Доир ба бузургӣ ва эҳтироми падару модар дар ояти бисту сеюми китоби муқаддаси мо Қуръони карим омадааст: “Бо падару модар накукорӣ кунед. Агар ба калонсолӣ бирасад яке аз онҳо ё ҳар ду, дар вақти хидматашон магӯ барояшон калимаи “уф”, дигар ин ки садо баланд макун (яъне бо овози баланд ба онҳо гуфтугӯ макун), балки бигӯ ба онҳо сухани нарм”.
Афсӯс, ки на ҳама аз рӯйи ин гуфтаҳои китоби муқаддас амал мекунанд. Ёде аз саргузашти тифлиҳои худ меорам. Мо дар оила чор бародар будем, додари хурдӣ панҷсола буд. Падар ба мо бисёр меҳрубон ва ягона сарпарасти мо буд, пайваста моро насиҳат мекард, ки хонед. Бо вуҷуди механизатори колхоз будан ва серкорӣ, барои назорати таҳсили мо вақт ҷудо мекард. Дар ёздаҳсолагиам падар мубталои дарде шуд. Дарди ӯро табибони он замон бедаво гуфтанд. Баъди ду сол ин дард ӯро аз по афтонд. Фалак бар мо раҳм накард, саршавии соли хониши мо дунёро падруд гуфт. Ба мо на молу мулк, балки хотираи нек, панду андарзи наҷиб ва номи ятимиро мерос гузошт. Вазнинтарин рӯзҳо ба сари мо омад. Мо чор ятими гирёну нолон мисли чӯҷаҳо дар гирди модар ҷамъ омадем. Акнун раҳнамои мо танҳо модари азиз буд. Ҳоло тасаввур мекунам, ки барои модарам ба воя расондани мо чи бори сангине буд. Рӯзи равшан дар назари ман, ки фарзанди калонӣ будам, шаби торро мемонд. Шояд ин аввалин санҷиши Худои меҳрубон аз мо буд.
Модар барои мо ҳам падар буду ҳам модар, ҳам сарпаноҳ. Модарам фақат як бародар дошт, ки ӯро қуввати дилаш медонист. Моро ва модарамро дилбардорӣ мекарду ба мо ёрдам дода меистод. Аз ҳисоби падарам нафақаи ночизе мегирифтем, ки фақат барои орду равған мерасиду бас. Ба ҳамин ҳам шукрона мекардем. Баъди як соли фавти падар ҳам фалак оромиш наёфт, он гӯё мири ғазаб шуд. Бародари модарам, ки ронанда буд, ба садамаи автомобилӣ дучор гардида, ба ҳалокат расид. Барои модарам ғам болои ғам омад.
Сарпаноҳи мо чор ятим ба ғайр аз Худои болои сар ва модар дигар ҳеҷ кас намонд. Бо дуои модар ва дилбардории ӯ қариб дар ҳамаи олимпиадаҳои фаннӣ, бахусус аз фанҳои математика ва физика, иштирок карда, соҳиби ифтихорнома ва диплом мешудем. Дилбардорӣ ва дилгармии модар буд, ки баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба факултети энергетикии Институти политехникии Тоҷикистон супурдам. Бо додарон машварат кардем, ки барои хурсанд кардани модар, мо бояд ҳама соҳиби маълумоти олӣ шавем.
Барои нангу ори мардӣ, хурсандии модар ва исботи қавли хештан ҳамчун аввалин ихтисосманди соҳаи энергетика маълумоти олӣ гирифтам ва дар колхоз мутахассис гардидам.
Додарҳо паси якдигар яке Институти педагогии Кӯлоб ва дуи дигар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм намуданд. Додарҳоям варзишгарони хуб ва чемпиони бисёркаратаи ҷумҳурӣ дар гӯштин шуданд. Баъди хатми институт ман дар шабакаҳои барқии Кӯлоб ба кор оғоз кардам. Якбора се донишҷӯро хонондан барои модар бисёр мушкил буд. Ҳамаи ин муваффақиятҳоро баракати дуои неки модарам медонам. Ҳақ аст сухани он бузурге, ки фармуда: “Фақат модар қодир аст, ки бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро ҷунбонад”.
Дар ин вақт модари бечора бемор гашт. Дар саршавии беморӣ маро хонадор кард. Он замон мо фарзанди яксола доштем. Ба сарам мушкилии сахт омад, зеро ҳам модарамро табобат бояд мекардам ва ҳам се додарро нигоҳубин.
Модарро пеши табибони хубе бурдам. Онҳо моро барои ташхис ба Душанбе равон карданд. Табиб баъди ташхис, дар алоҳидагӣ давъат намуда, гирифтори бемории саратони меъда шудани азизи моро хабар дод. Баъди шунидани ин хабари нохуш дар ҳолати беҳушӣ афтодам. Дареғо, ки дар он замон (аввали солҳои ҳаштодуми асри ХХ) илоҷи табобати ин намуди бемориро наёфта буданд. Вақте гуфтанд, ки азизтарин одами туро рӯзҳои башумори умр боқӣ мондааст, осмон гӯё омада ба замин часпид. Баъди ин ташхис модарамро ба хона овардам (ӯ аз хулосаи ташхис огоҳ набуд). Дар назди ӯ худро орому беташвиш вонамуд мекардам, аммо шаб то рӯз ашк дар чашмам намеистод. Модар рӯз ба рӯз харобу лоғар мешуд.
Шабҳои дароз китобҳои Абуалӣ ибни Синоро, ки ба хати кириллӣ чоп шуда буданд, дарёфт карда, меомӯхтам, фикр мекардам, шояд муъҷизае рух диҳаду бо ин ё он гиёҳ, дармон ба дарди меҳрубонтаринам шифо ёбам. Сад афсӯс, хоҳиши мо ба хости фалак мувофиқ намеояд.
Рӯзи аз ҳама ғамбору ҷонгудози ҳаётам – ҳашт феврали соли 1982 фаро расид. Пас аз маро дуо додан, модар дунёро падруд гуфт. Вовайло, фиғон ва садои гиряи ман ба фалак печид. Чаро модари ман бо ин ҳама ранҷе, ки кашидаст, ҳамагӣ 44 сол умр мебинад? Чӣ чора? Фарёди мо як сӯву иродаи Парвардигор як сӯ аст.
Ин боз як санҷиши вазнини фалак барои мо буд. Шукри беҳисоб, Худо ба мо сабри айюбиро ато кард. Баъди сари модар барои ман басо мушкил афтод, зеро ӯ маро дуо дода, васият кард, ки додарҳоятро босавод кун, таҳи қанотат гир, ки хор нашаванд. Қариб ҳамаи хоҳишҳои ӯро ба ҷо овардам. Ҳамаи додарҳо соҳиби маълумоти олӣ, вазифаҳои хуб ва эҳтироми мардум шуданд, вале модари азизи ранҷкашам чунин рӯзҳои пурсаодатро надид. Пайдост, ки ӯ барои хушбахтии мо умри ҷавонашро фидо намуд ва бори дигар муҳри тасдиқ зад, ки модар барои толеи хуҷастаи дигарон зиндагӣ мекунаду бас!
Нуралӣ ВАЛӢ, омӯзгори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур