ВАТАНИ ОЗОДИ МАН
Ба ифтихори 35-солагии
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Дарвоқеъ, Ватан ҷоест, ки хуни нофи мо дар он ҷо рехтааст ва ҳар шахси меҳандӯст он маъвои дилро гиромӣ медорад.
“Ҳар як шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳиби Ватан ва фарзанди миллат мешуморад, бояд бо сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе ҳатто шинондани дарахте аз худ нақше боқӣ гузорад. Сангеро аз сари роҳ дур афканад, дасти фитодае бигирад, бо амали шоиста номи худ ва номи миллатро баланд бардорад”, - иброз доштаанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пӯшида нест, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ душманони давлат ва миллат тавонистанд Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии бародаркуш кашанд. Дар он рӯзҳои даҳшатовар ҳазорон-ҳазор ҷавонони бегуноҳ қурбон шуда, мардуми зиёд бехонаву дар гашта, ҳайрону сарсон Ватанро тарк карда гуреза шуданд. Агар вазъият ҳамин тавр идома меёфт, шояд миллат пароканда мешуд. Дар он вазъияти ниҳоят мураккаб касе ҷуръат намекард, ки масъулияти идораи давлатро бар дӯш гирад. Хушбахтона, дар он лаҳзаҳои барои миллат ниҳоят душвор, бо инояти Парвардигор ҷавони хушқаду қомат, зебо, саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватану миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди майдони сиёсат гашта, ҷони худро дар хатар гузошта, зимоми давлатро ба даст гирифтанд. Баъд аз саъю талошҳои зиёд ба Сарвари ҷавони дили бузургдошта муяссар шуд, ки Тоҷикистон ва миллатро аз вартаи ҳалокат берун бароранд ва сулҳро дар кишвар барқарор созанд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат ва давлати тоҷикон аст.
Пешвои миллат ҳамеша бо халқ ва дар миёни халқанду хислати мардумӣ доранд. Ҷаноби Олӣ беҳтарин сифатҳоро аз мардум қабул намуда, ба халқ хидмат мекунанд.
Худо Сарвари давлатро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Дар ин умри 88-солаам аксар роҳбарони аввалро дидаам ва дар хотир дорам. Ҳама инсонҳои хуб буданд, вале касеро чун Эмомалӣ Раҳмон раҳмдилу халқдӯст ва ташаббускору ободкор дар сатҳи ҷаҳонӣ надидаам.
Имрӯз дарк кардам, ки барои чи Сарвари давлат ҳамеша аз сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ватан сухан мегӯянд, зеро Ватан ва халқи азизашонро сидқан дӯст медоранд. Ба ҳар хонадон сулҳ оварданд.
Мо, мардуми шарафманди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурии азизамон қарор дорему ҳамагӣ медонем, ки истиқлолият бароямон беҳтарин неъмат аст.
Дар оғӯши Ватан хуррамона ҳаёт ба сар мебарем. Меболем бо табиати зебо ва осмони мусаффои он. Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватаниро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем.
Истиқлол, озодӣ, Ватан тули садсолаҳо орзуи дастнораси гузаштагони мо буданд, ки насиби мо ва наслҳои оянда шуданд. 35 сол аст, ки аз ҳавои озодӣ, истиқлол нафас мекашем, дар муҳити соҳибихтиёрӣ зиндагӣ дорем, ки ҳама ба шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гаштаанд.
Сафаралӣ НАЗАРОВ,
раиси собиқадорони Ҷамоати
деҳоти Чагам, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин