Баргашт Чоп кардан

ОВОШИНОСИИ ПОРСӢ-ТОҶИКӢ ДАР РИСОЛАИ "МАХОРИҶ АЛ-ҲУРУФ"-И ИБНИ СИНО

ОВОШИНОСИИ ПОРСӢ-ТОҶИКӢ ДАР РИСОЛАИ

"МАХОРИҶ АЛ-ҲУРУФ"-И ИБНИ СИНО

То бузургдошти 1050-солагии яке аз саромадони андешаи миллии тоҷикону эрониён ва яке аз мутафаккирони фарҳехта ва шинохтаи ҷаҳон шайхурраис Абуалӣ ибни Синои Бухороӣ (980-1037) камтар аз се сол боқӣ мондааст. Омодагиҳо ва чорабиниҳо барои гузарондани ин ҷашни бузурги миллӣ дар сатҳи илм ва фарҳанги ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ бо назардошти аҳамият ва тангии вақти он барои илм ва фарҳангиёни тоҷик масъулияти баланди шаҳрвандиро талаб намуда, ба як вазифаи миллии ватандорӣ ва меҳанпарастӣ табдил ёфтааст.

Дар робита ба ҷашни бузургдошти мутафаккир мо дар ин мақола мақсад гузоштем, аз мероси мондагори ӯ дидгоҳи овошиносии Ибни Синоро нисбат ба забони модарии хеш– "забони порсии дарӣ", ки онро ба сурати равшан дар муқаддимаи асари ба забони модарӣ эҷоднамудаи худ "Донишнома" баён кардааст, як таҳқиқи мухтасар анҷом диҳем. Дар ин росто, худи шайхурраис мефармоянд: "Омад ба мани банда ва ходими даргоҳи вай… бояд, ки мар ходимони маҷлиси вайро китобе тасниф кунам ба "порсии дарӣ", ки дар вай аслҳо ва нуктаҳои панҷ илм аз илмҳои ҳикмати пешинагон гирд оварам ба ғояти ихтисор…" (Абуалӣ ибни Сино. Осор. Душанбе, "Дониш", 2005, с.171).

Азбаски мавзуи таҳқиқи мо, пеш аз ҳама, масъалаи забоншиносӣ ва фарҳангӣ мебошад, ишорат карданӣ ҳастем, ки забоншиносӣ (Linguistque) дар таърихи фарҳангии ҳар як миллат яке аз қадимтарин ва муҳимтарин илмҳои замон буда," забон барои ин илм объекти ягона ва асосии таҳқиқи он мебошад. Забоншиносӣ сохтори забон, амалкард ва пешрафти онро бо назардошти пайванди зичии он бо дигар сохторҳои фаъолияти инсон (чун ҷомеа, тафаккур, шуур, фарҳанг ва ғ.) меомӯзад. (Общее языкознание. Ф. М. Березин, Б. Н. Головин. М., "Просвещение", 1979, – С.30)

Ин илм дар ибтидои қарни XX аз ҷониби яке аз забоншиносони маъруфи ҷаҳон Фердинанд де Соссюр (1857- 1913) ҳамчун илми мустақил муайян гардида, дар замони кунунӣ ба бахшҳои мухталиф тақсим шудааст, ки овошиносӣ яке аз соҳаҳои муҳими онро ташкил медиҳад.

Ба ибораи дигар, илми овошиносӣ ва масъалаҳои асосии он аз даврони куҳан на танҳо мавриди баҳсу таҳқиқи забоншиносон, балки файласуфону ҳакимон низ қарор гирифта, онҳо низ дар зимни осори худ роҷеъ ба ҷанбаҳои мухталифи овоии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Дар таърихи илми классикии халқи тоҷик намунаи барҷастаи чунин муносибат ба забон ва забоншиносӣ дастовардҳои забонии мероси илмӣ ва фалсафии ҳакими бузург Абуалӣ ибни Сино мебошанд.

Мавриди ишорат аст, ки шайхурраис дар зимни асари бузургҳаҷми тиббии худ "Ал-Қонун фӣ ат-тиб" ва асарҳои фалсафии хеш "Китоб аш-шифо", "Китоб ан-наҷот", "Ал-Ҳикма ал-машриқийа", "Китоб ал-мусиқо ал-кабира" ва, махсусан дар рисолаи махсус бо номи "Махориҷ ал-ҳуруф ав асбоб ҳудус ал-ҳуруф" ("Махраҷҳои ҳарфҳо ё сабабҳои падид омадани онҳо"), фикру андешаҳои бикру арзишманд на танҳо дар бораи низоми овоии забони арабӣ, балки дар бораи вижагиҳои овозҳои забони порсӣ-тоҷикӣ низ баён кардааст.

Мо дар ин ҷо ба сурати бисёр мухтасар перомуни дидгоҳ ва муносибати шайхурраис ба овозҳои ҳамсадо ва садоноки забони порсӣ-тоҷикӣ дар рисолаи "Махориҷ ал-ҳуруф ав асбоб ҳудус ал-ҳуруф" (баъд аз ин "Махориҷ") як таҳқиқи мухтасар анҷом хоҳем дод. Аз ҷумла, дар ин ҷо мо фаслҳои чаҳоруми рисола зери унвони "Дар бораи сабабҳои ҷузъии ҳар як ҳарф аз ҳарфҳои забони арабӣ" ва фасли панҷуми ин рисола бо номи "Дар бораи ҳарфҳое, ки ба ин ҳарфҳо шабоҳат дошта, [вале дар забони арабӣ вуҷуд надоранд]"-ро мавриди таҳқиқ ва баҳс қарор додаем. (Рисолат асбоб ҳудус ал-хуруф лил-Шайх ар-Раис Абӣ Алӣ ибн Абдуллоҳ ибн Сино (370-428 ҳ.). Таҳқиқ Муҳаммад Ҳассон ат-Тайён ва Яҳё Мирилм. Димашқ, 1403 ҳ./1982 м., с.72-85, 86-92; 113-126, 127-132)

Мавриди ишорат аст, ки тарҷума ба забони тоҷикӣ ва таҳқиқи густурдаи забоншиносии ин рисолаи Ибни Синоро мо дар шакли монографияи алоҳида омода кардаем ва умедвор ҳастем, ки дар вақтҳои наздик ба дасти хонанда ва муҳаққиқи тоҷик бирасад.

"Махориҷ" ба таҳқиқи низоми овозҳои нутқи забони арабӣ бахшида шуда, аз ду ривоят ё худ аз ду муодил иборат аст. Ҳар ду ривоят аз якдигар фарқиятҳои андаки маъноӣ дошта, аз назари илмӣ якдигарро мукаммал менамоянд. Аз рӯйи табақабандие, ки шайхурраис дар муқаддимаи рисола овардааст, ӯ асарро ба шаш фасл тақсим намуда, дар бораи садонокҳо ва ҳамсадоҳои забони порсӣ-тоҷикӣ маълумот додааст, мавриди таҳқиқ қарор додаем.

Мавзуи садонокҳо дар рисолаи "Махориҷ". Аз масъалаҳои муҳими овошиносӣ, ки Ибни Сино дар рисолаи "Махориҷ" мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор додааст, шарҳу баёни садонокҳои дарози "о", "ӯ", "ӣ" ва садонокҳои кӯтоҳи "а", "у" ва "и"-и забони "порсӣ-тоҷикӣ мебошад. Масъалаи садонокҳоро Ибни Сино дар ҳар ду ривояти рисола дар охири фасли чаҳоруми он бо номи "Дар бораи сабабҳои ҷузъии ҳар як ҳарф аз ҳарфҳои забони арабӣ" мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла дар ривояти якуми рисола нисбат ба садоноки дарози "о" чунин мегӯяд: "Аммо садоноки дарози "о" (алифи мусаввита) ва хоҳараш "а" (фатҳа) гумон дорам, махраҷ (баромадгоҳ)-и "о"- и садонок ва хоҳари он "забар"(- а) аз роҳи бо нармӣ ва бе мамониат раҳо кардани ҳаво анҷом мепазирад (рисолаи "Махориҷ". С. 84).

(Идома дорад)

Саидраҳмон СУЛАЙМОНОВ, сарходими "Маркази синошиносӣ"-и Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ, профессори кафедраи филологияи араби ДМТ, доктори илмҳои суханшиносӣ