Баргашт Чоп кардан

НОМАИ СИПОС

НОМАИ СИПОС

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори бозшавии шоҳроҳи Дарвоз-Ванҷ

Дуруд, эй Пешвои миллати ман!

Дуруд, эй раҳкушои миллати ман!

Туро чун муҷиби бахту саодат

Худо дод аз барои миллати ман!

Чу роҳи сулҳро ҳамвор кардӣ,

Нахуфтию ҳамора кор кардӣ!

Гирифта каштали ин кӯҳи хоро,

Ту панҷа нарм бо куҳсор кардӣ.

Ба зарба шаҳраги ҷонаш буридӣ,

Даридӣ, синаи сангаш даридӣ.

Ватан Ширину ту Фарҳоди дерин,

Вале ту бар муроди худ расидӣ!

Кунун пайроҳаи пурбими Ванҷам,

Шуда шаҳроҳ сӯи симу ганҷам.

Чу пояндози сабзи махмалин шуд

Раҳе, ки солҳо медод ранҷам.

Сипос, эй Пешвои миллати ман!

Сипос, эй раҳкушои миллати ман!

Чу куҳсори Ватан поянда бошӣ,

Ба номат қуллаи оянда бошӣ!

Нуқраи СУННАТНИЁ,

барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода