ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ РОҒУН ва ноҳияи Файзобод
Ифтитоҳи бинои прокуратураи шаҳри Роғун
20-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ, ба хусус бо рафти бунёди иншооти бузурги аср – Неругоҳи «Роғун», ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳри Роғун Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси шаҳри Роғун ва фаъолон бо эҳтирому самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави прокуратураро ифтитоҳ намуданд.
Дар бинои нав 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлис бо 40 ҷойи нишаст, ошхона, толор барои варзиш ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуданд. Дар баробари таъмини шароити корӣ, ҳамчунин, дар иншоот ҳуҷраҳои зист низ барои кормандон муҳайё гардидаанд. Бино бо сифати баланди ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст ва ҳамчун туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи сазовори Ҷашни бузургу пуршукӯҳи миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои кормандони прокуратура арзёбӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои прокуратура ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Зимни суҳбат бо масъулин Пешвои миллат барои тақвият бахшидани фаъолият, назорати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба кормандон дастуру тавсияҳо доданд. Таъкид шуд, ки кормандони мақомоти прокуратура бояд вазифаҳои хидматии худро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардум иҷро намоянд. Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани шароити фаъолият ва мукаммалсозии инфрасохтор ба кормандони прокуратура дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти хуштарҳу замонавии хидматӣ ва истиқоматӣ ба истифода дода мешаванд.
Ифтитоҳи бинои нозироти андози шаҳри Роғун
20-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти нав барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти андоз инфрасохтори зарурӣ муҳайё гардидааст. Бинои нави нозироти андоз аз 10 ҳуҷраи корӣ, компютерӣ, машваратӣ, толори калони маҷлис бо 80 ҷойи нишаст, маркази хидматрасонӣ ба андозсупорандагон, инчунин китобхона, бойгонӣ, ҳуҷраҳои таҷҳизоти зиддисӯхтор ва техникӣ иборат аст. Тавре аён гардид, дар бинои нозироти андоз барои беҳсозии фаъолияти кормандон ва ворид кардани технологияҳои рақамӣ шароити хуби корӣ фароҳам гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани бинои наву муосири мақомоти андоз ба рушди инфрасохтори мақомоти мазкур нигаронда шуда, дар самти татбиқи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми муосири идоракунӣ ва рақамикунонии хидматрасониҳо ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Бинои нави нозироти андоз дар шаҳри Роғун дар доираи сиёсати созандагии Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, туҳфаи арзанда ба кормандони соҳа арзёбӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити кор дар бинои нави нозироти андоз ба сифати сохтмон баҳои баланд доданд.
Тариқи фосилавӣ 2 иншоот дар шаҳри Роғун ифтитоҳ шуд
20-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар кӯчаи ба номи Олим Карими шаҳраки Оби Гарм бинои нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осоишгоҳи асри 21» мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти нав дар шаҳраки Оби Гарм аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дорои ҳуҷраҳои табобатию истироҳатӣ, ҳавзҳои оби шифобахш, ошхона ва толори варзишӣ буда, барои қабули то 40 истироҳаткунанда дар як вақт пешбинӣ шудааст. Дар раванди сохтмон 21 нафар бо кори муваққатӣ таъмин гардид. Дар деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун бинои нави Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои 9 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва 19 ҳуҷраи истироҳатӣ мебошад.
Ҳоло техникаи роҳнигоҳдорӣ тавассути GPS назорат шуда, дар ояндаи наздик Муассиса ба низоми рақамӣ пайваст хоҳад шуд.
Боздид аз хобгоҳи бунёднамудаи
ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар Неругоҳи «Роғун»
20-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи «Роғун» аз хобгоҳи бунёднамудаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» боздид намуданд.
Хобгоҳи нав дар асоси меъёрҳои сохтмонӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зисту истироҳати кормандони ширкат сохта шуда, дар он 84 ҳуҷраи хоб мавҷуд аст. Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо лавозимоти зарурӣ таъмин буда, барои кормандон шароити муосири истиқомат фароҳам гаштааст. Бо мақсади таъмини бехатарӣ дар хобгоҳ камераҳои назоратӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ насб гардидаанд. Хобгоҳи нав дар мавзеи наздик ба қитъаи сохтмон бунёд ёфтаасту ба сарфаи вақти кормандон мусоидат менамояд. Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нави биноҳои иловагӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар оянда бунёд мегарданд, муаррифӣ шуд. Иттилоъ доданд, ки ҳамаи биноҳо то охири сол сохта ба истифода дода мешаванд.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин хобгоҳҳои наву замонавӣ, таъмини шароити арзанда ба кормандони ин иншооти азими аср дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандон ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати муҳандисону бунёдкорон даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамшуда ба сифати сохтмон ва иҷрои саривақтии масъулияташон диққати ҷиддӣ зоҳир созанд.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ дар Неругоҳи «Роғун», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
Боздид аз cарбанди Неругоҳи «Роғун»
Дар идомаи боздиди корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ шинос шуданд.
Сарбанди Неругоҳи «Роғун» аз қисмҳои ядро, филтрҳои минтақаи гузариши дуюм ва сеюм, призмаи такядевори поёнӣ, призмаи такядевори болоӣ, борсангҳои биефи болоӣ ва поёнӣ иборат буда, баъди пурра ба анҷом расидан бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди регусангӣ дар ҷаҳон хоҳад буд.
Бино ба иттилои мутахассисон, паҳноии сарбанд дар поёни он 1800 метр, паҳноии он дар боло 612 метр, паҳноии тахтапушти сарбанд 20 метр ва ҳаҷми умумии маводи дар сарбанд хобондашаванда 79 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Неруи тоза ва хастанопазири сохтмончиёну муҳандисон, садои баланди техникаву механизмҳои пуриқтидори муосир дар сарбанди Неругоҳ шаҳодати он аст, ки дар ин корзори бесобиқа раванди корҳои сохтмонӣ лаҳзае қатъ намегардад.
Корҳои сохтмонӣ дар сарбанд дар навбати аввал то баландии 1050 метр аз сатҳи баҳр шуруъ гардида, таҳкурсии ядрои сарбанд аз бетони кӯбидашуда бо ҳаҷми 293 ҳазору 446 метри мукааб, сементатсияи мустаҳкамкунандаи таҳкурсии ядро бо шумораи 3 ҳазору 359 чоҳ, сементатсияи пардаи оббанд бо шумораи 125 чоҳ бо чуқуриҳои аз 44 то 149 метр ба анҷом расидаанд.
Зимни мулоқоти қаблӣ бо муҳандисону бунёдкорони Неругоҳи «Роғун» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки корҳои бардоштани сарбанд дар соли 2026 ба баландии 1155 метр аз сатҳи баҳр ва пуркунии обанбор то сатҳи 1140 метр расонда шаванд.
Дар робита ба ин, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бунёди сарбанд тибқи дастур ва нақшаи кории тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, сарбанди Неругоҳ ба нуқтаи 1155 метр пеш аз муҳлат бардошта шуда, пуркунии обанбор дар муҳлатҳои наздик то ба сатҳи 1140 метр аз сатҳи баҳр расонда мешавад.
Неругоҳи «Роғун», ки ҷавобгӯи талаботи стандартҳои экологӣ, техникӣ ва бехатарист, ифтихори миллати созандаи тоҷик буда, иншабу рӯзҳо ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони кишвар дар ин майдони корзор меҳнат мекунанд ва бо ғурури рустамона ҷиҳати дар фурсати муайян ба истифода додани ин иншооти гидроэнергетикӣ заҳмат мекашанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр бо раванди корҳои сохтмонӣ дар назди баромадгоҳи нақби нақлиётии 9 ба сӯйи сарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар минтақаи сарбанди Неругоҳи «Роғун» кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми муосир ба он сафарбар гардидааст.
Зимни суҳбат бо кормандони муҳандисию техникии Неругоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар иҷрои корҳои сохтмонии сарбанд сифати кор ва риояи ҳатмии стандартҳои байналмилалӣ дар мадди аввал гузошта шаванд, зеро рисолати ватандӯстона ва бунёдкоронае, ки имрӯз бо нангу номуси миллӣ ва иродаи шикастнопазир анҷом дода мешавад, барои садсолаҳо ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ гардидааст.
Зимни боздид аз Неругоҳи «Роғун», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ карданд.
Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ
дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ аз ҷараёни корҳо дар нақби нақлиётии 39 боздид намуданд.
Нақби нақлиётии 39 яке аз иншооти муҳими Неругоҳи «Роғун» буда, барои таъмин намудани дастрасии нақлиёт аз соҳили рост ба қисми поёнии маҷмааи Неругоҳ, ҳам дар давраи сохтмон ва ҳам дар давраи истифодабарии Неругоҳ пешбинӣ шудааст.
Тибқи маҷмуи нақшаҳои корӣ дарозии трассаи асосии нақб 2 ҳазору 192 метрро ташкил медиҳад. Аз рӯи профили тулонӣ ва нақшаи умумӣ, нақб аз қисми болоӣ дар сатҳи 1320 метр оғоз гардида, тадриҷан поён меравад ва ба қисми поёнии Неругоҳ дар сатҳи 1160 метр мерасад.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, лоиҳаи нақби обпартои сатҳи болоӣ, ки дарозии он 953 метрро дар бар мегирад, муаррифӣ шуд. Тибқи лоиҳа пайвастшавии нақби мошингарди 39 бо нақби 23 ва дигар коркардҳои зеризаминии маҷмаа ба назар гирифта шудааст. Вазифаи асосии нақби нақлиётии Т-39 таъмин намудани роҳи мустақим ва боэътимоди нақлиётӣ байни соҳили рост ва иншооти қисми поёнии Неругоҳи «Роғун», аз ҷумла барои интиқоли техника, таҷҳизот, мавод ва хидматрасонии иншоот дар давраи сохтмон ва дар давраи истифодабарии Неругоҳ мебошад.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз Неругоҳи «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар обқабулкунаки асосӣ дар баландиҳои 1172 ва 1300 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд.
Вазифаи обқабулкунаки асосӣ вобаста ба сатҳи оби обанбор аз се зина ворид намудани об ба нақбҳои обрасон ва таъмини интиқоли боэътимоди он ба агрегатҳо мебошад. Ҳамзамон, ин иншоот барои мустаҳкам нигоҳ доштани қабати кӯҳпора ва пешгирӣ намудани кӯчиши ҷинсҳои кӯҳӣ баъди пур гардидани обанбор аҳамияти баланд дорад.
Низоми обрасонии Неругоҳ низ ба талаботи баланди муҳандисӣ мутобиқ карда мешавад. Оби аз обанбор ба ҷониби агрегатҳо равонашаванда барои агрегатҳои рақамҳои 3 ва 4 аз баландии 1152 метр ва барои агрегатҳои рақамҳои 1, 2, 5 ва 6 аз баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр ба нақбҳои обрасон ворид мегардад.
Яке аз самтҳои муҳими корҳои сохтмонӣ дар соли равон ба хобондани бетони конструктивӣ дар мавзеи даромадгоҳи нақбҳои обрасони рақамҳои 3 ва 4 марбут мебошад. То 1-уми августи соли 2026 дар ин қитъа 10 ҳазору 367 метри мукааб бетон хобонда шудааст. Ҷараёни босуръати корҳои сохтмонӣ дар обқабулкунаки асосӣ бозгӯи сатҳи баланди корҳои муҳандисиву техникӣ ва истифодаи имкониятҳои муосири сохтмонӣ дар бунёди ин иншооти азими аср мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки асосӣ ба коргарон дастур доданд, ки барои сари вақт ва босифат ба анҷом расондани марҳалаҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Боздиди кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмони шахтаҳои дарвозаҳои таъмирӣ ва асосии обқабулкунаки доимӣ дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр идома ёфт.
Сарвари давлат дар шахтаи рақами 4 бо мутахассисону коргарони ин қитъа, ки аксарияташон коргарони Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак мебошанд, суҳбати самимӣ анҷом доданд. Зикр гардид, ки ҳоло дар Неругоҳи «Роғун» зиёда аз 1500 мутахассиси Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак фаъолияти пурсамар дорад.
Зимни муаррифӣ зикр гашт, ки техникаву механизмҳои пуриқтидори борбардор, боркаш ва худфарор бо як маротиба барқ пур кардан то 8 соат кор мекунанд ва ин аввалин таҷрибаи судбахш барои сарфаи сӯзишворӣ дар иншоот мебошад. Иттилоъ доданд, ки ҳоло дар қисми болоӣ ва зеризаминии шахтаҳо корҳои арматурабандӣ ва бетонрезии конструктивӣ дар ду баст идома доранд.
Тибқи лоиҳа дар ин ҷо дар масоҳати умумии 2500 метри мураббаъ барои гидроагрегатҳои Неругоҳ як роҳи мустақили обгузар, маҷмааи обқабулкунаки доимӣ бо 6 шахтаи дарвозаҳо сохта мешаванд. Дар асоси дурнамо барои бунёди шахтаҳои дарвозаҳои таъмирӣ ва асосии обқабулкунаки доимии Неругоҳ 65 ҳазор метри мураббаъ бетон ва тақрибан 5,5 ҳазор тонна арматура истифода хоҳанд шуд. То ин вақт дар ин қитъа 33 фоизи корҳо иҷро гардидаанд. Баъди анҷоми сохтмони иншоот, шахтаҳо барои идора ва дар ҳолати зарурӣ пурра бастани нақби обрави зери фишори ҳар як гидроагрегат, таъмини имконияти азназаргузаронӣ, таъмири нақбҳо ва ҳифзи таҷҳизоти Неругоҳ дар ҳолатҳои садамавӣ хидмат хоҳанд кард.
Дар идомаи боздиди корӣ аз иншооти гуногуни Неругоҳи «Роғун» раванди корҳои сохтмонӣ дар кони №17, нақби сохтмонии қабати чорум ва нақбҳои обпартои болоӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Шиносоии Пешвои миллат бо рафти корҳои истеҳсоливу сохтмонӣ дар ин иншоот аз дидбонгоҳи кони №17 оғоз ёфт. Тибқи маълумот, ҳоло дар кони №17 ҳафт корхона фаъолият дошта, иқтидори коркард ва истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла гилхок, рег ва сангреза, дар як шабонарӯз аз 10 то 12 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
Фаъолияти шабонарӯзии корхонаҳои коркард дар кони №17 барои таъмин намудани захираи зарурии масолеҳ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти мавриди истифода дар сохтмони сарбанди Неругоҳ заминаи муҳим мегузорад.
Тибқи маълумот, нақби сохтмонии қабати чорум қобилияти гузарондани то 3500 метри мукааб обро дар як сония дорад. Аз ин рӯ, таъмини ҳаракати бехатар ва идорашавандаи чунин ҳаҷми бузурги об аз талаботи муҳими техникии иншоот ба ҳисоб меравад.
Иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим барои таъмини бехатарӣ, устуворӣ ва фаъолияти самараноки Неругоҳ аҳамияти калидӣ дошта, аз ҷумлаи самтҳои муҳими раванди бунёди ин иншооти бузурги энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Неругоҳи «Роғун» аз ҷараёни корҳо дар ҳавзи мавҷшикани нақбҳои обпартои соҳили рости Неругоҳи «Роғун» дидан намуданд.
Ҳавзи мавҷшикан яке аз иншооти маҷмааи обпартои соҳили рости Неругоҳи «Роғун» буда, барои қабули ҷараёнҳои баландсуръати об аз нақбҳои сохтмонии СТ-4А ва СТ-4Б, нақби обпартои сатҳи болоӣ ТВВУ-1 ва нақбҳои обпартои ТВП-1 ва ТВП-2, паст намудани энергияи ҷараён ва фароҳам овардани шароити бехатари воридшавии об ба маҷрои дарёи Вахш пешбинӣ шудааст. Геометрияи ҳавз бо дарназардошти траекторияи фаввораҳои об, натиҷаҳои озмоишҳои модели физикӣ, ҳисобҳои математикӣ ва эҳтимолияти шусташавии маҷро муайян гардидааст.
Мувофиқи лоиҳа, омодасозии ҳавзи мавҷшикан дар ду навбат пешбинӣ гардида, қисми асосии он то сатҳи 945 метр поён бурда мешавад. Мустаҳкамсозии соҳили рост бо дарназардошти ҷараёни максималии ҳисобии 1 ҳазору 750 метри мукааб дар сония муайян шудааст. Барои таъмини бехатарӣ пояи нишебии соҳили рост на камтар аз 20 метр ва соҳили чап тақрибан 20-30 метр аз нуқтаи бархӯрди фаввораи ҳисобии об дуртар ҷойгир карда шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тибқи ҳисобҳои гидравликӣ, худи ҳавзи мавҷшикан ҳамчун иншооти энергияфурӯбаранда ва минтақаи идорашавандаи шусташавӣ амал намуда, барои паст намудани таъсири ҷараёнҳои пуриқтидори об ва таъмини устувории соҳилҳо пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ҷараёни корҳои минбаъда ба сифати корҳо, устувории нишебиҳо, мустаҳкамкунии соҳилҳо ва таъмини бехатарии иншооти қисми поёнии Неругоҳ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизоти гидромеханикии дарвозаҳои асосӣ ва таъмирии СТ-4 Неругоҳи «Роғун» дидан намуданд. Камера ва бинои идоракунии дарвозаҳои садамавӣ-таъмирӣ ва асосии СТ-4 (нақби сохтмонии қабати 4-ум) яке аз иншооти муҳими гидротехникии зеризаминии соҳили рости Неругоҳи «Роғун» ба ҳисоб рафта, барои идора ва танзими ҷараёни об, бастани қисмҳои обгузари нақб дар ҳолатҳои садамавӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои азназаргузаронӣ, таъмир ва хидматрасонии таҷҳизоти гидромеханикӣ пешбинӣ гардидааст.
Нақби сохтмонии СТ-4 барои гузарондани обҳои селобии дарёи Вахш дар давраи сохтмони сарбанд ва иншооти асосии Неругоҳ пешбинӣ шуда, остонаи обқабулкунаки он дар сатҳи 1090 метр ҷойгир мебошад. Қобилияти максималии обгузаронии нақб 3500 метри мукааб дар сония буда, таҷҳизоти гидромеханикии он барои кор дар шароити фишори об то тақрибан 150 метр тарҳрезӣ шудааст.
Чор дарвозаи радиалии корӣ таҷҳизоти асосии танзимкунандаи СТ-4 мебошад. Онҳо барои пурра ё қисман кушодани гузаргоҳҳо, танзими сарфи об ба поёноб, нигоҳ доштани сатҳи муайяни оби болооб ва дар ҳолати зарурӣ бастани гузаргоҳ истифода мешаванд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои чор маҷмуи дарвозаҳои радиалӣ низоми ягонаи барқтаъминкунӣ пешбинӣ гаштааст.
Дар сурати қатъ гардидани таъминот аз манбаи асосӣ, система ба таври автоматӣ ба манбаи захиравӣ мегузарад. Ҳамзамон, маълумот оид ба манбаи амалкунандаи барқ ба системаи диспетчерии Неругоҳ интиқол дода мешавад. Дар маҷмуъ, камера ва бинои идоракунии дарвозаҳои СТ-4 маҷмааи мураккаби зеризаминии гидротехникӣ ва автоматишуда мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки иҷрои корҳои ҳаҷман бузурги сохтмонӣ дар шароити мураккаби зеризаминӣ натиҷаи истифодаи таҷрибаи пешрафта, технологияи муосир ва заҳмати мутахассисони ватанӣ буда, зарур аст, ки барои боз ҳам бо сифат ва сари вақт иҷро намудани корҳои бунёдӣ талоши бештар варзида шавад.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ дар Неругоҳи «Роғун», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун»
21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои даврони 35-соли соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла бунёду таҷдиди ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилаливу дохилӣ, неругоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ёдовар шуда, ҳамаи иштирокдорони вохӯриро бо солгарди ин Ҷашни умумимиллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода аз рӯйи натиҷаи корҳо гузориш дод.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11
дар ноҳияи Файзобод
21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар арафаи оғози соли нави таҳсил туҳфаи арзанда барои омӯзгорону хонандагони ин Муассиса арзёбӣ гардид.
Иншоот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби ҶДММ «Шаффоф» бо ҷалби зиёда аз 180 сокини маҳаллӣ дар муҳлати беш аз як сол бо сифати баланд ба анҷом расонда шуданд.
Муассиса аз се бинои ду ва сеошёна иборат буда, дорои 57 синфхонаи замонавӣ ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад. Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла барои фанҳои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология ва воситаҳои муосир муҷаҳҳаз карда шудаанд. Дар ин боргоҳи илму маърифат 44 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Муассиса, ҳамчунин, дорои ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи хидматрасонии тиббӣ, ошхона, маҷлисгоҳ бо 430 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ барои машқу тамрини футбол, волейбол ва баскетбол мебошад. Дар ҳудуди Муассисаи таълимӣ, ҳамзамон, майдончаи варзишии масоҳаташ 650 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои хуб дода, омӯзгоронро ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати хонандагон ҳидоят карданд.
Таъкид гардид, ки ба истифода додани Муассисаи таълимӣ, бешубҳа, ба баланд гардидани сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат намуда, барои рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии насли наврас заминаи воқеӣ мегузорад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Файзобод сохтмон ва ба истифода додани мактабҳои нав ва биноҳои иловагӣ идома доранд.
Тариқи фосилавӣ ифтитоҳи 6 иншоот дар ноҳияи Файзобод
21-уми август зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод пас аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11, як қатор иншооти соҳаи маориф фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар ин радиф, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас, рушди таҳсилоти томактабӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакон ба зинаи ибтидоии таълимӣ се маркази инкишофи барвақтии кӯдак, ки дар маҳалҳои дурдасти ноҳияи Файзобод бунёд гардидаанд, ба истифода дода шуд.
Яке аз чунин иншоот дар деҳаи Сари Сафедхоки деҳоти Чашмасор бунёд гардида, дар он барои фарогирии 50 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Маркази мазкур дорои 6 ҳуҷра ва 2 гурӯҳи таълимӣ мебошад. Ҳамчунин, дар саҳни он барои бозиҳои кӯдакона, машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва фароғати кӯдакон майдончаи варзишӣ бунёд гардидааст.
Маркази дуюм дар деҳаи Шерамони деҳоти Меҳробод, ки аз ҷумлаи маҳалҳои дурдасти ноҳия ба ҳисоб меравад, сохта шуда, барои фарогирии 50 кӯдак пешбинӣ шудааст. Муассиса дорои 6 ҳуҷра ва 2 гурӯҳи таълимӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар деҳаи Заркамари шаҳраки 30-солагии Истиқлол низ маркази инкишофи барвақтии кӯдак ба истифода дода шуд, ки аз бинои якошёна иборат буда, дорои 6 ҳуҷра ва 2 гурӯҳ мебошад ва барои қабули зиёда аз 50 кӯдак пешбинӣ гаштааст.
Ҳамин тариқ, бо мавриди истифода қарор гирифтани се маркази инкишофи барвақтии кӯдак дар маҷмуъ, барои 150 нафар имконияти фарогирӣ бо таълиму тарбия дар муҳити муносиб ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир фароҳам оварда шуд.
Таъсиси чунин марказҳо дар деҳаҳои дурдасти кишвар аз таваҷҷуҳи пайваста ва махсуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои кӯдакон сарчашма мегирад.
Марказҳои инкишофи кӯдак дар рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва маънавии наврасон, ташаккули малакаҳои ибтидоии омӯзишӣ ва омодасозии онҳо ба таҳсилоти минбаъда нақши муҳим доранд.
Марказҳои мазкур дар ноҳияи Файзобод дар доираи лоиҳаи рушди барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон бунёд гардида, ба рушди зинаи ибтидоии низоми маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари таълимӣ барои кӯдакон равона шудаанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти соҳаи маориф шароити таълиму тарбия барои кӯдакони деҳоти дурдаст боз ҳам беҳтар гардида, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба хидматрасониҳои таҳсилоти томактабӣ васеъ мегардад ва барои омодасозии насли соҳибмаърифату донишманд заминаи дилхоҳ эҷод мегардад.
Муаррифии 4 лоиҳа ва тақдими хонаҳои истиқоматӣ
дар ноҳияи Файзобод
Ҳамчунин, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид.
Аз ҷумла, лоиҳаи Маркази ташхисию табобатии «Сино Мед», ки дар маркази ноҳия бунёд мегардад, пешниҳод шуд. Марказ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Убайдулло Розиқзода бунёд гашта, барои фароҳам овардани шароити муосири ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонии тиббӣ, таъсиси 80 ҷойи корӣ ва ҷой додани 40 кати хоб пешбинӣ шуда, ҷойгир намудани ҳуҷраҳои ташхисӣ, табобатӣ ва дигар бахшҳои зарурии тиббӣ дар нақша аст. Барои фаъолияти муассиса таҷҳизоти муосири тиббӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Амалӣ шудани лоиҳа барои дастрасии аҳолии ноҳия ва минтақаҳои атроф ба хидматрасониҳои муосири тиббӣ имкониятҳои бештар фароҳам хоҳад овард.
Лоиҳаи сохтмони Боғчаи кӯдаконаи «Оиша» барои 100 ҷой дар деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод низ муаррифӣ гардид. Муассиса дар асоси роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шуда, барои фароҳам овардани муҳити муносибу замонавӣ барои тарбияи насли наврас пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи корхонаи истеҳсоли шарбат ва нӯшокиҳои солими «Nushīn Juice» аз дигар тарҳҳои муаррифишуда буд. Корхона бо истифода аз иқтидорҳои муосири истеҳсолӣ барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни нӯшокӣ пешбинӣ шуда, дар баробари рушди истеҳсолоти ватанӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, лоиҳаи сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 480 ҷойи нишаст дар деҳаи Орифони ноҳияи Файзобод пешниҳод гардид. Муассисаи нав бо синфхонаҳои замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ бунёд гардида, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани имконияти мусоиди таҳсил барои хонандагон замина мегузорад.
Дар доираи тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Каримзода Манучеҳр ба 4 ятим, 2 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 1 варзишгар хонаҳои истиқоматии дуҳуҷрагӣ тақдим гардид. Ятимон аз ҷониби хонаводаи Бобо Каримзода ба фарзандӣ қабул шудаанд. Ин оила тасмим гирифтааст, ки онҳоро бо ҷойи истиқомат, таҳсилу касбомӯзӣ таъмин намуда, оиладор карда, ба ҳаёти мустақилона омода созад. Ин иқдоми хайрхоҳона намунаи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмиву ғамхорӣ ба шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.
Татбиқи чунин лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва иқдомҳои созандаву хайрхоҳона дар ноҳияи Файзобод бозгӯи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа буда, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар ноҳияи Файзобод
21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
Намоишгоҳ, ки бо тарҳи ҷолибу диданӣ ороста гардида буд, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсули заҳмати пайвастаи деҳқонону кишоварзон ва ҳунари волои занону кадбонуҳои ноҳияро ба таври возеҳ инъикос мекард.
Дар он маҳсули меҳнати ризқофарони ноҳия, аз қабили сабзавоту анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консервӣ, полизӣ, ғалладонагию лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар маъраз буд. Ин неъматҳо натиҷаи истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ, обу ҳавои мусоид, заминҳои ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат буда, аз таҷрибаи ғании кишоварзони ноҳия шаҳодат медиҳанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 11 ҳазору 370 гектар расондаанд. Дар ин раванд ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладона, лӯбиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полизӣ, ки иқлими ноҳия барои парвариши онҳо мусоид мебошад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шудааст. Ҳамзамон, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, аз ҷумла помидори навъи машҳури гулобӣ, ҷуворимакка барои дон, қаланфури булғорӣ ва лӯбиёгиҳо, ки аз кишти такрорӣ ба даст омадаанд, дар майдони 240 гектар идома дорад.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмуъ, симои воқеии заҳмати аҳолии деҳот, фаровонии дастархони сокинон ва имкониятҳои васеи ноҳияи Файзободро дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ таҷассум мекунад.
Дар баробари маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия низ ба таври густурда пешниҳод гардид. Анвои гуногуни нон, фатир, кулча ва таомҳои суннатӣ, ки бо завқи хос омода ва оро дода шуда буданд, бозгӯи ҳунари волои мардум, завқи баланди занону модарон ва заҳмати аҳлонаи онҳо мебошанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба масъулини соҳа ва кишоварзони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ барои тирамоҳу зимистон, васеъ намудани масоҳати боғу токзор ва дар муҳлати муайянгардида бо истифода аз тухмиҳои серҳосили минтақа гузарондани кишти тирамоҳӣ дастуру тавсияҳо доданд.
www.president.tj