Ҳисор
1754 иншоот бо таъсиси 1001 ҷойи кор ба истифода дода шуд
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёди 1809 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз соҳибкорону шаҳрвандони саховатпеша дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 1754 иншоотро бо 1001 ҷойи кор ба истифода доданд, ки 97 фоизи нақшаи ҷашниро ташкил медиҳад. Дар иншооти боқӣ корҳои сохтмонӣ бо вусъат идома доранд.
Ин иттилоъро Ҷаббор Носирзода, раиси шаҳри Ҳисор, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон расонд.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 243,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар масоҳати 26195 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бунёд ёфтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 20661 метри мураббаъ зиёд аст.
Дар ин давра 4 корхонаи нав таъсис ёфт, маҳсулоти саноатӣ, нахи пахта, равғани рустанӣ, гӯшти мурғ, маҳсулоти ширӣ, сангу шағал аз нақша зиёд истеҳсол гардиданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР