Тамошои Муҳаммад Ҳасан Асадӣ аз Қалъаи Ҳисор
Раиси шаҳри Шерози Эрон Муҳаммад Ҳасан Асадӣ ва ҳайати ҳамроҳаш дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисорро тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги қадимии шаҳр шинос шуданд.
Иброз гардид, ки ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва муаррифии онҳо ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳӣ ва фарҳангии шаҳр мебошад.