгузории миллӣ ба яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ мубаддал гашт.

Дар ҳамин замина, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сиёсати давлатии ҳуқуқӣ боз ҳам равшантар зоҳир гардид. Агар дар марҳалаи аввал диққати асосӣ ба барқарор намудани давлатдорӣ равона шуда бошад, баъди қабули Конститутсия самти асосии сиёсати давлатӣ ташкили муҳити устувори ҳуқуқӣ гардид.

Марҳалаи мазкур, ҳамзамон, бо ташаккули институти ҳуқуқэҷодкунии миллӣ тавсиф мегардад. Агар қаблан бахши зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи низоми ҳуқуқии шуравӣ қабул гардида бошанд, акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона сиёсати қонунгузории худро муайян мекард.

Аз ин лиҳоз, марҳалаи солҳои 1994-2000 нишон медиҳад, ки қабули Конститутсия танҳо оғози роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд буд. Маҳз дар ин давра таҳти роҳбарии Пешвои миллат сиёсати давлатии ҳуқуқӣ ба ташаккули институтҳои амалкунандаи давлат нигаронда шуда, волоияти Конститутсия, ҳуқуқэҷодкунии миллӣ, мақомоти конститутсионӣ ва кафолатҳои ҳуқуқҳои шаҳрвандон тадриҷан аз меъёрҳои ҳуқуқӣ ба воқеияти институтсионалӣ табдил ёфтанд.

Марҳалаи 3. Гузариш аз бунёди институтҳо ба сиёсати пайгиронаи рушди давлати ҳуқуқбунёд (с.2000-2015). Дар оғози асри XXI Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди давлатдорӣ ворид гардид. Агар солҳои аввали истиқлол ва давраи баъди қабули Конститутсия бештар ба ташкили пояҳои давлатдорӣ ва институтҳои асосии ҳокимияти давлатӣ равона шуда бошад, минбаъд вазифаи асосӣ аз таъмини фаъолияти устувор ва самараноки ҳамин институтҳо иборат гардид.

Аз ҳамин сабаб, марҳалаи солҳои 2000-2015-ро метавон ҳамчун давраи гузариш аз бунёди институтҳои давлати ҳуқуқбунёд ба сиёсати пайгиронаи рушди онҳо арзёбӣ намуд. Ин тағйирот танҳо хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ надошт. Он нишондиҳандаи он буд, ки давлати Тоҷикистон аз ҳалли масъалаҳои фаврии давраи гузариш ба татбиқи барномаи дарозмуддати рушди ҳуқуқӣ гузаштааст.

Марҳалаи 4. Такмили сиёсати давлатии ҳуқуқӣ ва ташаккули модели муосири давлати ҳуқуқбунёд (с.2015-2026). Агар марҳалаи қаблӣ бо таҳкими институтҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд тавсиф гардад, пас аз нимаи дуюми даҳсолаи дуюми асри XXI Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави рушди сиёсати давлатии ҳуқуқӣ ворид гардид.

Хусусияти асосии ин марҳала дар он ифода меёбад, ки давлат дигар танҳо ба такмили институтҳои алоҳида маҳдуд нашуда, ба ташаккули низоми ягонаи банақшагирии рушди ҳуқуқӣ гузашт. Аз ин давра сар карда, рушди қонунгузорӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ислоҳоти судӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ ҳамчун ҷузъҳои як сиёсати ягонаи давлатӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам возеҳтар зоҳир гашт. Агар дар солҳои аввали истиқлол таваҷҷуҳи асосӣ ба барқарорсозии давлатдорӣ ва қабули Конститутсия равона шуда бошад, пас, дар ин марҳала фаъолияти Сарвари давлат бештар ба муайян намудани самтҳои стратегии рушди ҳуқуқӣ нигаронда шуд.

Марҳалаи нав дар рушди сиёсати ҳуқуқӣ баъди ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2018, №1005 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» оғоз гардид. Аз нигоҳи илмӣ, аҳамияти ин ҳуҷҷатро танҳо ҳамчун санади банақшагирӣ арзёбӣ намудан кофӣ нест.

Дар асл Консепсия нахустин санади давлатӣ гардид, ки сиёсати ҳуқуқиро ҳамчун самти мустақили сиёсати давлатӣ муайян намуда, рушди минбаъдаи ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва такмили фаъолияти мақомоти давлатиро дар як низоми ягона муттаҳид сохт.

Дар сиёсати давлатии ҳуқуқӣ масъалаи маърифати ҳуқуқӣ низ ҷойгоҳи марказӣ пайдо кард. Бо назардошти ҳамин воқеият, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Ин ташаббус бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023, №668 амалӣ гашт.

Марҳалаи 5. Модели миллии давлати ҳуқуқбунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои муаззами миллат дар ташаккули он. Таҳлили марҳалаҳои рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёдро танҳо ҳамчун натиҷаи қабули Конститутсия, кодексҳо ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ арзёбӣ намудан нокифоя мебошад.

Чунин муносибат танҳо таҳаввули қонунгузориро инъикос мекунад, вале моҳияти аслии равандро пурра ошкор намесозад. Аз нуқтаи назари назарияи давлат ва ҳуқуқ, аҳамияти асосии таҷрибаи Тоҷикистон дар он аст, ки дар тули 35 соли истиқлол низоми мукаммали сиёсати давлатии ҳуқуқӣ ташаккул ёфт, ки маҳз он асоси рушди пайдарпайи институтҳои давлати ҳуқуқбунёд гардид.

Аз ҳамин ҷо метавон ба яке аз хулосаҳои асосии таҳқиқ расид: дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд на ҳамчун натиҷаи амалҳои пароканда, балки ҳамчун натиҷаи татбиқи сиёсати пайгиронаи давлатӣ ташаккул ёфт. Ин сиёсат давра ба давра такмил ёфта, вобаста ба шароити таърихӣ вазифаҳои навро фаро гирифтааст, аммо самти умумии он тағйир наёфтааст. Аз барқарор намудани давлатдорӣ то такмили ҳуқуқэҷодкунӣ, аз қабули Конститутсия то рушди маърифати ҳуқуқӣ ва рақамикунонии идоракунӣ як мантиқи ягона мушоҳида мешавад.

Дуюм, модели миллии Тоҷикистон ба ҳамоҳангии давлатдорӣ ва ҳуқуқ асос ёфтааст. Дар баъзе назарияҳои классикии ҳуқуқ давлат ва ҳуқуқ ҳамчун ду падидаи ба ҳам муқобил баррасӣ мешаванд. Дар таҷрибаи Тоҷикистон бошад, ҳуқуқ воситаи таҳкими давлатдорӣ ва давлат воситаи амалисозии ҳуқуқ арзёбӣ мегардад. Маҳз ҳамин ҳамгироӣ ба ҷумҳурӣ имкон дод, ки дар шароити баъд аз низои шаҳрвандӣ, ҳамзамон, ҳам суботи сиёсиро таъмин намояд ва ҳам пояҳои давлати ҳуқуқбунёдро устувор созад.

Сеюм, хусусияти муҳими модели миллӣ дар пайдарпайии сиёсати давлатӣ ифода меёбад. Агар таҳаввули қонунгузорӣ дар тули солҳои истиқлол таҳлил карда шавад, маълум мегардад, ки аксари ислоҳот хусусияти тасодуфӣ надоранд. Қабули Конститутсия, таҷдиди кодексҳо, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, рушди хидмати давлатӣ, таҳкими механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, қабули Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ ва густариши маърифати ҳуқуқӣ ҳамаи онҳо қисмҳои як сиёсати ягона мебошанд.

Чорум, модели миллии Тоҷикистон бо марҳалавӣ будани рушди институтҳои давлати ҳуқуқбунёд фарқ мекунад. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар ҳар як марҳалаи истиқлол давлат вазифаҳои мушаххасро ҳал намудааст. Солҳои 1992-1994 ба барқарор намудани давлатдорӣ ва қабули Конститутсия бахшида шуданд. Солҳои 1994-2000 ба ташаккули институтҳои асосии давлат равона гардиданд. Давраи солҳои 2000-2015 бо такмили фаъолияти онҳо ва рушди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тавсиф мешавад. Ниҳоят, солҳои 2015-2026 ба марҳалаи банақшагирии стратегии рушди ҳуқуқӣ ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ табдил ёфтанд. Ин пайдарпайӣ нишон медиҳад, ки ҳар як марҳалаи нав ба дастовардҳои марҳалаи қаблӣ такя кардааст.

Панҷум, яке аз хусусиятҳои муҳими модели миллӣ ҳамоҳангии сиёсати ҳуқуқӣ бо ҳадафҳои стратегии рушди давлат мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ ҳадафи мустақил нест. Он ба рушди иқтисодӣ, таҳкими соҳибкорӣ, таъмини амнияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди маориф, илм ва фарҳанг хидмат мекунад. Аз ин рӯ, ҳуқуқ дар сиёсати давлатӣ на танҳо вазифаи танзимкунанда, балки вазифаи рушддиҳанда низ дорад.

Таҳқиқ нишон медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлол модели миллии давлати ҳуқуқбунёд ташаккул ёфтааст. Хусусияти асосии он дар ҳамгироии арзишҳои конститутсионӣ, сиёсати пайгиронаи давлатии ҳуқуқӣ ва рушди марҳалавии институтҳои давлатӣ ифода меёбад.

Нақши Пешвои миллат дар ин раванд, пеш аз ҳама, дар ташаккули сиёсати стратегии ҳуқуқӣ, муайян намудани самтҳои асосии ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмин намудани пайдарпайии рушди институтҳои давлати ҳуқуқбунёд зоҳир гардид. Маҳз ҳамин пайдарпайӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар тули 35 соли истиқлол на танҳо низоми муосири қонунгузории миллӣ, балки модели устувори давлати ҳуқуқбунёдро ташаккул диҳад.

Бинобар ин, дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон бо итминон гуфт, ки дар кишвар на танҳо пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, балки мактаби миллии сиёсати давлатии ҳуқуқӣ низ ташаккул ёфтааст. Ин мактаб дар асоси Конститутсия, қонунгузории миллӣ, таҷрибаи пайгиронаи ислоҳоти давлатӣ ва сиёсати ҳуқуқии татбиқшуда ба вуҷуд омада, имрӯз ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат менамояд.

Асоси воқеии устувории давлатро, пеш аз ҳама, эҳтиром ба Конститутсия, волоияти ҳуқуқ, фаъолияти самараноки институтҳои давлатӣ, адолати судӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба қонун ташкил медиҳад. Ҳамин арзишҳо дар тули 35 соли истиқлол тадриҷан ба пояҳои воқеии давлатдории миллӣ табдил ёфта, имрӯз самти минбаъдаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян месозанд.

Аз ин рӯ, метавон ба чунин хулосаи ҷамъбастӣ расид, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошад. Ин дастовард натиҷаи ҳамоҳангии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории миллӣ, фаъолияти институтҳои давлатӣ, сиёсати пайгиронаи давлатии ҳуқуқӣ ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ имрӯз барои рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ, таҳкими волоияти ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам овардааст.

Шавкат ИСМОИЛОВ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон,

Корманди шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон