ПАНҶАКЕНТ
Рушди кишоварзӣ рушди иқтисод аст
Соҳаи кишоварзӣ дар рушди иқтисодии шаҳри Панҷакент нақши муҳим дорад. Истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири истеҳсолӣ ба рушди ин соҳа мусоидат мекунад. Дар ин раванд кишти такрорӣ, бунёди боғҳои нав ва гармхонаҳои муосир имконият медиҳанд, ки ҳар қитъаи замин самаранок истифода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардад.
Таҷрибаи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент нишон медиҳад, ки деҳқонон ва соҳибкорони маҳаллӣ барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва рушди истеҳсолоти кишоварзӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Дар ҳудуди деҳот имрӯз хоҷагиҳои калонҳаҷм ва деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранду онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори маҳаллӣ саҳм мегузоранд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кишоварзони ин деҳот ба роҳ мондани кишти такрорӣ мебошад. Чунонки раиси Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан Шавкат Ахмедов гуфт: “Соли равон дар деҳот дар майдони 703 гектар кишти такрорӣ гузаронда шуд. Пас аз ҷамъоварии ҳосили картошка, замин дубора мавриди истифода қарор гирифта, дар он зироатҳои гуногун, аз ҷумла сабзӣ (300 гектар), қаламфури булғорӣ, лаблабуи қанд, кишт карда шуданд”.
Картошка аз ҷумлаи зироатҳои муҳими кишоварзии деҳот мебошад. Соли равон, тибқи нақша, кишти картошка дар майдони 450 гектар пешбинӣ гардида, аз ҳар гектар вобаста ба шароити кишт ва нигоҳубини зироат аз 250 то 300 сентнер ҳосили картошка гирифта шудааст.
Дар деҳоти Халифа Ҳасан фаъолияти гармхонаҳо низ ба рушди соҳаи кишоварзӣ такони тоза бахшидааст. Дар деҳот гармхонаи «Моғиён-АГРО» фаъолият мекунад, ки дар он зироатҳои гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, гулкарам, кадуча ва қулфинай, парвариш мешаванд. Гуногунрангии маҳсулоти истеҳсолшаванда имкон медиҳад, ки талаботи бозор ба як қатор сабзавот ва маҳсулоти тару тоза таъмин гардад. Айни ҳол дар гармхонаи «Моғиён-АГРО» 23 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошад.
Дар деҳоти Халифа Ҳасан боғдорӣ низ рушд дорад. Соли равон дар ҳудуди деҳот 107 гектар боғи нав бунёд гардидааст, ки 1 гектари он боғи интенсивӣ мебошад. Бунёди чунин боғҳо яке аз роҳҳои самараноки истифодаи замин ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва гирифтани маҳсулоти босифат замина фароҳам меорад.
Таҷрибаи деҳоти Халифа Ҳасан нишон медиҳад, ки рушди кишоварзӣ танҳо ба зиёд кардани майдони кишт вобаста нест. Истифодаи оқилонаи замин, гирифтани ҳосили баланд, гузарондани кишти такрорӣ, бунёди боғҳои нав ва гармхонаҳо аз омилҳое мебошанд, ки метавонанд самаранокии соҳаи кишоварзиро бештар намоянд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”